Дидгоҳ

Бо «Домулло, баромад кардӣ? — Кардам!» — гӯӣ мушкили забон ҳаргиз ҳал намегардад

№77 (3557) 16.06.2016

DSC_1009«Мусибатбортарин ва таассуфангезтарин ҳодиса дар зиндагии ҳар миллат вақте иттифоқ меафтад, ки он миллат гузаштаи хешро фаромӯш намуда, мехоҳад дар замини бегона хона бино кунад. Ифтихор ба мероси дигарон чӣ арҷ ва қурбе дорад? Чи қадр ҳақирона ва зиллатбор аст ин навъ зиндагӣ? Ин навъ инсонҳо чӣ хайре барои ҷомеаи хеш дошта метавонанд?! Инҳоро бояд ба шахсиятҳои Достоевский дар китоби ёддоштҳои як нависанда ташбеҳ кард, ки ба «кирми пӯсида бадал шудаанд ва комилан аз худ ва уфуқи риққатбори зиндагии худ розӣ шудаанд».

Ин сатрҳои пур аз меҳру дарди ватандорӣ аз ҷониби Иброҳими Худоёр, Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар чорабинии посдошти Рӯзи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе гуфта шудаанд. Дар ҳақиқат, бечоранолӣ ва бо изтироб сухан кардани олимони соҳаи забоншиносӣ ва дигар масъулини ҳифзи забони давлатӣ касро ба андеша мебарад, ки то ба кай тӯтивор суханеро такрор кардан мумкин бошад? Барои фаҳмидани он ки кадом омилҳо боиси коҳиши забон ва аз байн рафтани он мегарданд, академики соҳа будан шарт нест. Вале роҳҳояшро ёфта, махлутшавӣ ва нобудшавии забонро пешгирӣ кардан тамоман кори дигар аст. Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ таваҷҷуҳу саҳмгузории соҳибзабонон шарт аст, вале кори асосиро донишмандони соҳа анҷом дода метавонанд. Донишмандон гуфта, фақат омӯзгорону олимони соҳаро дар назар доштан ғалат аст. Ба ин рӯйхат адибон, рӯзноманигорон, таҳиягарони филмҳо, ровиён, кормандони шуъбаҳои САҲШ ва ғайра низ дохиланд, ки дар рушду такомули забон, боло рафтани «имиҷ» — и он саҳми шоиста гузошта метавонанд. Вақти он расидааст, ки бо таҳлилҳои воқеӣ, пешниҳодҳои мушаххас ва қарорҳои қатъӣ садди махлутшавии забони давлатӣ гардем. Бо баромадҳо ва навиштаҳои супоришию сарсарӣ аз тариқи телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо чун «Хоҷам, боғ дорӣ? — Дорам!», «Домулло, баромад кардӣ? — Кардам!» мушкили забонӣ ҳаргиз ҳал намеёбад ва фиреби назаре беш нест.

Дар аҳди шӯравӣ мардон ва бештари занон ба ҷойи номҳои зебои тоҷикии худ номҳои русиро истифода мебурданд ва ифтихор ҳам доштанд. Масалан, агар Гулрафторро Гуля ё Маҳинаро Маша, Таҳминаро Таха ва ба ҳамин монанд ном мегирифтанд, онҳо аз номи дуюмашон ифтихор карда, аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Ин ҳолат вақтҳои охир хеле коҳиш ёфта бошад ҳам, мутаассифона, ҳанӯз аз худ дарак дода меистад. Гӯё русҳо дар талаффузи номҳои тоҷикӣ душворӣ мекашида бошанд. Албатта, то ҷое мушкилӣ мушоҳида мешавад, хусусан, ҳини навишту талаффузи номҳои болохонадор. Шояд пешниҳоди номгузории нави тоҷикӣ аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тасдиқ шудааст, садди роҳи ин мушкилот шавад. Вале талаффузи номҳое чун Рустам, Сиёвуш, Парвиз, Шараф, Хуршед, Сафар, Одина, Фарҳод, Парвина, Мастона, Шаҳноза, Гулдаста, Манижа, Рӯдоба, Гулрӯ, Гулнора чӣ мушкилӣ дорад?

Ашхосе дар Федератсияи Россия аз раванди тоҷикикунонии ному насаб­ҳои мо норозиёна «гулӯ дарронда» истодаанд, ки бемақсад нест. Дар додани номҳои тумтароқ ба фарзандон — Муҳаммадзокир, Муҳаммадиқбол, Маҳмадсафар, Мадисо, Мадумар, Маҳмадалӣ, Мадалӣ, Маталӣ, Фазлиддин, Қутбиддин, Раҳматулло, Кароматулло ва ҳоказо зарурате намебинам. Чунин муносибатро дар нисбат ба номи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дини мубини ислом на эҳтиром, балки таҳқиру беэҳтиромӣ ҳисобидан дурусттар аст, ки номи зебои Муҳаммадро мешиканем ва ба ҳар кӣ рост меояд, ба дин пайваст мекунем. Дар номҳои зайл ба ҷойи «Аллоҳ» шакли ихтисоршудаи он «лло» меояду бас, магар ин таҳқир нест? Ё каманд соҳибони ин гуна номҳо, ки бо рафтору амалҳои зишт ба шахсиятҳои муътабар ва дин иснод меоранд? Шарт нест, ки номҳои мо арабӣ бошанд, дар сурате, ки тоҷик ҳастем, на араб. Алҳол дар мусобиқаи мондани номҳои ғайритоҷикӣ исмҳои арабӣ ҷойи вожаҳои замоне фаровони русиро гирифтаанд. Агар русгароён вожаҳои русӣ, арабгароён вожаҳои арабӣ, ҳиндигароён номҳои ҳиндиро худсарона ба забон дохил кардан гиранд, аз забони ноби тоҷикии мо чӣ боқӣ мемонад? Фаромӯш набояд кард, ки ин рӯйхат идома дорад ва фардо турк­гароён калимаҳои туркӣ, англисгароёну хитойигароён калимаҳои мақбули худашонро ворид карданӣ мешаванд. Сониян, ояндаи шахсро ном муайян намекунад. Ин ҳама камӣ мекунад, ки боз ба сагҳоямон номҳои русию англисӣ монда, бо русӣ амру фармон медиҳем: «Лайка, дай лапу, садис, лежать встать! (Ку биҷак, дастат­ро деҳ, шин, хоб кун, бархез!)» ё киш – кишаш андохтанӣ шуда мегӯем, ки «Ҷек, взят!». Хайрият, ки «взят» — ро касе дар шакли тоҷикияш «зит» тарҷума ва ба мо пешниҳод намудааст. Гӯё мумкин набошад, ки ба ҷойи Амур, Бобик, Рэмбо, Барбос, Барс, Бим, Бос, Ҷулбарс, Жек, Казбек, Тузик барои мисол Алопар, Зардак, Сафедак, Сиёҳак, Хирсакро истифода намоем.

Ба ёд биорем номи аспи Рустами Дастон — Рахш ва аспи қаҳрамони ҶБВ Сайдаҳмад Каримов — Гули Бодомро. Фарз кардем, донистани забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ногузир аст, вале магар, сагҳову аспҳоямон ҳам ба ягон озмуну симпозиумҳо даъват мешаванд, ки бояд забони русиро донанд?

Дар муқоиса бо онҳое, ки авлоду аҷдодашон асрҳои аср аз фарҳангу забони тоҷикӣ баҳри пешрафти худ бошуурона истифода бурда, фарҳангу забони худро бегазанд нигоҳ доштаанд, донандаҳои забонҳои хориҷии мо батамом дар хизмати дигар забону қавму миллатҳо чун ғулом қарор гирифтаанд. Донистани як, ҳатто чанд забон ҳанӯз маънои нобиғагиро дошта наметавонад. Танҳо дар ҳолати хизмат ба халқу Ватан омӯхтану донистани забонҳои хориҷӣ метавонад, ки боиси ифтихор бошад. Дар ҳоле ки бисёриҳо омӯхтани забонҳои хориҷиро бо умеди пайдо кардани кор дар ташкилотҳои хориҷӣ интихоб менамоянд, ки маошаш зиёдтар аст. Баъзан, воҳима карда мегӯянд, ки «медонед, фалонӣ чанд забони хориҷиро медонад ва чанд маълумоти олӣ дорад?». Монанди он ки «фалонӣ даҳ маротиба сафари Ҳаҷ кардааст». Баъд чӣ? Бо донистани якчанд забон чӣ корҳоро ба манфиати халқу Ватани худ анҷом додааст? Кадом асарҳои беҳтарини назмию насрии тоҷикро ба хотири тарғибу ташвиқ ба дигар забон тарҷума ва пешкаш кардааст?

Ба ин монанд, доштани унвонҳои баланди илмӣ ҳам имрӯз касеро ба ҳайрат гузошта наметавонад. Дар замони мо дилхоҳ одам дар сурати хоҳиш доштан, метавонад, номзади илм, доктору профессор, ҳатто академик гардад. Вале аз ин «олимони беамалу оруҳои беасал» чӣ фоида аст ба халқу миллат? (маъзарат ҳамаи олимони муҳтарамро дар назар надорам. М.Р) Ҳатто агар пали пиёз, шолӣ, ҷӯяҳои пахтаро хишова, ягона ва аз алафҳои бегона тоза насозем, ҳосили дилхоҳро интизор шудан имкон надорад. «Аллома» — ҳои замон, ки ин ё он унвонро соҳибанд, ба маошашон музди иловагӣ мегиранд ва дигар имтиёзҳо низ доранд. Гумон мекунам, ки як иллати «муҳаббат» пайдо кардани шахсони тасодуфӣ ба ин ё он соҳаи илм асосан дар ҳамин аст. Кас аз чунин «алломаҳо» намепурсад, ки ҳамчун олим дар соҳаи худ чӣ тадқиқоти судмандеро анҷом додаанд? Дар соҳаи чорводорӣ аз говони бешир ба воситаи қассобон ба осонӣ халос мехӯранд. Дар соҳаи илм бошад, мушкилтар аст. Ба фикрам кайҳо вақти рӯи об баровардани донҳои пучу бесамар фаро расидааст.

Олудашавиҳои забони замоне нисфи дунёро фарогирамон бо суръати хеле баланд пеш рафта истодааст. Таъсири забони арабӣ, пеш аз ҳама, бо иқдоми «ватандӯстона» — и «уламову удабо», инчунин қисмате рӯзноманигорон хеле фаъол гаштааст, дар ҳоле ки аксаран ба маънии бисёре аз вожаҳои истифода мебурдаашон сарфаҳм намераванд. Бегонапарастиро ба худ ифтихор медонанд ва дониши набудаи худро нишон доданӣ мешаванд. Мутаассифона, падидаи зайл дар давраи ҷаҳонишавӣ ба манфиати забонамон буда наметавонад ва мавҷудияти онро зери шубҳа қарор медиҳад. Вагарна чӣ ҳоҷати истифода ба ҷойи вожаи соф тоҷикии «истгоҳ» «таваққуфгоҳ», ба ҷойи «арзон» «тахфиф», ба ҷойи «бовар» «мутмаин», ба ҷойи «корманд» «мутахассис», «овоз» «раъй», «озодӣ» «истиқлол», «пешвоз» «истиқбол», «товон» «ҷуброн»…?

Солҳои 80 – уми асри гузашта дар қатори дигарон аз беҳтарин устодони соҳаи забоншиносӣ аз худ намудани нозукиҳои ин касб кам ё беш насибам гардид. Аммо вақте ки аз забони устоди муҳтарам Баҳриддин Камолиддинов, «маълум мешавад, ки мо давоми 70 сол ба шогирдон таълимоти нодурусти забон дода будаем» — ро шунидам, дуд аз димоғам баромад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар навишт бо имлои нави забони тоҷикӣ бисёриҳо сари калоба гум карда, намедонем, ки калимаҳоро бо кадом шакл нависем.

Рӯзе марди солори миллаташ ӯзбеки шиносам, ки аз рӯи ихтисос ба корҳои ҳисобу китоб умре машғул мебошад, ба шӯр омада гуфт:

- Ин чӣ гап, муҳтарам журналист? Касе дар куҷое чизе хоҳад навиштан мегирад? Ҳамин «хабари ноб» — ро ба ман фаҳмон! Дар ҷое ин навиштаро хондаму ҳайрон шудам. Оё ин тарзи навишт ва истифода кардани «ноб» дуруст аст? Ҳақ бар ҷониби ӯ буд. «Майи ноб»-ро бисёр вохӯрдаам, аммо «хабари ноб» барои ман ҳам навигарӣ буд. Мисли ошхонаҳои нав ба кор оғозкарда, ки дар саҳнашон шиор насб мекунанд: «Мо кушода шудем!» ва «Ошхонаи миллии «Чарс». Айб нест, ки мавқеъгирӣ, ифтихору муҳаббати намояндагони дигар миллатҳо аз мо, соҳибзабонон дида самимитару қавитар бошад? Забондонӣ лоиқи ситоиш аст, забону миллатбезорӣ чӣ? Ё бегонапарастӣ, ҳавасхӯрӣ дар мағз андар мағзи мо ҷой гирифта бошад?

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум» Суратгир А. ИСОЕВ