Аз Соли муш чиро бояд интизор шуд?

№2 (4108) 04.01.2020

iAhGhqpkkgМӯйсафедон одати аҷибе доранд, агар соли таваллуди касеро донистан хоҳанд, намепурсанд, ки кадом сол ба дунё омадаӣ, балки мепурсанд:

- Мучалат чист?

Воқеан солшумории «Мучал» дар миёни мардум машҳур аст. Он дувоздаҳ номи ҳайвонро дар бар мегирад. Ҳаштсад сол пеш аз ин Абунасри Фароҳӣ номи солҳои мазкурро ба назм дароварда буд:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор.

В-он гоҳ ба аспу гӯспанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Орзу кардан, хушбахтӣ хостан, ояндаи худро донистан одамонро водор карда буд, ки ба фол рӯ оранд. Баъзеҳо ба касоне, ки пешгӯӣ мекарданд, бовар доштанд. Серҳосил ё камҳосил омадани сол барояшон муҳим буд, соли хуб ё бад будан барояшон аҳамият дошт. Ин гуна фол диданҳо ба солшумории «Мучал» низ сироят кард. Одамон аз рӯи хислати ҳайвоне, ки номи сол ба он бастагӣ дошт, фол мекушоданд, хулоса мебароварданд ва зиндагиашонро ба он мувофиқ мекарданд.

Соли муш соли аввали «Мучал» аст. Касоне, ки дар ин сол ба дунё омадаанд, зоҳири зебо доранд. Одамони заҳматкаш, кордӯст ҳастанд. Кори худро ҳадафмандона анҷом медиҳанд. Пулашонро беҳуда сарф намекунанд. Ҳамеша эҳтиёткоранд.

Одамоне, ки дар соли муш ба дунё омадаанд, саховатманданд, вале зуд оташин мешаванд. Хӯрдагириро дӯст медоранду иззатталабанд.

Дар зер нақшаеро пешниҳод мекунем, ки тибқи он хӯи одамони дар соли муш таваллудшуда моҳ ба моҳ нишон дода шудааст.

Январ

Одамони дар ин моҳ таваллудшуда равшанфик­ранд. Аз онҳо нависандагони хуб мебарояд. Дар зиндагӣ азоб мекашанд.

Феврал

Одамони халлоқанд, ҳатто аз уҳдаи корҳое, ки барои дигарон иҷронашавандаанд, мебароянд.

Март

Зуд асабӣ мешаванд. Ситезаҷӯ ва тундхӯ ҳастанд.

Апрел

Одамони ҷаззобу дилёбанд. Дар зебоӣ афсунгаранд.

Май

Шикастнопазиранд, дилхоҳ мушкилиро бартараф менамоянд.

Июн

Дар олами хаёл зиндагӣ мекунанд. Пулашонро аксар вақт беҳуда сарф месозанд.

Июл

Хислати аҷибе доранд, ҳамеша бо худ «даст ба гиребон мешаванд», аз зиндагӣ норозианд.

Август

Ба ҳар кор бо назари озмоиш менигаранд. Дар зиндагӣ муваффақанд.

Сентябр

Одамони муътадил, сулҳҷӯ ва меҳрубонанд.

Октябр

Касе наметавонад садди роҳашон шавад.

Ноябр

Дар ин моҳ одамони ҳушёру зирак ба дунё меоянд. Онҳоро фиреб додан ва ё ба дом андохтан мушкил аст.

Декабр

Дар зиндагӣ хеле фаъоланд. Муваффақ ва сарфаҷӯянд.

ВОРИС,

«Садои мардум»