Аз китоби масалҳои қадимаи чинӣ – «Дурҷи ҳикмат»

Болу пар

№147 (4097) 07.12.2019

Шоҳзода дар бӯстонсаро сайр мекарду оҳ мекашид. Боғбони пир аз ӯ пурсид:

- Чаро оҳ мекашед?

Шоҳзода гуфт:

- Аз он маъюсам, ки дар дарбор одамони оқилу ростгӯро намебинам. Чаро оқилон ба наздам намеоянд ва бо ҳузурашон табъамро болида намесозанд?

Боғбон гуфт:

- Марвориду яшм по надоранд,  вале аз ин ҷавоҳирот шумо зиёд доред. Ҳам яшм ва ҳам марворид меоянд, чунки шумо онҳоро  меписандед. Оқилону ростгӯён по доранд, вале ба наздатон намеоянд. Аз ин бармеояд, ки шумо ҷавоҳиротро аз одамони оқил зиёдтар меписандед.

Шоҳзода хашмгин шуд ва гуфт:

-  Агар хирадмандон ба ман хизмат кардан нахоҳанд, боке нест. Магар ман дарбориёни кам дорам?

Боғбон гуфт:

- Қу дар зери абр парвоз мекунад, чунки ӯро болҳояш нигоҳ медоранд. Паре, ки дар болои синаи вай месабзад, барои парвоз лозим нест. Хирадмандону ростгӯён ҳам дар давлат барои он лозиманд, ки ба ҳоким барои парвози баланду идораи дурусти шоҳигарӣ ёрӣ расонанд. Дарбориён бошанд, монанди ҳамон пареанд, ки барои парвоз лозим намешаванд.

 Кӣ бештар дӯст медорад?

Шоҳзода Ҷо ду вазир дошт: яке Чу, дигаре Шэ. Рӯзе  шоҳзода ба вазир Чу гуфт:

- Ту маро тамоман дӯст намедорӣ.

- Чаро шумо чунин мегӯед? — пурсид Чу. — Ман ҳамеша нисбат ба шумо эҳтироми хоса дорам.

- Шэ маро аз ту бештар дӯст медорад, — гуфт шоҳзода.

- Чаро шумо чунин фикр доред? — боз пурсид Чу.

- Чунки Шэ ҳеҷ гоҳ маро сарзаниш намекунад. Ту бошӣ доимо иштибоҳ ва камбудиҳои маро ёдрас мекунӣ. Агар ту маро дӯст медоштӣ, ба камбудиҳои ман аҳамият намедодӣ.

Чу гуфт:

- Шахсе, ки камбудиҳои дӯсташро мебинаду хомӯш меистад, боиси он мегардад, ки онҳо дучанд шаванд. Нафаре, ки аз хусуси ин камбудиҳо мегӯяд, барои аз байн рафтанашон кумак мекунад. Акнун шоҳзодаам қазоват кунед, ки шуморо кӣ бештар дӯст медорад: ман ё Шэ?

 Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»