Бисту панҷ сол пеш…

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Гул шудем, чаман шудем, боғ шудем, ишқ шудем…

Бисту панҷ сол аз он рӯзе сипарӣ гашт, ки чашм будему гӯш. Дар чашмҳоямон изтироби ғамовар барқ мезад, гӯшҳоямон ҳар садоеро ташхис медоду пардаҳояш аз дард меларзид. Будан ё набудан, ҳаёт ё мамот интихоби сарнавишт буд…

Одамон аз телевизор чашм намеканданд. Дар Қасри Арбоб иҷлосия ҷараён дошт. Вакилон боҳарорат гап мезаданд, баҳс мекарданд, гапашон ҳар замон мегурехт, сурху сафед мешуданд, фарёд мекашиданд…

Аммо чашмҳову гӯшҳо хастагиро намешинохтанд. Ба ҳар ҳаракат диққат медоданд, ба ҳар ифода таваҷҷуҳ мекарданд.

Тақдири мо чӣ мешавад?! Зеҳнҳоро нохуни ин пурсиш мехарошид. Баргҳои дарахти бовар зарду хушк мешуданд. Аз боғсори гулҳои садбарги муҳаббат танҳо хор монда буд. Шоирон армонҳои миллиро месуруданд.

Ҷон ба қурбони ту эй меҳани хунинкафанам,

Буди байтулшарафам гаштаи байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагианд,

Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам.

Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,

Рост гӯям бипаронанд зи чашму даҳанам.

Ин қитаъи пур аз дард, ки ҳолати он замонро ифода мекард, танҳо фарёди дили Лоиқ не, балки бозгӯи зиндагии мардуми сарсахту бечора буд.

Бисту панҷ сол пеш вақте иҷлосия тақдирсозӣ мекард, дар мамлакат силоҳ ҳоким буд, сояи тарс ҳукумат меронд. Гурги марг зуза мекашид.

Ватан дар муштҳо муште намонда,

Ватанро соҳибу пуште намонда.

Ватандоре ватандорӣ натонист,

Ватанро ӯ ба вайронӣ кашонист.

Аммо он ҷо, дар Қасри Арбоб, ба минбари иҷлосия марде баромад. Чашмҳо ӯро диданд, гӯшҳо шуниданд.

- Ман соҳиби шумоям! – нидо сар дод ӯ, — ман бароятон сулҳ меорам, сарҷамъию ваҳдат меорам. Харобаҳоро обод, дилҳоро шод месозем!..

Гӯшҳо ин садоро чун дурру гавҳар ба мағзҳо рехтанд, чашмҳо аз ашки шодӣ пур гаштанд. Шаҳрияи шоир бо диле саршор аз ишқ суруд:

Лек чун субҳе дамид, Иҷлосия,

Бар наҷоти мо расид, Иҷлосия…

Ваҳдати мо меваи Иҷлосия-ст,

Нусрати мо шеваи Иҷлосия-ст…

Баски буд, Иҷлосия қисматнавоз,

Дарди моро бегумон шуд чорасоз.

Фарзандони баномуси Ватан бо сарварии он марди шариф – Эмомалӣ Раҳмон дасти ҳам бигрифта, дар миёни хуну оташ ҷонбозӣ карданд. Онҳо ба худ, ба ормонҳои миллат бовар доштанд. Шоирон қаҳрамониҳои онҳоро месуруданд, аз ваҳдат, ҳамдилӣ, Ватан сухан мегуфтанд.

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Лоиқ ин мисраъҳоро бо сӯзи дил навишта, бақои миллатро ситоиш кардааст. Гулрухсор Истиқлолиятро иззати мардуми тоҷик, муҳаббат ба диёр ва дар замини шуҳрати озодагон коштани донаи меҳр унвон намудааст:

Чист Истиқлол, иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Дар замини шуҳрати озодагон,

Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Биҳишти мо Ватан аст, ки онро Парвардигор бароямон арзонӣ дош­тааст. Ватан монои шаҳкитобест, ки сарнавишти миллати мо дар он дарҷ гашта:

Ҳадяи Яздон биҳишти мо, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан.

Бисту панҷ сол аз иҷлосия сипарӣ мегардад, ҳамон иҷлосияе, ки сарнавишти миллати моро ба сӯи растагорӣ рақам зад. Ҳамон иҷлосияе, ки дар ниҳоят, боиси барқарории сулҳ шуд. Сарвари давлат ҷон дар кафи даст ба хотири сулҳ мубориза бурд. Балки ӯ парвои ҷонаш надошт, ҷонаш барояш муҳим набуд, вай оромиш ва бақои миллатро мехост.

Вақте садои сулҳ дар Тоҷикис­тон танин андохт, зиндагӣ зеботар, ширинтар, рангинтар гашт. Лоиқ ҳам ба ваҷд омаду бо тамоми вуҷуд фарёд зад:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Сарвари фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба миллат рӯ оварду гуфт: «Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем».

Вақте ҷоннисориҳо, бунёдкориҳо, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро Бозор Собир диду ҳис кард, ба ваҷд омад ва мисраъҳои зерро аз таҳи дил суруд:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!

Пешво низ аз шоир қадршиносӣ кард, ҳунару истеъдодашро ба инобат гирифт, шеърҳояшро мояи худшиносии миллат донист ва ба ӯ ордени «Ситораи Президент»-ро тақдим намуд. Шоир аз ин қадршиносӣ болид ва бадоҳатан ба Пешво гуфт:

Бо нишоне, ки аз Шумо дорам,

Аз ҷаҳон бенишон нахоҳам рафт.

Бозор Собир баъди мушоҳидаҳои кори Сарвари давлат дар расонае ӯро ситоиш кард ва бо садои буррою баланд иброз дошт: «Касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС- и «Роғун» — ро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям».

Шоир бо он ки дили ҳассосе дорад ва бо чашми мушоҳидон ба оламу одам менигарад, чеҳраи нуронии Пешвои миллатро мешиносад ва аз хати пешонии ӯ тақдири мардуми тоҷикро мехонад.

Бо садои гармат одат кардаем,

Ҳамчу бо зангӯлаи давлат.

Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,

Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

 Чунки дар рӯи ту мебинем

Рӯи миллатро,

Нури миллатро,

Чунки аз пешонии бози ту мехонем

Мо хати тақдири миллатро.

Бисту панҷ сол пеш дар Қасри Арбоб роҳи имрӯзу фардои мардумро мушаххас карданд. Таҳкурсии зиндагии навро гузоштанд. Бисту панҷ сол пеш аз миёни харобаҳо худро дубора бунёд кардем. Мисли мурғи қақнус аз хокистари хеш боли парвоз кушодем. Дар оғӯши Ватан худро сабз намудем: гул шудем, чаман шудем, боғ шудем, ишқ шудем…

Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

ВОРИС