Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад

Чеҳранигор

№107 (4527) 29.08.2022

IMG_7079Соли 1990 рӯзномаи нав бо номи «Паёми Душанбе» таъсис ёфт, ки услуби хоси нигориш, гуногунрангию ҷолибияти матолиб аз дигар нашрияҳо фарқ мекард. Бори нахуст маҳз дар ҳамин рӯзнома акси кормандони нашрия бо тарҷумаи ҳол ба табъ расид.

Аз ҳамон сол ман бо навиштаҳои рӯзноманигори хушсалиқа Тиллои Некқадам ошно шудам. Гумон надош­там, ки рӯзе бо ӯ ҳамкор мешавам, зеро он солҳо ҳарчанд баъзан мақола нависам ҳам, дар Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» ба ҳайси мутахассиси пешбар кор мекардам. Вале умр чу дарёи тезҷараён аст. Бо ҳукми тақдир аз соли 1996 ба кори рӯзноманигорӣ гузаш­та, инак соли ҳафтум аст, ки бо Тилло дар як идора кор мекунам. Таи ин солҳо ӯро чун шахси меҳнатдӯст, мушкилнописанд, зиндадилу инсондӯст, самимию хоксор ва дӯсти беғараз шинохтам.

Собиқ муҳаррири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Паёми Душанбе», нависандаи мумтоз Имомиддин Раҳимӣ солҳои бо Тиллои Некқадам якҷоя кор карданро ба хотир оварда, чунин гуфт: — Аз рӯзҳои аввали ба идораи рӯзнома ба кор омадан рӯзноманигори дорои мавқеи муайян, муҳаққиқи пуркор, нисбат ба худ серталаб ва навовар буданро нишон дод. Ӯ ҳам дар гуфтору ҳам дар навиштан мақоли «ҳафт бор чен куну як бор бур» — ро риоя мекунад.

Он давраҳо интернет набуд ва маълумоти нав дар бораи филмҳо ва ҳунарпешагон маҳз дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасид. Бинобар ин, мухлисони синамо мақолаҳои нави ӯро интизорӣ мекашиданд. Ин гуфтаро рӯзноманигори собиқадор Умари Шерхон тасдиқ намуда, афзуд:

- Таи 30 соли охир Тиллои Некқадам дар ҷодаи журналис­тикаи ватанӣ ягона  нафарест, ки аз боби бурдубохт, таърих ва навгонии кинои тоҷику ҷаҳон мақола менависад ва тавассути шабакаи телевизиони «Синамо» ақидаи хешро дар барномаи «Ганҷи тасвир» баён медорад. Яке аз паҳлуҳои эҷоди ӯро матолиб аз хусуси асосгузори кинои тоҷик Артис­ти халқии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Комил Ёрматов ташкил медиҳад. Тӯли солиёни зиёд ба китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои солҳои сиюм ва чилуми асри ХХ рӯ оварда, бисёр паҳлуҳои ҳаёти ин нобиғаи ҳунарро муайян намуд. Натиҷаи ҷус­туҷӯҳояшро дар рӯзномаи «Садои мардум» зери унвонҳои «Ҳашт пешниҳод» (ба истиқболи 80 — солагии К. Ёрматов) 18 июни соли 1992, №134 (364), «Ёдгорӣ аз «Муҳоҷир» 12 сентябри соли 1992, №175 (425), «То вопасин нафас тоҷик буд, аммо дигар аз мо набуд», 26 феврали соли 1999, №10 — 11 (1100 — 1101), «Ёдгори  азизу бебаҳо» («Адабиёт ва санъат», 11 январи соли 1990), «Мехӯранд афсӯси ӯ» («Ҷавонони Тоҷикистон», 24 сентябри соли 1989) ва  ғайра ба табъ расонид.

Чор мақолаи ба мавзӯи синамо бахшидааш дар китоби «Дурахши кинои тоҷик» (Душанбе, «Ирфон», соли 2011) чоп шудааст. Навиштаҳояш дар бораи таърихи синамои тоҷик, коргардону наворбардорон ва ҳунарпешагони мумтоз, аз қабили Комил Ёрматов, Василий Кузин, Иброҳим Барамиков, Қутбиддин Олимов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Гурминҷ Завқибеков, Марат Орифов, Дилбар Қосимова, Нозукмоҳ Шомансурова, Ҷаҳон Саидмуродов, Маҳмуд­ҷон Воҳидов, Андрей Бобоев, Бимбулат Ватаев ва дигарон хонданибобанд.

Хонанда аз навиштаҳояш дар хусуси чеҳраҳои барҷастаи кинои ватанию хориҷӣ таърихи банаворгирии филмҳо муносибати арбобони сиёсию давлатӣ бо фарҳанг маълумоти зиёд мегирад. Барои таҳияи ҳар як мақола Тилло заҳмати зиёд кашида, бо коршиносон ва шахсони ба мавзӯъ иртиботдошта мусоҳиб мешавад. Дар натиҷа, навиштаҳояш хеле суфтаю равон ва осонфаҳм буда, ба дили хонанда зуд ҷой мегиранд. «Афсӯс гаҳе зиндабузургон нашиносем» (соли 2009), «Зеботарин актрисаи кинои Ҳиндус­тон» (соли 2013), «Ӯ ба кино ҳаёти аврупоиро ҷорӣ намуд» (соли 2013), «Артист»- и бебарор, вале тоҷири муваффақ» (соли 2014), «Зани бадкирдор» (соли 2014), «Актёри бераҳму дағал», вале писанди тамошобин» (соли 2015), «Братан» ва рекордҳои ҷаҳонӣ дар 26 — солагӣ» (соли 2016), «Рақс бо кабӯтарон дар ҳузури Рустами Достон» (соли 2017), «Ҳар кӣ ӯро дид, агар  Фирдавсии  нодида дид» (соли 2018) ва даҳҳо мақолаҳояш хеле моҳирона ба риштаи тасвир  кашида шудааст. Маҷмӯи ин гуна мақолаҳо дар китоби «Боз­тоби чеҳраҳои  дурахшони кино» (Душанбе, «Аржанг», 2019, саҳ. 248) чоп шуд, ки армуғони арзандае ба ҷашни 90 — солагии кинои тоҷик мебошад.

Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмӣ — методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Он аз ҳафт боб — «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои ба мо дӯст», «Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», «Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва «Саҳми устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи кинои миллии тоҷик» иборат аст. Моҳиятан «Бозтоби чеҳраҳои  дурахшони кино» он  холигиеро, ки солҳои охир дар омӯзиши таърихи кинои тоҷик ва киношиносӣ ба миён омада буданд, то андозае бартараф мекунад.

- Айёме ки дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» кор мекардам, дар бораи ҳунарпешаҳои дӯстдоштаамон ситораҳои кинои Ҳиндустон Раҷ Капур, Наргис, Виҷаянтимала, Митҳун Чакраборти ва дигарон мақола чоп мекардам. Он солҳо интернет набуд ва ман рӯзҳои дароз дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ маҷаллаву рӯзномаҳои марказӣ ва хориҷиро варақ зада, дар бораи ҳунарпешаҳои  шинохтаи Ҳиндустон маълумот меҷустам. То ҳадди имкон дар бораи онҳо ба мухлисонашон иттилоъ медодам. ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки рӯзе бо ситораи кинои Ҳиндустон Митҳун  Чакраборти ва писари Раҷ Капур- Рандхир Капур вохӯрда, барои хотира сурат мегирам. Аз 28 сентябр то 3 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кинофестивали VIII байналмилалии Тошканд – «Дурдонаҳои Роҳи бузурги абрешим» гузаронида шуд. Ба ман муяссар шуд чун киношинос дар ин кинофес­тивал иштирок кунам ва дар нишастҳои матбуотӣ ва семинарҳо оид ба кино Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намоям. Дар қатори даъватшудагон — меҳмонҳои фахрии кинофестивал Стивен Сигал, Никита Михалков, Жерар де Пардё, ҳамчунин, ҳунарпешаҳои дӯстдоштаи ман Митҳун Чакраборти ва Рандҳир Капур низ ҳузур дош­танд. Беҳуда нагуфтаанд ки «орзу дар ҷавонӣ айб нест». Ба қавле, ба орзуи ҷавониям дар 60 — солагӣ расидам ва бо Митҳун Чакраборти ва Рандҳир Капур ҳамсуҳбат шуда, сурати хотиравӣ гирифтем. Дар хотимаи кинофестивал ба меҳмонон ва иштирокчиён Ҷоизаи хотиравии «Лаълии дурдонаҳои Роҳи бузурги абрешим» тақдим гардид. Аз ҷумла, банда низ ба гирифтани ин ҷоиза  мушарраф гардидам,- изҳор дошт баъд аз сафари Тошканд Тиллои Некқадам.

Ҳамкорамон Мирзо Рус­тамзода маҳз ҳамин меҳнатдӯстию таҳқиқу ҷустуҷӯҳои Тиллои Некқадамро бо назм чунин баён кардааст:

Нони худро бо қалам умре ту пайдо кардаӣ,

Саҳфаи рӯзномаҳоро пур зи тилло кардаӣ.

Номи Тилло,  баски дорӣ,  кони тилло мондаву

Солҳое кофтуков «архив» — и кино кардаӣ.

Дар айёми мактабхонӣ ду хабари Тиллои Некқадам бо номҳои «Ҷои дӯстдошта» ва «Лексия» дар рӯзномаи ноҳиявии «Овози дӯстӣ» (ноҳияи Рӯшон) 12 феврали соли 1975 ба табъ расида буд. Баъд аз ду моҳ дар ин рӯзнома хабари  навбатиаш бо номи «Тайёрӣ» бахшида ба 70 — солагии нависанда Михаил Шолохов ба табъ расид. Рӯзи дигар муҳаррири рӯзнома Шодихон Муборакшоев ба мактаб омада, бо Тилло ҳамсуҳбат шуд ва маслиҳат дод, ки минбаъд мақолаю лавҳанависиро низ машқ кунад. Аз суҳбат бо муҳаррир илҳом гирифта дар бораи фаъолияти бародарон Озодӣ ва Соҳибназар Мамадамоновҳо, ки узви бригадаи хошоктайёркунии колхози ба номи Ленини ноҳияи Рӯшон буданд, лавҳа навишт, ки 31 июли соли 1975 зери унвони «Бародарон» чоп шуд.

Баъдан, як силсила мақолаҳояш дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» ба табъ расиданд.

- Дастгирию дилбардории кормандони рӯзномаи бароям хеле азиз — «Овози дӯстӣ» (ҳоло «Пайғоми Рӯшон») — ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Маҳз чунин рӯҳбаландкунӣ буд, ки ба гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикис­тон дохил шуда, онро хатм намудам ва сию ду сол боз  рӯзноманигорам.

Ғайр аз ду китоби зикршуда, номбурда муаллифи китобҳои «Журналистони Бадахшон» (соли 2005), «Устоди ҳунари актёрӣ» (соли 2012), «Маҳрами сухан» (соли 2015), «Ҳаёти ибратбахш» (соли 2016) ва «Лолаҳои Бадахшон» (2022) низ мебошад.

Соли 2012 мавсуф бо Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Хома- 2012» мушарраф гардид. Ҳамон сол ӯ барои инъикоси ҳаёту корнамоиҳои ҷангии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони  башардӯст ва бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» дар  саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» бо ордени «За заслуги»-и Иттифоқи собиқадорони Афғонистони Федератсияи Россия қадрдонӣ шуд.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2001), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008), «Аълочии кинематографияи тоҷик» (соли 2020) ва сазовори ду «Ифтихорнома» — и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Аз соли 2020 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»