Ч о р а

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

ҳаҷвия

Он рӯз Алишер ончунон афгору руҳафтода ва ғарқи дарёи ғам буд, ки ҳатто аз назди Мухтор гузашту ӯро надид. Ин ба иззати нафси дӯсташ сахт расид.

– Писанд накард, – гуфт худ ба худ ва бо оҳанги дурушт ӯро садо кард.

– Ҳой, Алишер!

Ӯро гӯё барқ зада бошад, як қад парида, ҳаросон:

– А?.. Ҳа!.. – гӯён ба гирду атроф нигарист.

Ва дӯсташро дида оҳи сабуке кашид:

– Э, ин тӯӣ, Мухтор?

Мухтор бо оҳанги ранҷиш гуфт:

– Ҳо, манам, нашинохтӣ?

– Аз ман хафа нашав, – узрхоҳона бо овози ғамангез гуфт Алишер. – Чунон гиҷам, ки туро надидам.

Воқеан, авзояш беҷо, чашмонаш суп-сурх, мӯйҳояш жӯлида. Вай пушаймон шуда, андешид: «Хайрият, дағалӣ карда, ба ӯ ягон ҳарфи баде нагуфтам».

– Э, ба ту чӣ шуд, дӯстам? – дилсӯзонаву узромез пурсид Мухтор.

– Эҳ, напурс дӯстам, – маҳзунона посух дод Алишер. – Ҳо, асло напурс.

– Гӯй, дӯстам, чӣ дард дорӣ, – ҷиддӣ гуфт Мухтор. – Шояд ёрӣ расонам.

Лаҳзае ба фикр фурӯ рафту ниҳоят лаб ба сухан кушод:

– Як ҷиян дорам, чор сол шуд, ки дар Россия кор мекунад. Ҳар шаб ба ман занг мезанад.

– Э, ҳа-а, шукр кун, одами хушбахт будаӣ, – беихтиёр хандид Мухтор. – Ҷиянҳои ман маро умуман ба гӯшаи хаёл ҳам намеоранд. Мефаҳмӣ?

– Мефаҳмам, мефаҳмам, – гуфт Алишер.

– Фаҳмӣ, ношукрӣ накун, – насиҳатомез гуфт Мухтор. – Ношукрӣ хуб нест. Беҳтараш аз ин муошират лаззат бурда, илҳом гир.

– Эҳ, – шикоят кард Алишер. – Ӯ соати дуи шаб занг мезанад…

Бо таҳайюр ҳарфашро бурид:

– Соати дуи шаб занг мезанад?

Ӯ ба тасдиқ сар ҷунбонд:

– Оре.

Пасон афзуд:

– Охир, модарам дар деҳа дилкасал. То гӯширо фаъол мекунам, ки сад бор мурдаву зинда мешавам. Вай бошад бепарво, «тағо зиқ шудам, чорта чақ-чақ кунем», мегӯяд. Ва ним соат мелақаду мелақад. Пас аз ин дигар хоб куҷову осоиш куҷо? Сарам чунон гиҷ мешавад, ки дар тасвираш оҷизам. Чанд бор ишора кардам, нафаҳмид. Боре асабиёна рӯи рост гуфтам, аммо, чӣ мегӯед, ки ӯ қоҳ-қоҳ механдад. Баъд мегӯяд:

– Тағо ганда шӯх шудаӣ.

Шаби дигар боз мепурсад:

– Тағо, хоб набудӣ?

– Неъ!

– Эъ, чаро?

– Намедонӣ?

– Неъ!

– Пашшаҳои бадзот намегузоранд, ки хоб кунам.

– Ҳеҷ гап не, зимистон хоб мекунӣ.

– Чӣ, ман хирсам магар?

– Ту хирс не, устоди хирсӣ…

– Ё тавба! – гиребон гирифт Мухтор.

– Чаро тавба мегӯӣ?

– Наход ҷиянат ҳамин қадар хасис бошад-а?

Алишер ҳайрон шуд аз ин лафзи дӯсташ:

– Чаро ин хел мегӯӣ?

– Охир, зангҳо баъди соати яки шаб арзон аст, – шарҳ дод Мухтор.

– Наход?! – ангушти ҳайрат газид Алишер. – Ана, гап дар куҷо будааст?

Сипас, оҳи сарде кашида илова кард:

– Ба Худо, ин ҷиянам оқибат маро мекушад.

Хомӯшу хаёлманд Мухтор ба чеҳраи Алишер менигарад.

– Ҳеҷ чорае наёфтам, ки наёфтам, – оҷизона изҳор намуд Алишер.

Дарди дӯсташ Мухторро ба андеша водор месозад.

Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмрон мегардад.

Чизе ба ёди Мухтор мерасаду хомӯширо барҳам зада, мегӯяд:

– Чораи наҷоти туро ёфтам.

– Наход? Хӯш, хӯш!

 ***

Ин шаб Алишер хоб накард, занги ҷиянашро интизор шуд. Чун ҳамеша соати дуи шаб садои занг баланд гашт. Гӯё зангӯлаи бахташ садо дода бошад, тағо саросема телефонро фаъол намуда, хушҳолона нидо намуд:

– Салом ҷияни тағош!

– Салом…

– Э, хайрият занг задӣ, ҷияни тағош, – гуфт ӯ ва афзуд: – Вагарна худам занг мезадам.

– Занг мезадед? Чаро? Чӣ гап шуд?

– Охир, ту чун обу ҳаво ба ман зарур ҳастӣ.

– Наход?!.

– Ҳо, ту наҷотбахши ман ҳастӣ!

– Э… тағо… натарсонед… тинҷӣ аст?

– Не-да, ҷияни тағош, тинҷӣ нест, – воҳима кард тағо ва бо ҳамчунон оҳанг афзуд: – Ҳеҷ тинҷӣ нест, ки нест.

Дами ҷиян ба дарун зад.

– Зарурате пеш омадаасту оҷилан панҷсад доллар равон кун, ки кор чатоқ мешавад…

– Чатоқ…

– Э, чатоқ ҳам гап шуд, расво мешавад…

– Алло!.. Алло!.. Тағо, овозатон гум шуд… Намешунавам… Пуф-ф!.. Алло!.. Э, ин алоқаи сабил… Пуф-ф!..

Баъд садои гуд-гуди дароз ба гӯши тағо расид.

Вай телефонро хомӯш карда, шоду хандон нидо намуд:

– Чора кор дод!

Шавқи омади кор дар дилаш ҷӯш мезад, ӯро ором намегузошт. Аз ин рӯ, ду шаби дигар низ ӯро хоб набурд. Шаби сеюм «ҳар чӣ бодо бод!» — гӯён худаш ба ҷиянаш занг зад. Аз гӯшӣ чунин посухро шунид:

– Ин рақам дар шабакаи мо вуҷуд надорад…