8 июл Рӯзи маъюбон аст. Ба ин муносибат фишурдаи суҳбати хабарнигорамон бо директори Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исматуллозода пешкаш мегардад.
- Тартиби қабул ба муассиса чӣ гуна аст?
- Қабул ба литсей мутобиқи қоидаҳои тартиби қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июл оғоз шуда, то 15 август давом мекунад.
Ба литсей шаҳрвандони синнашон аз 15 то 30 бо доштани таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) бо дараҷаи маъюби гурӯҳҳои дуюм ва сеюм, ҳамчунин дорои тавсияи (КМТ) Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба иҷозат ба таълими назариявӣ, таълими истеҳсолӣ ва дорои қобилияти корӣ қабул карда мешаванд.
- Оё ҳолате шудааст, ки ашхоси аз синни муқарраргардида калон низ муроҷиат карда бошанд?
- Тибқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсони имконияташон маҳдуд бояд ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд, ният дорем имсол маҳдудияти синнусолиро аз миён бардорем. Соли гузашта чанд нафарро қабул кардем, ки аз 30-сола боло буданд.
- Таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои муассиса чӣ гуна аст ва имсол чанд нафарро қабул мекунед?
- Ният дорем дар соли таҳсили 2022-2023 то 150 нафарро қабул намоем. Таваҷҷуҳ, махсусан ба ихтисосҳои ҳисобдор ва интернет-технология зиёд аст. Ҳамчунин, ба ихтисоси устои дастгоҳи сардкунандаи системаи савдо.
- Мешавад ҳолате, ки довталаб як ихтисосро интихоб карда, дар комиссияи қабул ба ихтисоси дигар роҳнамоӣ гардад?
- Албатта, комиссияи қабул донишу фаҳмиш ва қобилияти довталабро ба назар гирифта, дар ҳама ҳолат доир ба мутобиқати бачаҳо ба ихтисосҳо қарор қабул мекунад.
- Дар литсей, ба қавле, ихтисосҳои духтарона ва писарона ҳастанд. Ҳастанд писароне, ки дар ихтисоси дӯзанда таҳсил кунанду духтароне, ки дар ихтисоси пойафзолдӯз?
- То ҳол духтарон ба ихтисосҳои писарона дохил нашудаанд, вале чанд нафар аз бачаҳо ихтисоси дӯзандаро хатм карданд. Ният дорем имсол ба ихтисоси пойафзолдӯз якчанд духтарро низ ҷалб кунем, зеро аз Туркия модели пойафзолҳои навро овардем ва зебоиву назокати онҳоро духтарон бо завқ зеботар мекунанд.
- Дар оянда ихтисосҳои нав, аз ҷумла барномасозӣ, танзимгарӣ ва дизайнериро ҳам роҳандозӣ карданиед?
- Ният дорем ва кӯшиш карда истодаем, вале ҳоло имкон надорем, зеро бинои таълимӣ хурд аст.
- Пас аз хатми литсей масъалаи ба кор таъмин кардан чӣ гуна аст?
- Тибқи дастури Президенти кишвар хатмкунандагони ихтисоси ҳисобдор бо донистани компютер ба БДАТ «Амонатбонк» вогузор шудаанд ва вобаста ба маҳали зисташон дар нуқтаҳои хизматрасонии он ба кор қабул мешаванд.
Хатмкунандагони ихтисоси устои дастгоҳи сардкунандаи системаи савдо бо мағозаҳои машҳури техникии «Volna» ва «Artel» ҳамкорӣ доранд ва дар оянда умед дорем, ки ба кори доимӣ таъмин мешаванд.
- То ҷое медонем, дар муассиса хонандагон ба таълими ройгон ҷалб шудаанд?
- Бале, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ барои нафарони имконияташон маҳдуд ройгон аст. Инчунин, хонандагон ба ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва либосҳои мактабӣ ройгон таъмин мегарданд.
- Дар масъалаи норасоии устодон танқисӣ намекашед?
- Норасоии кадрӣ дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба назар мерасад, мо ҳам сарфи назар нестем. Ҳоло дар литсей 37 нафари омӯзгори соҳибтахассус фаъолият доранд, ки синни чанде аз онҳо ба нафақа расидааст. Аммо аз ҷониби дигар, мутахассисони ҷавон бо сабаби аз уҳдаи кор набаромадан ё маоши кам ба кор намеоянд.
- Чун муассиса дар ҷумҳурӣ ягона таълимгоҳи касбӣ барои нафарони имконияташон маҳдуд аст, хонандагон бештар аз кадом манотиқи кишвар ҳастанд?
- Ба муассиса аз тамоми минтақаи кишвар хонандагон меоянд ва аксари онҳо аз навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳастанд. Ҳамчунин, филиали мо дар ВМКБ фаъолият дорад.
- Дар литсей аз рӯи баъзе ихтисосҳо ба хоҳишмандони синну соли гуногун курсҳои думоҳа пешниҳод шудааст.
- Ду сол пеш, тибқи дастури Ҳукумати кишвар ва фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар литсей маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид. Дар онҳо маъюбон, оилаҳои ниёзманд, ятимон ва фарзандони маъюбон таҳсил мекунанд, ки ройгонанд ва дар ҳар ихтисос то 20 нафар қабул мекунем. Ҳоло дар доираи ин лоиҳа ихтисосҳои гулдӯз, шерозбоф, муҳрабоф, тоқидӯз, пардадӯз, қуроқдӯз, зардӯз амал мекунанд.
- Кор бе эрод намешавад, чӣ гуна шикоятҳо ба унвони шумо мерасанд?
- Дар тӯли се соли фаъолиятам аз ҷониби волидон панҷ шикоят омадааст, ки вобаста ба риоя накардани талабот мебошанд. Масалан, истифодаи телефони мобилӣ, ҳамдигарнофаҳмӣ миёни хонандагон, хушбахтона, вобаста ба сифати таълиму тарбия шикоят нест.
Мусоҳиб Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»