18 май - Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Ба собиқ сарвазир кӣ чӣ туҳфа кардааст?

№59 (4479) 17.05.2022

Музей Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо соли 1977 бо ибтикори ИҶШС дар ҷаласаи Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (International Council of Museums, ICOM)  муайян шуда, пас аз як сол 150 кишвари олам онро таҷлил намуданд.

Ҳар даъфа ҷашн ба мавзӯи алоҳида бахшида мешавад, ки ғайриқонунӣ аз кишварҳо баровардани ашёҳои арзишманди осорхонавӣ, нақши осорхонаҳо дар боло бурдани фарҳанги ҷомеа ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Дар даҳсолаи охир мавзӯъҳои «Осорхонаҳо ва туризм», «Осорхонаҳо ва хотираи мардум», «Осорхонаҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ», «Осорхонаҳо ва рушди босуботи ҷомеа», «Осорхонаҳо ҳамчун фазои имкониятҳои баробар» ва ғайра мадди назар буданд.

Дар  рӯзи ҷашн осорхонаҳои аксар кишварҳои олам дар ба рӯи меҳмонон ройгон боз намуда, барномаҳои нав омода менамоянд. Дар арафаи ин ҷашн мо дар бораи туҳфаҳои собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Ғайбуллоевич Оқилов, ки ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шудаанд, маълумот пешниҳод менамоем.

Номбурда аз 2 декабри соли 1999  то 23 ноябри соли 2013 ба ҳайси Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, туҳфаҳои ин шахсият дар яке аз гӯшаҳои  шуъбаи таърихи нав ва навтарини  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Аксар роҳбарони кишварҳои дӯсту ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Ӯзбекис­тон, Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой, Россия, Украина, Молдова, Арманистон ва Хорватия ба О. Оқилов ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамкорӣ туҳфаҳои гуногун эҳдо намудаанд.

Аз 24 туҳфа 5-то аз сарварони Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Туҳфаи нахустин Корвони «Роҳи бузурги абрешим» ном дошта, 14 августи соли 2006 аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди осорхона ворид гардидааст. Он ба Оқил Оқилов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон эҳдо шудааст. Туҳфа ҳайкалчаи марде мебошад, ки дар сар кулоҳу дар тан ҷома, ки ҷилави се уштур ва як аспи пурборро ба даст гирифта, аз дарвозаи пурнақши мармарӣ гузаштааст…

Туҳфаи дигар  чакман ва қалпоқи миллии қирғизист, ки соли 2002 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба О. Оқилов ҳадя гардидааст. Чакману қалпоқ аз пашми сафед омода шуда, нӯги остинҳо, гирдогирди гиребон, бари доман ва пеши чакман аз ду тараф бо нақшҳои миллии қирғизӣ зеб дода шудаанд. Қалпоқ низ ҳамин гуна гулпартоӣ гардидааст.

Туҳфаи дигар «Манзараи кӯҳи Сон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба шахси мавриди назар ҳадя гардидааст. Дар он манзараи табиати яке аз гӯшаҳои сарсабзу хуррам тасвир ёфтааст.

Амсилаи хиргоҳи қирғизӣ 15 марти соли 2013 ба осорхона ворид гардидааст. Он дар рӯзҳои баргузории машварати Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Бишкек аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ж. Сотиболдиев ба Оқил Оқилов эҳдо шудааст. Амсилаи мазкур дар шакли хаймаи қаҳваранги гунбазмонанд аз чӯб сохта, қисми гарданаю бомаш бо нақшҳо оро дода шуда, қисми болои бомаш мисли кулоҳ  бо тасмаҳои тунукагӣ зеб ёфтааст.

Самовори пурнақши чӯбӣ, муҷассамаи хурди биринҷӣ ва Нишони давлатии Федератсияи Россия дар лаълӣ, туҳфаҳо аз Федератсияи Россия мебошанд. Нигораи аввал туҳфаи роҳбарияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия аст. Нигораи мазкур аз самовори хеле зебо, 6 зарфи чойнӯшӣ ва чойник  иборат мебошад.

Муҷассамаи хурди биринҷӣ туҳфаи раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия аст. Он тасвири занест, ки оғӯш ба бод боз намуда, дар як даст нишоне бо ранги зард ба пеш медавад.

Нишони Шӯрои Федератсияи Россия дар лаълӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои Федератсияи Россия Г. Селезнёв ба Оқил Оқилов ҳадя шудааст. Лаълии мазкур аз чинӣ сохта шуда, дар маркази он нишони давлатии Федератсияи Россия, ҳамчунин марде савори аспи сафеду дар даст найза тасвир шудааст.

Дар байни туҳфаҳои собиқ Сарвазири ҷумҳурӣ 4 нигора ба Ҷумҳурии Халқии Хитой марбут аст. Нахустинаш армуғони шишагист. Он дар рӯзи оғози машварати Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо­и СҲШ, соли 2003 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Оқил Оқилов супурда шудааст.

Нигораи дуюм амсилаи фойтуни тиллоист. Онро Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Хитой ба О. Оқилов ҳадя намудааст. Он чораспа буда, аспҳоро шоҳ идора мекунад, ки дар сар тоҷ дорад. Болопӯши фойтун ба чатр шабоҳат дошта, дар чор сӯи фойтун сутунчаҳои бо занҷира пайваста ба назар мерасанд.

Нишони Вазорати дифои Ҷумҳурии Халқии Хитой нигораи дигари гӯшаи туҳфаҳои собиқ Сарвазири мамлакат ба Осорхонаи миллист. Онро вазири дифои Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳадя кардааст. Нишон тиллоист ва дар чорчӯба ҷой дода шуда, аз нақшу нигори даврашакл ва ситораи панҷгӯша иборат аст. Дар мобайни он рамзҳои синфи коргару деҳқон — досу болға тасвир ёфтаанд.

Нигораҳои марбути Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар хусусияти миллӣ дошта, гӯшаи туҳфаҳоро рангу маънии шарқӣ зам менамоянд. Нигораи нахустини ин гӯша минётураи шарқӣ аст. Онро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар даврони сарвазирӣ ба Оқил Оқилов эҳдо намудааст. Минётюра аз чӯб ба мисли арки Бухоро дар шакли дарвозаи дутабақаи занҷирадор бо гунбаз сохта шуда, бо ҳунари хеле баланди  кандакорӣ оро ёфтааст. Ҳадяи дигари Шавкат Мирзиёев лаълӣ бо нақшу нигори шарқист. Он аз фарфор (чинӣ) сохта ва бо нақшу нигори минётурӣ ороиш ёфтааст.

 Ду нигораи дигари гӯша ҳадяҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мебошанд. Туҳфаи аввал каҷкӯл ё обгираки чармист.

Каҷкӯл аз чарм ва пӯки он аз чӯб сохта шуда, аз як тараф гулкорӣ ва аз тарафи дигар бо тасвири чорпое монанд ба асп оро ёфтааст. Дар қисми болои гардани каҷкӯл бандест, ки ба ҳалқаи он баста шудааст. Дар пӯк шакли бузи кӯҳӣ кандакорӣ гардида, атрофаш бо гулҳо зеб ёфтааст. Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон К. К. Масимов ба О. Оқилов рамзи шаҳри Остона- Байтерекро ҳадя намудааст.

Боз туҳфаҳои гаронарзиш чойник ва зарфҳои сангин мебошанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон соли 2004 эҳдо шудаанд.

«Пекторал»-и Украина низ аз туҳфаҳои нодир ва гаронарзиш маҳсуб ёфта, онро собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Украина Н. Азаров ба номбурда ҳадя намудааст. Пекторал – асбоб ё воситаест барои ҳифзи қафаси синаи сарбозон, вале афсарону сарватмандон онро ҳамчун воситаи ороиши либос низ истифода мекарданд. Пекторали мазкур тиллоист.

Соли 2006 Ҳукумати Арманистон ба Сарвазири Тоҷикистон китоб туҳфа намуд, ки бо тасвирҳо ва нақшу нигорҳо ишораест ба пайвандҳои таърихӣ ва адабиву фарҳангии миёни ҳар ду миллат.

Президенти Ҷумҳурии Молдова В. Воронин соли 2002  ба О. Оқилов зарфи зебои чӯбиро барои шароб ҳадя намудааст. Дар қисми пеши зарф хӯшаи ангур ва дар болои он бо ҳарфҳои римӣ номи ҷумҳурӣ ҳаккокӣ шуда, дар қисми поёнии зарф гулҳо низ тасвир ёфтаанд. Зарф тасмаи сиёҳ дорад, ки далели сафарӣ буданаш аст.

Туҳфаи Президенти Хорватия Степан Месич низ аҷиб аст. Он дастнависи таърихист, ки дар лифофаи чӯбии пурнақши сафед ҷой дода шудааст.

Аз ҷониби раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  А. Б. Каженов ба О. Оқилов рамзи адолати судиву қонуният — муҷассамаи Фемида ҳадя гардидааст.

Туҳфаи дигар намои бинои ИДМ аст. Онро котиби иҷроияи ИДМ С. Н. Лебедев барои саҳм доштан дар гузаронидани чорабиниҳои ИДМ ҳадя намудааст.

Пас аз анҷоми баромади ҳунарпешагони бомуваффақияти шаҳри Истаравшан дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2006» аз номи ҳунарманди маҳаллӣ Алиҷон Аюбов ба Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов шамшер бо ғилофаш ҳадя гардидааст. Он аз пӯлод ва ғилофаш аз устухон сохта шудааст.

Хулоса, ҳар як туҳфа рамзу ҳикмати худро дошта, тамошои онҳо ба намояндагони ҳама қишри ҷомеа тавсия мешавад.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,

корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон