Ба ваҳдат бояд абадият бахшид

№87 (4193) 18.07.2020

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон омили асосии таъмини Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳифаи навро боз кард. Пеш аз ҳама, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки панҷ сол идома дошт, хотима ёфта, ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардид ва бунёдкориву созандагӣ вусъат пайдо кард.

Воқеан, бо гузашти солҳо он барои сокинони кишвар, хусусан аҳолии болиғи солҳои навадуми асри гузашта, аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро онҳо шоҳиди қатлу куштор, роҳзаниву ғорат, бенизомиву дарбадарӣ буданд. Маҳз онҳо метавонанд бо қазовати ҳодисаҳо некро аз бад, сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд. Бинобар ин, ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ҷашни умумимиллӣ маҳсуб меёбад, зеро агар соҳибистиқлолӣ имкони ташкили давлати миллӣ ва масъули сарнавишт буданро муҳайё карда бошад, ваҳдати миллӣ таҳкимбахшандаи Истиқлолияти давлатӣ гардид. Президенти кишвар низ пайваста таъкид менамоянд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ нақшаи пора-пора шудани давлати тозаистиқлол вуҷуд дошта, кишварро хатари нест шудан аз харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард. Аз ин рӯ, ваҳдати миллиро метавон наҷотбахши давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон номид.

Зимнан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳои миллиро хатари зиёд таҳдид мекунад, ҳар фарди солимақлро мебояд барои бегазанд будани Ваҳдати миллӣ иқдом намояд. Чунки Тоҷикистон давлати ҷавон ва рӯ ба рушд аст ва дар ин марҳилаи ҳассос, ки абарқудратҳо ба хотири манфиатҳояшон аз ҳеҷ кори зишт рӯ наметобанд, ҳифзи ваҳдати миллӣ аз ҳама гуна таҳдидҳо ногузир мебошад. Коршиносон низ таҳдидҳоро ба ваҳдати миллӣ инкор намекунанд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода изҳор дошт, ки омилҳои таҳдидкунандаи дохилӣ ва хориҷӣ ба ваҳдати миллӣ мавҷуданд. Ба андешаи ӯ, яке аз хатарҳои хориҷӣ ҷаҳонишавии манфиатҳост.

- Ҷаҳонишавӣ равандест, ки пеш аз ҳама, ба фарҳанги миллии давлатҳои рушдкунанда таъсири манфӣ мерасонад. Он дар партави сиёсати арастуӣ шакл гирифта, асри V пеш аз мелод дар китоби «Сиёсат» навишта шуда буд, ки давлатҳои бузург манфиа­ташонро дур аз сарҳади худашон ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳам ҷаҳонишавии манфиатҳо, ҳам бархӯрди тамаддун­ҳо ба ваҳдати миллӣ хатари бузург дорад, — гуфт вай.

Оид ба таҳдидҳои дохилӣ бошад, А. Холиқзода афзуд, ки он аслан ба ҷомеа ва иҷрои дурусти вазифаҳо аз ҷониби ҳар шахси мансабдор ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, такя кардан ба арзишҳои ҳувиятсози миллӣ зарур аст ва омилҳои зикршуда бояд аз мадди назар дур набошанд.

Шоир ва донишманд Рустами Ваҳҳоб ба он назар аст, ки омили аслие, ки метавонад ба ваҳдати миллӣ таҳдид кунад, ба миён омадани шароитест, ки таъмини он боз ба омилҳои беруна ва бегона вобастагӣ пайдо намояд.

- Кишвар дар таъмини Ваҳдати миллӣ ба худкифоӣ ва истиқлол расидааст ва бояд ба ҳама восита ҳифз гардад. Дар ҳеҷ унсури аслии ҳувиятӣ мо — тоҷикҳо бо якдигар ихтилоф ё дурангӣ надорем, ҳамеша ва дар ҳар ҳолат метавонем ба ваҳдати комили миллӣ якдигарро муътақид ва боварманд созем, — афзуд ӯ.

Сиёсатшинос Сайфулло Сафаров ақида дорад, ки ба ғайр аз ҷоҳилии баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дигар ҳеҷ таҳдиди ҷиддие ба ваҳдати миллӣ мавҷуд нест, чунки мардум ҳамаро дидаасту медонад.

Мусаллам аст, ки муносибат бо арзишҳои давлатдорӣ ва миллӣ ҷиддият ва ҳушёру зирак буданро талаб менамояд. Пас чӣ кор бояд кард то ваҳдати миллӣ бегазанд бимонад ва умри ҷовидона пайдо кунад?

Абдураҳим Холиқзода дар посух ба ин савол гуфт, ки барои бегазанд ва ҷовидона мондани ваҳдат, пеш аз ҳама, мафҳум, моҳият ва аҳамияти он бояд аз нуқтаи назарӣ миллӣ ва оммавӣ дуруст дарк шуда, ба субъектҳои ваҳдати миллӣ фаҳмонида шавад.

- Ваҳдати миллӣ санги таҳдобии миллат ва давлати миллист. Бе ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатӣ амниятро ҳифз карда наметавонад, чунки он ваҳдати халқ атрофи арзишҳои меҳварист. Дар пояи арзишҳои меҳварӣ давлати миллӣ устувор қомат меафрозад, Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ таъмин карда мешавад. Арзишҳои ваҳдат, адолат, инсоф, ҳақиқат, баробарӣ, бародарӣ аст. Ваҳдати миллӣ арзиши меҳварӣ ҳисоб ёфта, рукнҳо дорад. Онҳо бояд дуруст ҳазм карда шаванд. Барои он ки ваҳдати миллӣ ҷовидона бошад, мафкураи солими миллӣ зарур аст. Мафкурае, ки вобаста ба шароити замона манфиатҳои стратегии давлат ва миллатро дар худ ҷо ва вобаста ба таҳдидҳо мувофиқ ва мутобиқ карда тавонад. Тавонад, ки ягонагии ҷомеаро дар ҳама гуна шароити хатарнок ҳифз кунад. Идеологияи миллиро дар берун ҳамчун манфиати давлати миллӣ муаррифӣ карда тавонад, — зикр кард ҳамсуҳбатам ва афзуд, ки аз нуқтаи назарӣ ҳуқуқӣ ваҳдати миллӣ танҳо паҳнои муосир надорад. Паҳнои таърихӣ ҳам дорад. Вай ба арзишу дастовардҳои таърихии миллат такя мекунад. Яъне, миллати муосир дар танҳоӣ ваҳдати миллиро таъмин карда наметавонад. Вай бояд, пеш аз ҳама, ба дастовардҳои беҳтарини таърихӣ, ки қодир аст барои имрӯз хизмат кунад, такя намояд. Насли нав бояд дар пояи он арзишҳо дастовардҳои нав сохта, яклухт онро ба насли оянда диҳад. Бинобар ин, ваҳдати миллӣ ҷанбаи таърихии муваққатӣ не, балки ҷанбаи гуногуни таърихӣ дорад, ки дар решаҳои таърихии миллат имрӯзу ояндаи насли вай пайваст аст. Бино ба андешаи номбурда, барои он ки ваҳдати миллӣ устувор бошад, бояд рукнҳои он дуруст ҳазм шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ татбиқ ва тарғиби дуруст шаванд.

- Он, пеш аз ҳама, ҳамчун хамирмояи ҳастии давлати миллӣ дуруст омӯхта шавад. Мафкураи солими миллие бояд тавлид шавад, ки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши меҳварӣ дар қатори дигар арзишҳо дуруст муаррифӣ карда тавонад. Сар карда аз оила, боғча, мактаб, донишкадаву донишгоҳ ва дар сатҳи академӣ ҳар як фарзанди кишвар бояд донад, ки амният, тинҷӣ, оромӣ, суботи истиқлолият ба ваҳдати миллӣ алоқаманд мебошад.

Шоир Рустами Ваҳҳоб дар масъалаи пойдории ваҳдати миллӣ созгории ҳар барнома ва ҳадафи дигарро ба ормони ваҳдати миллӣ зарур медонад. Ба андешаи ӯ, «бояд ба ин ормони асосии миллӣ садоқати комил дошт ва ҳадафҳои дигарро тобеи он кард. Яъне, асолат ва зарурати ҳар барнома ва ҳадаф дар баробари дигар хосиятҳои муҳим аз ин назар мавриди озмоиш бошад, ки чӣ андоза ба ормони ваҳдати миллӣ созгор аст ё ҳадди ақал бо он ихтилоф надорад».

Сайфулло Сафаров бар он андеша аст, ки барои бегазанд будани ваҳдати миллӣ бояд дар дохили кишвар як низоми гуфтушуниди қувваҳои сиёсӣ мавҷуд бошад.

- Дар кишвар Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки вазифаҳояшро иҷро карда истодааст. Дар ҷаласаҳои он аслан роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иштирок мекунанд. Аммо гуфтушунидҳо дар шакли васеътар ҷараён гирад, беҳтар аст. Масалан, дар баробари намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ олимону донишмандон аз донишгоҳҳо ва дигар марказҳои илмӣ фаро гирифта шаванд, ки дар раванди таҳкимбахшии ваҳдат метавонанд фикру андешаи хуб пешниҳод намоянд, — изҳор дошт номбурда.

Воқеан, ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии давлати миллист. Аз ин рӯ, ҳар шахси солимақл вазифадор аст, ки барои таҳкими он ҳиссагузор бошад. Зеро бе вуҷуди ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин арзиш аст, устувор буда наметавонад. Дар ҷаҳон давлатҳои соҳибистиқлоли зиёде мавҷуданд, ки набудани ваҳдату ягонагӣ дар онҳо боис ба мухолифатҳои гурӯҳҳои сиёсӣ, кашмакашҳои ҳарбӣ, нооромиву бесуботӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, ки бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ба даст омадааст, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»