Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар амал

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДКОРОНИ ҶАВОН БАЪД АЗ СУКУТИ ЧАНДСОЛА

№ 09.06.2016

Қабл аз оғози маҳфил гурӯҳи калони адибони шинохтаи кишвар бо сарварии  раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аҳмадҷони Раҳматзод шоири маъруф, Ҳайрон Осимиро аёдат намуданд.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия раиси нохия  Рустам Ҷӯразода меҳмононро хайра мақдам гуфта, минҷумла зикр кард, ки  солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба эҷодиёти адибон, аз ҷумла адибони ҷавон, эътибор зиёд шудааст. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишвар гирд овардани қаламкашону адибони наврас дар ноҳияи Деваштич мисоли гуфтаи боло мебошад.

Аҳмадҷони Раҳматзод зимни суханрониаш қайд кард, ки мақсад аз ин дидор дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ҷалби ҷавонону наврасон ба эҷодкорист. Ӯ зодагони ноҳия, ба монанди Зулфия Атоӣ, бародарон Хайрон ва Сироҷиддин Осимиҳо, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз, Мирзо Мавлон, Зулфия Бобоева, Абдулло Аҳмад ва дигаронро бо эҳтиром ба забон овард.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, нависанда Маъруф Бобоҷон, адибони шинохта Юсуф Насрулло ва Ӯрунбой Усмон дар гурӯҳҳои алоҳида маҳсули эҷоди қаламкашони ҷавону наврасро ба риштаи таҳлил кашида, фикру мулоҳиза ва маслиҳатҳои хешро баён намуданд.

Аз ҷониби устодон маҷмӯаҳои Парвина Амонова, Озода Набиева, Гулпарӣ Олимова, Мавзунахон Азизова, Шоира Мадалиева баҳои баланд гирифта, ба чоп тавсия шуд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»