Қасидаи об

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

обБа истиқбол аз қабули Қатъномаи СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028», 30 ноябри соли 2016

Ташна медонад, ки қадри об чист,

Хаста медонад, ки қадри хоб чист.

 

Чун замин сайёраҳо кам нестанд,

Баски беобанд, хуррам нестанд,

 

Ҳаст моро ҳар чие, аз об ҳаст,

Об беҳад гавҳари ноёб ҳаст.

 

Об ҳасту зиндагонӣ мекунем,

Дар заминҳо деҳқонӣ мекунем.

 

Даштҳоро обёрӣ мекунем,

Ғаллакорӣ, боғдорӣ мекунем.

 

Зиндагиро пеш бурда бомаром,

Комронӣ дошта бо завқи том.

 

Бахту шодӣ ҳаст ҷое об ҳаст,

Хуррам он мулке, агар шодоб ҳаст.

 

Ҷон бигӯем обро, бовар кунед,

Шукри хоку оби ин кишвар кунед.

 

Ҷон бигӯем обро арзанда  аст,

Чун табиат низ бо он зинда аст.

 

Ҷон бигӯем обро, ин нест бас,

Балки он волотар аст аз ҷони кас.

 

Чунки бе он ҷони ширин нест, нест,

Зиндагӣ бе оби ширин нест, нест.

 

Шукри оне, кофӣ дорем об мо,

Чашмаҳою ҷӯйҳо сероб мо.

 

Рӯдҳои обҳои босафо,

Кӯҳҳои барфпӯши то само.

 

Хоки меҳан сурмаи чашмон кунем,

Ҳифз онро бо дилу бо ҷон кунем.

 

Ҳолате моро Худованд офарид,

Ҳеҷ Ӯ бо чашми кам моро  надид.

 

Пас ба қадри ин ҳама бояд расид,

Даст мебояд зи бадкорӣ кашид

 

Дӯст бояд, ки ба ҳам бошем сахт,

Ҷамъ ҳамчун шохаҳои як дарахт.

 

Дӯстӣ зеро саодат оварад,

Роҳи моро сӯи ваҳдат оварад.

 

Занг аз дилҳои мардум мебарад,

Файзу шодию  фароғат оварад.

 

«Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

 

Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,

Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос».

 

Иқтидори мост андар дӯстӣ,

Ҳар барори мост андар дӯстӣ.

 

Ҷангҳоро байни ҳам барҳам занем,

То қадам озод дар олам  занем.

 

Хавф моро чун силоҳи ҳастаист,

Кош мегашт он тамоман нест, нест.

 

Маҳв бояд ин силаҳ созем зуд,

Бо талошу саъйҳои беҳудуд.

 

Варна рӯзе қир яксар мешавем,

Нест мо аз рӯи меҳвар мешавем.

 

Маҳв моро, маҳв моро мекунад,

Даҳшатистон ин сароро мекунад.

 

Зулм бар ҷону тани худ мекунем,

Хештанро балки нобуд мекунем.

 

З – ихтирои худ пушаймон Эйнштейн,

Зору ҳайрон, мурд нолон Эйнштейн.

 

Боваре кай дошт ӯ, бадхоҳҳо,

Гушначашму сахт дунёхоҳҳо.

 

Ҳастаиро чун силоҳи қатли ом,

 Истифода мекунанд аз фикри хом.

 

Дар Хиросима, Нагасаки Ҷопон,

Дӯзахеро карда қоим бар касон.

 

Беҳтар оне, ки накукорӣ кунем,

Олами худро чу гулзоре кунем.

 

Боз ҳам обод дунёро кунем.

Фикри ободии фардоро кунем.

 

Мо ҳама зеро зи як сайёраем,

Нозпарвардони як гаҳвораем.

 

Мо ҳама фарзанди зоти Одамем,

Чандрӯза меҳмони оламем.

 

Меҳмон бояд ки бошад боадаб,

Ҷони соҳибхонаро н – орад ба лаб.

 

Мо ҳама аз Одаму Момоҳаво,

Омада рӯи замини босафо.

 

Хоҳарону додарони ҷонием,

Меҳрҷӯ аз раҳмати Яздонием.

                   ***

Гарм гаштан дорад ин дунёи мо,

Гашта дигар ин замон боду ҳаво.

 

Дар қиёс аз давраҳои чанд пеш,

Барфу борон мезаду мерехт беш.

 

Кам бигашта бориши борону барф,

Пиряхҳо об гашта ҳайфу сарф.

 

Сол то сол обҳо кам мешаванд,

Одамонро боиси ғам мешаванд.

 

Мисли оне хушк гардида Арал,

Бар биёбон пурра гардида бадал.

 

Моҳие дигар намебинӣ дар он,

Ҷуз хасу хошоку партову хазон.

 

Киштиҳо дар он шиновар нестанд,

Баччаҳо ҳам дар паропар нестанд.

 

Сайругаште нест андар ошиқон,

Дар лаби баҳри замоне бекарон.

 

Не вазад форам насиме аз Арал,

Не садою шӯру шавқею мағал.

 

Ризқу рӯзӣ ҳам намеҷӯянд  аз он,

Субҳ то шом одамон, паррандагон.

 

Дӯстон, фоҷиаи баҳри Арал

Ҳаст дар ҷисми табиат чун касал.

 

Беҳтарин дарсе барои одам аст,

Баҳри ҳифзу эҳтиёти олам аст.

 

Гар нагирад кор инсон аз хирад,

Рафта – рафта мешавад аҳвол бад.

 

Бемуҳобо, ин ҳама аз айби мост,

Айби инсоне, ки бо ақли расост.

 

Айби инсоне, ки дорад ақлу ҳуш,

Айби инсоне, ки дорад чашму гӯш.

 

Бо вуҷуди эътибору бартарӣ,

Менамояд гоҳ – гоҳе бесарӣ.

 

Мекунад гоҳо аҷаб рафторҳо,

Бар зиёни хештан ӯ корҳо.

 

Хотири ночиз дидан судҳо,

Хушк карда чашмаҳою рӯдҳо.

 

Осмонро менамояд пурғубор,

Обҳоро менамояд заҳрбор.

 

Ҷонварҳоро намуда қируқор,

Боғҳоро менамояд шӯразор.

 

Худсариҳое, ки доранд одамон,

Ваҳшиёнро нест аз онон нишон.

 

Чун табиатрост қонунҳои худ,

Эҳтироме бояд ононро намуд.

 

Варна афзун мешавад бадбахтиҳо,

Зиндагиро бурда сӯи сахтиҳо.

 

Ҳолате, ки ғарқ гашта андар об,

Ё ҳалок аз сел гардида ба хоб.

 

Хонвайрон з — обхезӣ мешавем,

Мушсон рӯ бар гурезе мешавем.

 

Обро чун мо набошад дасту по,

Даст моро гираду созад раҳо.

 

Мешавад гоҳо, ки ғайриинтизор,

Мавҷи дарё мебарад моро канор.

 

Ё дарахте мешавад пайдову мо,

Мераҳем аз чанги он сели бало.

 

Дӯст мебояд табиатро бидошт,

Арҷ, эй ёрон, ба он бояд гузошт.

 

Чун табиат низ моро модар аст,

Меҳрубон асту садоқатпарвар аст.

 

Бар табиат меҳри инсон лозим аст,

Меҳр аз дил, меҳр аз ҷон лозим аст.

 

Дар табиат ҳаст он чӣ неъмате,

Сарфакорӣ хоҳад аз мо, ҳурмате.

 

Он ҳама боигариҳо баҳри мост,

Ризқ пеши пой бинмудан хатост.

 

Мо бубояд бойтар онро кунем,

Боғу гулзоре биёбонро кунем.

 

Бурди мо бошад табиатпарварӣ,

Ҳаст аз мо ин ҳама  боигарӣ.

 

Нек кардӣ, бош некӣ интизор,

Аз бадӣ некӣ мабош уммедвор.

 

Бо табиат сахт рафтан хуб нест,

Он хасе андар дами ҷорӯб нест.

 

Бар табиат ҳар қадар  созем ҷабр,

Меканем аз баҳри худ мо жарф қабр.

 

Бо табиат бозӣ кардан аблаҳист,

К — ин ҷаҳолат ҳасту аз ноогаҳист.

 

Бо табиат дӯст мебояд ки буд,

Ҳифз онро, ҳифз  мебояд намуд.

 

Дӯст доранд обро паррандагон,

Рустанӣ, даррандаҳо, хазандагон.

 

Дӯст доранд обро ҳам одамон,

Ҳар чӣ мавҷудест дар рӯи ҷаҳон.

 

Бар муҳаббат лоиқу арзанда аст,

Об ҳасту ин ҷаҳон поянда аст.

 

Бениҳоят об мебошад азиз,

Нест болотар аз он ҳам ҳеҷ чиз.

 

Пок, оре, ҳамчу шири модар аст,

Ангубин асту басо ҷонпарвар аст.

 

Баҳра аз он аҳли дунё мебаранд,

Ҳамчу ҷони хеш онро парваранд.

 

Об баҳри одамӣ бошад чу ҷон,

Дар рагу пайванду хуни мо равон.

 

Кулли ҷисми мо иборат ҳаст з — об,

Ҷисм бе он мешавад хоку туроб.

 

Кӯлу рӯду чашмаҳоянд ифтихор

Одамонро дар ҳама кунҷу канор.

 

Тоза шуста ҳар саҳар мо дасту рӯ,

Рӯй меорем пас бар гуфтугӯ.

 

Бе ҳама ин ҳаст ҳар коре ҳаром,

Даст бурдан чӣ, нигоҳе бар таом.

 

Пок будан, пок гаштан тоат аст,

Пок зистан, пок мурдан давлат аст.

 

Хоби нохуш низ гуфта мо ба об,

Ҳавлиро дар рӯбучин пошем об.

 

То барад он хоби бадро дур об,

Барнахезад гарду чанги беҳисоб.

 

Баҳри покӣ об беҳин неъмат аст,

Об ганҷу об файзу давлат аст.

 

Об додан ташнаро оини мост,

Дар вуҷуду мазҳабу дар дини мост.

 

Хайри беҳин об додан будааст,

Ҷӯ чу Фарҳоде кушодан  будааст.

 

Об барҳақ, беҳтарин муъҷизаест,

Об набвад олами мо низ нест.

 

Ризқу рӯзӣ, нозу неъмат ҳаст об,

Ҳусну зебоӣ, тароват ҳаст об.

 

Рӯшноӣ, гармию созандагист,

Хуллас, ин ки об моро зиндагист.

 

Об моро роҳати ҷон асту тан,

Ганҷи дунё, ҳусни боғоту чаман.

 

Тозагӣ, покизагӣ аз об ҳаст,

Ҷаннат он мулке агар шодоб ҳаст.

 

Тоза бо об аст ҳар танро либос,

Курпаю болину қолину палос.

 

Хони мо, андоми мо, анҷоми мо,

Дегу коса, ҳам табақ, ҳам ҷоми мо.

 

Рӯи мою мӯи мо, гесӯи мо,

Ҷисми мою даст, ҳам  бозуи мо.

 

Беш аз ҳар неъмате мо, тоҷикон,

Обро чун чой карда нӯши ҷон.

 

Чой ёронро ба ҳам меоварад,

Хастагиҳоро зи ҳар тан мебарад.

 

Ҳосил аз об аст садҳо неъмате,

Файз ҳасту ганҷ ҳасту неъмате.

 

Нони мо ҳосил шавад аз файзи об,

Оламе бе об мегардад хароб.

 

Обро дил баски беҳад босафост,

Пора гардад, боз бо ҳам ошност.

 

Ҳар касе дорад диле чун об пок,

Аз касе, чизе варо ҳам нест бок.

 

Қурби об аз нафту аз симу зи зар,

Ҳаст боло бе ягон баҳси дигар.

 

Кардан ифлос обро беҳад хатост,

Нодурусту норавою носазост.

 

Носипосӣ, беимонӣ ҳаст он,

Бар Худои бениҳоят меҳрубон.

 

Обро бояд гиромӣ доштан,

Тоза аз ҳар як ҳаромӣ доштан.

 

Хору хас бояд ки бар он нафканем,

Хурда ноневу намакдон нашканем.

 

Наҳру ҷӯҳоро нигаҳбонӣ кунем,

Обро ҳурмат чу инсоне кунем.

 

Оқилона баҳраҳо аз он барем,

Аз ҳадди инсоф бояд нагзарем.

 

Кардан исриф обро бошад вубол,

Мешавад он гаҳ Худо аз мо малол.

 

Ҳар касе олуда бо ин корҳост,

Ҳатман ӯро аз Худо рӯзе ҷазост.

 

Сарфакорӣ дар ҳама ҳол аст хуб,

Хоҳ бошад об ё сангею чӯб.

 

Сарфа кардӣ, файз афзун мешавад,

Рӯзгори ту дигаргун мешавад.

               ***

 

Ҳар тане пайванд бо об асту бас,

То даме ки мекашад одам нафас.

 

Дар нахустин рӯзи дунё омадан,

Об мегиранд моёнро бадан.

 

Ҳолате ки меравад ҷон аз бадан,

Мечаконанд об моро бар даҳан.

 

Пеш аз оне ки ниҳанд андар кафан,

Об моро пок месозад бадан.

          ***

 

Об дилҳоро ба ҳам меоварад,

Меҳр андар синаҳо мепарварад.

 

Васл мегардем бо оби никоҳ,

Шустушӯ созем ҳар субҳу пагоҳ.

 

Пок карда хешро пеш аз намоз,

Мо ба оби софу поки бениёз.

 

Ҳеҷ коре нест бе он буд шуд,

Об моро ҷо ба тору пуд шуд.

 

Ганҷи Қорун пеши он бошад чу хас,

Одамӣ ҳеҷ аст бе обу нафас.

 

Об набвад ганҷ ҳам даркор нест,

Об набвад олами бедор нест.

 

Одамиро рӯз бе он нагзарад,

Обро бояд муқаддас бишмарад.

 

Дар Муғулистон, ки  хизмат кардаам,

Кашф баҳри хеш ҳикмат кардаам.

 

Дар биёбоне ниҳоят беканор,

Ки намебинӣ ба ҷуз аз регу хор.

 

Не дарахте, не гиёҳе, не гуле,

Не навою савту сози булбуле.

 

Бод уллас мекашад то бар саҳар,

Ҷуз фазо чизе намебинӣ дигар.

 

Ончунон сардист, сӯзад устухон,

Барканад он пӯст аз рӯю лабон.

 

Чарб мемоланд ҳар рӯзе бадан,

Одамон аз сардии тоқатшикан.

 

Нест имконе барои шустушӯ,

Пок кардан ҷисмро аз чирку бӯ.

 

Чун биёбонест бедолу дарахт,

Беҳавоӣ медиҳад тазйиқ сахт.

 

Захми андак бар дарозо меравад,

Бо азоби сахт дармон мешавад.

 

Бод қумро мезанад бар чашму рӯ,

Зору ҳайрон монӣ андар чорсӯ.

 

Ранҷ дар дашту биёбон дида ман,

Ҳам ба ҷисми хештан санҷида ман.

 

Тоҷикистонро бидидам чун биҳишт,

Шукр кардам бо Худову сарнавишт.

 

Тоҷикистонвор меҳан нест, нест,

Шодмон чун миллати ман нест, нест.

 

Оби ширин ҷорӣ аз паҳлуи кас,

Накҳати гулҳост чун атри нафас.

 

Ранг — ранги меваҳо болои сар,

Он яке аз дигаре шаҳду шакар.

 

Чор фасли нозанини сол ҳаст,

Ҳар яке аз ҳусн моломол ҳаст.

 

Ҳайратам, бо ин ҳама сеҳри Худо,

Неъмату иқлиму обею ҳаво,

 

Бо чунин як меҳани боғу биҳишт,

Мешавад баъзе зи пушти кори зишт.

 

Роҳ гирад бар  биёбони араб,

Баҳри ширкат дар ҷиҳоди булаҷаб.

 

Ҷаннате гӯё ки ҷӯё мешаванд,

Чун шаҳиде андар он ҷо мешаванд.

 

Бурда бо худ кӯдакони нозро,

Зиндагишон гашта нав оғозро.

 

Ҳам занону хоҳарони муштипар,

Волидонро сохта хуни  ҷигар.

 

Пеши пои ваҳшиён меафгананд,

Гӯр баҳри хешу онон мекананд.

 

Ё худ онон зодаи аҳримананд,

Ё дил онҳоро зи сангу оҳананд?

          ***

Тоҷикистон аст хушбоду ҳаво,

Обҳои поки он танро даво.

 

Гарм дорад, сард дорад обҳо,

Кӯлҳову рӯдҳову чашмаҳо.

 

«Хоҷа Оби Гарм»- у «Оби Гарм» — и мо,

Бар ҳазорон дард мебошад шифо.

 

Орзу доранд баъзе халқҳо,

Кӯлҳою чашмаю  дарёи мо.

 

Мулки моро ҳаст дарё бешумор,

Кӯлҳою чашмаҳо то бар ҳазор.

 

Ҳаст моро деҳаҳое беҳисоб,

Номашон ҳамрешаю ҳамноми об.

 

Деҳае дорем номаш Панҷрӯд,

Рӯдакӣ тавлид он ҷо гашта буд.

 

Мӯлиёнро то само бардошта,

Рӯди Омӯро чӣ хуб ангошта:

 

«Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…»

 

Оби Омӯ бо дуруштиҳои он

Мерасида Хингро то бар миён.

 

Оби Рукнободи Ҳофиз ваҳ, чӣ хуш,

Фораму роҳат расад моро ба гӯш.

 

Фондарёву Зарафшон, Панҷу Сир,

Омӯю чанде дигар хурду кабир.

 

Вожаҳое чун савобу мустаҷоб,

Беҳтарин айём баҳри мо шабоб.

 

Хӯрданию нӯшҳо олиҷаноб,

Чун кабобу ҳамчу дар ҷоме шароб.

 

Ҳам қурутоб, ордобу  шакароб

Обрӯ, ободӣ, гирдобу сароб.

 

Андароб, Кӯлоб, Варзобу Тагоб,

Оби Киик, Оби Тоҳир, Баҳри Об,

 

Ҳам Сафедобу Сияҳоб, Сурхоб,

То ба ҳадде ки бисозӣ гум ҳисоб.

                ***

 

Об буд, аммо набуд имконият,

Ҳай азобе доштӣ инсоният.

 

Чун набуд техника андар он замон,

Сахт мушкил буд баҳри одамон.

 

Мекашониданд мардум обро

Бо ароба, аспу хар, машкобҳо.

 

Наҳру ҷӯю чоҳҳо дар ҳар макон,

Бо ҳашар мекофт мардум он замон.

 

Ҷамъ ризқу рӯзие то оваранд,

Рӯзгори хешро  боло баранд.

 

Зарби теша Кӯҳкан дар Бесутун,

Ҷӯ кашиду об овардӣ  бурун.

 

Наҳр дар Фарғонаю андар Ҳисор

З – он замонҳо ҳаст моро мондагор.

 

Об чун мероси гӯё аз падар,

Буд андар ихтиёри зӯртар.

 

Бар сари ҳам муштҳо бардошта,

Хештанро ҳар кӣ ҳақ пиндошта.

 

Ранҷ аммо бурда худ бечорагон,

Об гӯён, гоҳ медоданд ҷон.

 

Аз барои об ҳатто ҷанг буд,

Об бо хун ҳолате ҳамранг буд.

 

Дар «Алӣ – бобову чилто роҳзан»,

Акс гашта нек ин бардору зан.

 

Байни гулободиҳою ҳокиме,

Бениҳоят фосиқею золиме.

 

Чун қиёми пиру барно, марду зан,

Зидди зулму ҳиллаи Абӯ Ҳасан.

 

Он замонҳо зиндагонӣ сахт буд,

Халқ беҳад муфлису бадбахт буд.

 

Ғайри чанде гушнапуштони замон,

Ки набуд як заррае инсофашон.

 

Мисли Қорӣ Исмату Арбоб – Камол,

Ҳам Ғанӣ – бойбачаҳои чун шағол.

 

Ғасб карда ҳар куҷое обро,

Аз раият бурда сабру хобро.

 

Ин ҳама, эй дӯстон, афсона нест,

Аз ҳаёти халқҳо  дурдонаест.

 

Қиссаҳое инчунин кам нестанд,

Кам кунун ҳам андар олам нестанд.

        ***

Худ ҷаҳон оилае  бошад калон,

Бо басо ташвишҳои хоси он.

 

Мушкилиро ҷаҳд  осон мекунад,

Ризқи одамро фаровон  мекунад.

 

Ақл моро чун Худо кардӣ ато,

Айб бошад, роҳ додан бар хато.

 

Ҳаст ҳар як мушкилеро роҳи ҳал,

Бе ягон кашмокашу шӯру мағал.

 

Аз ҳама сарҳои олам бештар,

Фикри обаш ҳаст доим дар назар.

 

Пешво Эмомалӣ Раҳмони мост,

Азми ӯ даркору айни муддаост.

 

Дарк карда мушкилоти обро,

Ҷамъ карда ҳар куҷо арбобро.

 

Борҳо ӯ боҳарорат, меҳру сӯз

Арзёбиҳо намуда доғи рӯз.

 

Ҳаллу фасли мушкилоти обро,

Неъмати бисёр ҳам ноёбро.

 

Аз хатарҳо  пешгӯӣ мекунад,

Арза баҳри чораҷӯӣ мекунад.

 

Гӯяд ин ки бас дигар ҷангу ҷидол,

Зиндагӣ бояд шавад боэътидол.

 

Сулҳро андар ҷаҳон ҷорӣ кунем,

Бар табиат кумаку ёрӣ кунем.

 

Боядо пеши раҳи гармӣ  гирифт,

Кас намонад дар азобу дар шигифт.

 

Тоҷикистон пешсаф дар ҷода аст,

Чор эъломия аз худ додааст.

 

Борҳо ин ҷо ҳамоишҳо шуданд,

Суҳбату иқдому кӯшишҳо шуданд.

 

Ду зи шаш милярд аз аҳли ҷаҳон

Мушкиле доранд аз оби равон.

 

Хушксолӣ дар табиат офат аст,

Офати бисёр ҳам пурдаҳшат аст.

 

Бозмонад хок аз файзу самар,

Мешавад гӯё қиёмат ҷилвагар.

 

Хуррамиҳо дар ҷаҳон бо об ҳаст,

Войи ҳоли мардуме  беоб ҳаст.

 

Обро бошад чу ҳар як зинда ҷон,

Ҷон бубахшад ҳам ба ҷисми дигарон.

 

Сабз бо  он марғзоре мешавад,

Оламе боғу баҳоре мешавад.

 

Ҳусн бахшад даштҳои мурдаро,

Зӯр бахшад пайкари афсурдаро.

 

З — об берун моҳӣ мегардад ҳалок,

Сабз монад бо намие лек ток.

 

Обро бошад забони гуфтугӯ,

Бо навои шилдирроси оби ҷӯ.

 

Ҳай ба шавқу шӯр мехонад суруд,

Мерасонад аз барои мо дуруд.

 

Мешавад бадқаҳру бераҳму амон,

Сели даҳшат ҳолате мегардад он.

 

Мебарад дар роҳи худ харсангҳо,

Ғел – ғелон то басо фарсангҳо.

 

Ҳамчу дар Мурғоб – он кӯли Сарез,

Эй Худо, дорад нигоҳ аз хашми тез.

 

Аҳл аммо мешавад бе қилу қол,

Баҳри кори хайр он оби зулол.

 

Ҳамчуноне Вахш ҳиммат мекунад,

Хизмате бар халқу давлат мекунад.

 

Ҳамчу НОБ – и «Норак»-е, ки солиён

Ҳаст андар хизмати мо, одамон.

 

Шоҳкорие чу як фахри  замон,

НОБ – и «Роғун»-и умеди тоҷикон.

 

Ҳамчу навбунёд наҳри Данғара,

Чун ҳавою об баҳри Данғара.

 

Маънии бисёр дорад оби пок,

Мешавад бе об ҳар одам ҳалок.

 

Ғамгусор аз баҳри моён ҳаст об,

Дастёре баҳри моён ҳаст об.

 

Киштаҳоро обёрӣ мекунад,

Хешро бо меҳр ҷорӣ мекунад.

 

З – он шавад шодоб дашти ташналаб,

Бар табиат ҳусн мебахшад аҷаб.

 

Тоб дода чархаҳои НОБ – ҳо,

Нафъ орад баҳри мо з – он тобҳо.

 

Барқу гармӣ медиҳад бар одамон,

Рӯшанӣ бахшида ба ҳар хонадон.

 

Хонаи дилҳо мунаввар мекунад,

Оламе пурзебу аз  фар мекунад.

 

Об танҳо нест рафъи ташнагӣ,

Сад рисолат бошадаш дар зиндагӣ.

 

Об одамро табобат мекунад,

Ҳамчу дору низ хизмат мекунад

 

Бар ҳазорон дард мебошад даво,

Нест ҳастӣ, нест гар обу ҳаво.

           ***

 

Дигарон доранд нафту торфу газ,

Баҳри савдо, баҳри сӯзу пухтупаз.

 

Мо валекин об дорем, об, об,

Обҳои барҳақо, олиҷаноб!

 

Вахшро бар хеш моил мекунем,

Барқро аз об ҳосил мекунем.

 

НОБ –и «Роғун»-ро намуда соз мо,

Карда бо ин кори пурэъҷоз мо.

 

Дода мо гармию нуру рӯшанӣ,

Бе хасу чӯбею пуфу гулхане.

 

Об тоҷикро тавоно мекунад,

Шуҳра андар рӯи дунё мекунад.

 

Зиндагиро хубу зебо мекунад.

Гарм дилҳоро ба фардо мекунад.

 

Шӯълавар бодо сари мо офтоб,

Дар кафи мо бод доим об.Об!

 

Мирзо РУСТАМЗОДА