Боз бо ҳам ошно гаштему гавҳар ёфтем

№77 (4027) 27.06.2019

orig_7b1a7023be475e29b7a15117eb7bd47fБо талоши Пешво озода кишвар ёфтем,

Боз давлат, боз парчам, боз минбар ёфтем.

Тоҷи худ гум карда будему нигину нангу ном,

Он ҳама гумкардаҳоро бори дигар ёфтем.

Не маҷоли пеш рафтан буд, не пас гаштане,

Дар шаби торики қисмат моҳу ахтар ёфтем.

Шукри дасти Пешво, чун боғбоне даррасид,

Аз ниҳоли орзуи хештан барёфтем.

Як замоне санги тӯфон заврақи моро шикаст,

Раста аз дарёи ғам, худро шиновар ёфтем.

Қатраҳо аз ҳам ҷудо буданд, дарёҳо пареш,

Боз бо ҳам ошно гаштему гавҳар ёфтем.

Нотавон будем чанде пеши дасту панҷаҳо,

Дар раҳи мардонагӣ худро тавонгар ёфтем.

Қиссаи сулҳу амонӣ баҳри мо афсона буд,

Шукри ин сулҳу амонӣ, боз бовар ёфтем.

Тирамоҳи бахт бигзашту зимистонҳои дил,

Гулфишону навбаҳори тозаву тар ёфтем.

Осмон бошад барои сарфарозиҳои мо,

Сарфарозонем, з-он рӯзе, ки Сарвар ёфтем.

Адибаи Хуҷандӣ