«Аз таърихи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик»

№22 (3972) 26.02.2019

Чунин ном дорад китоби нав таълифнамудаи журналист, муаррих ва фарҳангшинос Ҷалолиддин Сафарзод, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ташкилшавии ноҳияи Темурмалик бахшида шудааст.

Дар он оид ба таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик дар солҳои гуногун матолиб ҷамъоварӣ шудааст.

Муаллиф кӯшидааст, ки дар асоси факту далел фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар давраҳои гуногунро таҳлил намояд. Лозим ба ёдоварист, ки нашри маҷмӯаи мазкур нахустин тадқиқоти фарҳангиёни музофотӣ мебошад.

Маҷмӯа бо забони фасеҳу равон, обуранги ҷаззоб ва ҷолиб иншо шуда, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб месозад.

Ҷалолиддин Сафарзод кӯшиш намудааст, ки дар бораи таърихи фарҳанги ноҳия, таъсисёбии аввалин муассисаҳои фарҳангӣ, ҳунармандон, китобдорон, собиқадорони ин соҳаи муҳими ҳаёт пажӯҳиши илмӣ намояд. Ӯ кӯшиш ба харҷ додааст, то тавассути маҷмӯа насли имрӯза ва оянда дар бораи таърих ва фаъолияти фидоиёни соҳаи фарҳанг маълумот дошта бошанд.

Ноҳияи Темурмалик бо санъаткорони худ дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур буду ҳаст. Фарзандони барӯманди ноҳия мусаввири варзида Сабзалӣ Шарифов, оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев, ҳунарпешаи боистеъдод Убайдулло Раҷабов, оҳангсозон Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев, актёрон Тӯрахон Аҳмадхонов, Миралӣ Достиев, Лутфулло Давлатов, Маҳмасаид Пиров, ҳофизон Чиллахон Холов, Саломат Қобилова, Идимоҳ Ҳалимова, Азизулло Шарифов, Хуршед Шокирзод, Бегиҷон Ашӯров, Маҳмадалӣ ва Раҷабалӣ Уваловҳо, Ҳабибулло ва Баҳриддин Бековҳо, Абдумаҷид Боймуродов, Шодмон Одинаев, Мӯнис Иброҳимӣ, Рӯзибеки Файзалӣ, Ибодат  Раҷабова, Фирӯзҷон Сафарзод, муғаннӣ Маҳмасаид Тӯраев, режиссёр Раҷабалӣ Пиров, ҳаҷвнигор Файзи Сулаймон (Астонаев) ва даҳҳои дигар дар рушди фарҳанги тоҷик саҳми шоиста доранд.

Маҷмӯа барои фарҳангшиносон, таърихнигорон ва дӯстдорони соҳаи фарҳанг пешбинӣ шуда, зери назару таҳрири узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Носири Хусрав Айниддин Гадозода чоп гардидааст.

Раҳмоналӣ ХОҶАЗОДА,

директори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик