Зикри хайр

Бо ӯ кор кардан ифтихор буд

№152 (4002) 19.12.2019

ыввДар ҷомеа шахсиятҳое зиндагӣ ва фаъолият доштанд, ки шогирдону пайвандон бо онҳо ифтихор менамоянд. Дар ин масир занон — модарони некном, хеле зиёданд ва аҳли назар бо камоли эҳтиром номи пуршарафи онҳоро ёдовар мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми зан дар ҷомеа баҳои баланд дода, дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд:

«…Зан тавлидгару мураб­бии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон – мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст…».

Яке аз ҳамин гуна занони донишманд Сайёра Юсуфова (рӯҳаш шод бод) мебошад, ки солиёни зиёд дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати судя ва дар Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедра фаъолият кард.

Соли 1961 Сайёра Олимовна факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) -ро бомуваффақият ба итмом расонда, чанд муддат дар Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ ба сифати корманди масъул ифои вазифа намуд. Баъдан корро аз рӯи ихтисос оғоз намуда, соли 1968 судяи Суди халқи ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) интихоб гардид ва ҳамзамон дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Таҷикис­тон ба шогирдон дарс гуфт.

Соли 1972 дар мавзӯи «Принсипи мустақилияти судҳо ва ба қонун итоат кардани онҳо» рисола дифоъ намуд. Сайёра Юсуфова аз зумраи аввалин занҳое маҳсуб меёфт, ки дар соҳаи мушкил – мурофиаи ҷиноятӣ рисолаи илмӣ дифоъ кард. Ба мавзӯъҳои наомӯхтаву тадқиқношуда даст зада, дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавии ватанию хориҷӣ матолиби зиёд нашр мекард. Дастовардҳои ин зани меҳнатдӯст ва донишманд аз ҷониби олимону муҳаққиқони варзидаи давр – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Т. Н. Доброволская, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М. С. Строгович ва дигар мутахассисони Федератсияи Россия баҳои баланд гирифтааст.

Соли 1974 ӯро ба узвияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд. Дар ин мақомоти олӣ бо масъулияти баланд кор карда, соҳиби иззату икром гардид. Ҳампешагон изҳор мекунанд, ки бо Сайёра Олимовна якҷо кор кардан барояшон ифтихор буд.

Ҳамчунин, бо фаъолияти  босуботу бобарор дар мақомоти судӣ ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои соҳавӣ ҷиддан машғул шуда, дар ин ҷода низ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.

Солҳои охир ба тарбияи шогирдон мароқ зоҳир намуда, бо дархости раёсати Донишкадаи иқтисод ва молия соли 1997 мудирияти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятиро ба зимма гирифт.

Қаҳрамони матлаб бо ҳама яксон муносибат намуда, мутакаббириро хуш надошт, таҳаммулпазирӣ хусусияти равиши фаъолияташ буд. Ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,

То ба он базми касон афрӯзӣ.

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Ба гулу хас ҳама яксон резӣ.

Меҳриддин Ғиёсӣ