Бод истиқлол поянда

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

14Нек омад ҷашни Истиқлол,

Бахт хандон шуд ба истиқбол.

Зинда бодо, зинда Истиқлол,

То абад поянда ин иқбол!

 

Парчами моро баланд афрохт,

Зиндагониро зи дигар сохт.

Ҳаққи моро баҳри мо пардохт,

Кишвари моро ҷаҳон бишнохт.

 

Гашт Истиқлол пандомӯз,

Роҳи Истиқлол шуд фирӯз.

То абад, ҳар соату ҳар рӯз

Бод Истиқлоли мо пирӯз.

 

Зиндагиро зеби дигар дод,

Кишвари моро намуд обод.

Шаҳру деҳи нав шуда бунёд,

Халқ шуд соҳибватан, дилшод.

 

Кард Истиқлоли мо боло

Обрӯву шуҳрати моро.

Дар миёни халқу кишварҳо,

Дар ҳама дунёи бепаҳно.

 

Ин Ватан моро дилу ҷон аст,

Маҳзари уммеду армон аст.

Гӯшае аз боғи ризвон аст,

Ёдгоре аз ниёгон аст.

 

Ҳаст Истиқлол созанда,

Зиндагониро барозанда.

Бод баҳри насли оянда

Зиндаву ҷовиду поянда!

Муҳтарам ҲОТАМ,

Шоири халқии Тоҷикистон