Сада чун Наврӯзу Меҳргон иди қадимаи мардуми форсизабон буда, дар даврони куҳан хеле пуршукӯҳ, бо шодию оташафрӯзӣ, рақсу тарона, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ, Байҳақӣ ва дигарон оид ба он маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.
Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин — Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш паи шикор ба кӯҳсор меравад. Даҳуми моҳи баҳман будааст (баробари 29 январ). Фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшид. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд. Ногаҳ аз пеши шикорчиён мори калони сиёҳе мебарояд, ки гирди санги сиёҳе ҳалқа зада, шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузошта, истироҳат дошт. Шикорчиёни пешрав морро дида, ба Ҳушанг хабар мерасонанд. Шоҳ, ки марди қавипайкари паҳлавоне буд, беибо санги калонеро бардошта, морро нишон мегирад. Мор низ аз пайдо гаштани душманони ногаҳонӣ тани худро ноилоҷ аз гармии санг раҳо намуда, забони суп-сурху чашмони оташини ҳаросонашро ба ҳарифонаш намоиш дода, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато рафта, ба санги сипари мор бармехӯрад. Ҳамин лаҳза гӯё раъду барқе садо додаю озарахше шуъла пошида бошад, алангае атрофи санг сар мезанад. Шуълаи фавворазада дар як лаҳза хасу хасрӯбаҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомӯш гашт. Сипоҳиёни ҳайрон саволомез ба шоҳ менигаристанд. Ҳушанг аз онҳо бештар ҳайрон гашта бошад ҳам, ғурур ва шаҳомати шоҳонаи худро нигоҳ медошт. Шоҳ бо инояти фарри яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва умуман дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй дод. Аммо ҳанӯз то ба охир дарк карда наметавонист, ки чӣ ҳодисае.
Ҳушанг ба назди хасу хошоки хокистаршуда рафт. Аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонид. Чанги сиёҳе бархост. Бо пояш палмосид, гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони сиёҳгашта қадам гузошт. Гармии бештаре ҳис карду пояш сӯхт. Қафо гашту боз санге гирифта, болои майдони сиёҳӣ партофт. Чанг хест. Аз ғазаби он, ки моҳияти воқеаи рӯйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигареро гирифта, сӯи санглох андохт, боз оташаке шуъла зад, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои аланга чӯбе партофт. Чӯб сӯхт ва аланга баландтар забона зад».
Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг гуфт: «Ин шуоъ фурӯғи Худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва парастем». Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт. Ба ин муносибат Фирдавсӣ гуфтааст:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тирагун тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри Каёнӣ раҳонид зи даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг …
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар ин ривоят муҳим он аст, ки аҷдоди гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.
Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар китоби дигаре бар иловаи гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Ӯ дар «Китоб-ут-тафҳим» оид ба Сада чунин менигорад: «… дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он шароб хӯранду рақсу шодӣ кунанд…».
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».
Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдоди қадимаамон ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯзро ташкил мекунад ва рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза), ин сана ба 29 январ-рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд.
Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳе оташ афрӯхтан, аловгардонии келину домод, аз болои оташ паридан дар шомгоҳи рӯзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва чароғ равшан кардан дар мазористон, ҳангоми маросими мушкилкушо ё оши бибиҳо, боқӣ мондааст. Аммо ин анъанаҳои хурофотиянд, ки аксари онҳо бо иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз он иди куҳан нишонаанд.
Ҷашни Сада то давраи қабули дини мубини ислом дар Эронзамин васеъ ҷорӣ буд, вале оҳиста-оҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн рафт. Ҳокимону шоҳон меоянду мераванд, аммо суннатҳои дар дили халқ ҷойгирифта ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд, Анъанаҳо, расму русум аз насл ба насл мегузаранд ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд. Мардуми мо ва мардуми кишварҳои дуру наздики ҳамсоя то имрӯз оташро муқаддас дониста, дар тантанаи хатнаи фарзандон оташ мефурӯзанд ва атрофи он рақсу таронахонӣ мекунанд, зери чодари арӯсу домод шамъ мегиронанд, ба хотири арвоҳи фавтидагон хонаро шабонгоҳон фурӯзон нигоҳ медоранд ва баъзе табибон беморро дар атрофи оташ давр мезанонанд ва ғайраҳо, ки ин ҳама эҳтимол, аз оғози ҷашни Сада маншаъ бигирад.
Таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои аҷдодӣ навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва хоса, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон.
Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагон «Ҷашнҳои сегона» номидаанд. Ин идҳои суннатии эронинажодон аст ва ҳар яке дар заминаи воқеаҳои нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро доранд. Сада ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷойи олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам ҳосили заҳмати хешро афзун гардондаанд. Сада омодагӣ ба киштукори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар гирду атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зиддди касалию ҳашарот сурат мегиранд. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мебинад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашни аҷдодии Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст.
Салимзода Амонулло Файзулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур