Худшиносии миллӣ

Қавм равшан аз саводи саргузашт

№136 (3616) 03.11.2016

Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ягона маҳакест, ки ҳар миллатро дар раванди таърихӣ пойдор нигоҳ медорад. Бахусус раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад.

Маҳз бо дарназардошти моҳияти ин масъала Сарвари   давлат    Эмомалӣ    Раҳмон   таъкид   намудааст:

«Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи муҳим маҳсуб мешавад».

Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ба тақвияти худшиносии миллӣ вобаста аст ва бидуни такмили он наметавон соҳибихтиёрии комили давлатиро таъмин намуд.

Ташаккул ва тақвият надодани худшиносии миллӣ метавонад хатари ҷиддие ба Истиқлолияти кишвар буда, ба номуназзам сохтани сохти давлатӣ оварда расонад. Миллате, ки худшиносӣ ва ҳувияти ватандориро такмил намедиҳад, ботадриҷ маҳв гардида, истиқлолияти хешро низ аз даст медиҳад. Таърих ин гуна мисолҳоро зиёд дар хотир дорад.

Аз ин рӯ, сокинони кишварро зарур аст, ки ба хотири пойдорӣ ва устувории Истиқлолияти давлатӣ дар замири хеш худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳанд.

Мавҷуд набудани худогоҳӣ дар фардияти ҳар шахс боиси аз байн бурдани худшиносии миллӣ мегардад, чунки шахси ноогоҳ мисли кӯдаке, мебошад, ки аз воқеият дур буда, моҳияти аслии ҳаводиси рухдодаро дарк карда наметавонад.

Ташаккули худшиносӣ дар фард вобаста аст ба он ки шахс бо таърихи гузаштаи аҷдоди хеш то кадом сатҳ ошноӣ дорад. Маълумоти кофӣ доштан аз таърихи гузашта дар шахс худшиносиро ба вуҷуд оварда, ҳувияти ватандориро қавӣ мегардонад.

Бо чунин мазмун Пешвои миллат таъкид менамояд:

«Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо, яъне тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

Маълум аст, ки бе чунин ғамхорӣ ба Ватану миллат ва ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар ягон халқу миллат ҷавҳар ва асолати худро маҳфуз дошта наметавонад ва ботадриҷ дар гирдоби таърих бе ному нишон мешавад.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, чунки миллате, ки аз ҳаводиси гузаштаи таърих сабақ намегирад, бо дастовард ва хидматҳои дар тамаддуни башарӣ анҷомдодаи гузаштагон ифтихор намекунад, хоҳу нохоҳ асолати хешро аз даст дода, аз сафҳаи таърих бенишон мегардад:

Фард чун пайванди айёмаш гусехт,

Шонаи идроки ӯ дандона рехт.

Қавм равшан аз саводи саргузашт,

Худшинос омад, зи ёди саргузашт.

Саргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,

Боз андар нестӣ гум мешавад.

Рӯ овардан ба арзиш ва анъаноту суннатҳои миллӣ маҳз дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият барои миллати тоҷик муяссар гардид, ки ин нуқтаро низ Сарвари давлат бисёр хирадмандона дар мулоқот  бо намояндагони аҳли ҷомеа қайд намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардонидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини анъанавӣ ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд».

Ба хотири тақвият ёфтани худшиносии миллӣ дар шуури ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳувияти ватандӯстиро бедор намудан зарур аст, ки ин омилро низ Сарвари давлат ҳамчун вазифаи муҳим барои аҳли ҷамоатчигӣ пеш гузоштаанд:

«Мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд».

Амалигардонии ин вазифаи  муҳим ва айни ҳол зарурӣ маҳз дар натиҷаи амиқ омӯхтани таърихи пурифтихори гузаштагон ва хидмати онҳо дар пешбурди фарҳангу тамаддуни башарӣ муяссар хоҳад гардид.

Аз ин рӯ, ҳар фарди кишварро зарур аст, ки Паёмҳои ба Маҷлиси Олӣ ироанамуда ва суханрониҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри пойдор гардонидани Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузорад.

Бо нияти пойдор гардидани соҳибистиқлолии кишвар ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ бо суханони зерини Сарвари давлат андешаҳои хешро хулоса менамоем:

«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

 А. Аламшоев,  донишҷӯи курси 4-уми Академияи гумруки Федератсияи Россия, Ҷ. Абдураҳмон, корманди Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон