Дараи Мухтор, ки зодгоҳи Восеи қаҳрамон мебошад, яке аз мавзеъҳои хушобу ҳаво ва зебоманзару таърихии ноҳияи Ховалинг ба ҳисоб меравад. Ин макон бо ду чинори сар ба фалак ва суфаи барҳавои зери онҳо машҳур аст. Касоне, ки бори аввал ба ин макон меоянд, ҳатман аз таърихи чинорҳои азим пурсон мешаванд. Мардуме, ки дар ин русто умр ба сар бурдаанд, бофарҳанг, меҳмоннавоз, ба якдигар дӯсту тифоқ, ҳунарманд ва хеле ҷасур будаанд.
Домулло Қосим, Домулло Қодир (бо унвони эшони Халифа машҳур аст, табиби халқӣ), Шакар Баҳодур (падари Восеъ), Восеи қаҳрамон, Домулло Бурҳон, эшони Ҳақназар, Мулло Абдусаттор, Мирзобой ва Собирбой (шахсони саховатманд), усто Карим, бобои Мулло Ятим, Бобо Камол (набераи Восеъ), Мулло Айнуддин (донандаи илми нуҷум ва ҳисоб), момаи Қамар ва Дурҷамол (табибони халқӣ), момаи Мамлакат, Махдуми Сайволуддин, Сӯфӣ Қурбон (донандаи қиссаҳои халқӣ) ва чанде дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки аз ҷумлаи шахсиятҳои бофарҳанг, ҳунарманд ва саховатпешаи ин диёр буданд.
Таърихи деҳаи Дараи Мухтор ба ин шахсиятҳо алоқамандии зич дорад. Онҳо буданд, ки зери чинорҳои сар ба фалак меҳмонони ба деҳа воридшударо пазироӣ ва камбағалу бепарасторонро дастгирӣ мекарданд. Аз ин ҷост, ки анъанаҳои беҳтарин ва суханҳои пандомези онҳо байни мардум то ҳол маъмуланд.
Вақте ки сухан аз чинорҳои деҳа меравад, таърихи 350- 400 — солаи ин макон пеши назар меояд. тӯли қарнҳо дар ин дараи хушманзара чинорҳо бозгӯйи ҳодисаҳо ва зиндагиномаи мардуми ин гӯшаи Тоҷикистони азиз буданд.
Пирони деҳа ривоят мекарданд, ки солҳои барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ (солҳои 1917- 1923) барои мардум хеле мушкил буд. Аҳолии деҳаро зери чинорҳо босмачиҳо ҷамъ намуда, таҳдид мекарданд. Дороии онҳоро кашида гирифта, бо худ мебурданд. Боре гурӯҳи мусаллаҳи босмачиён ба деҳа ворид шуда, аз мардум бо таҳдид хӯрок ва аспҳои савориашонро талаб менамоянд. Вале ҷавонони башӯромадаи деҳа бо роҳбарии Ятим Раҳимов (бобои Мулло Ятим) бо сангу чӯб ба онҳо ҳуҷум намуда, аз деҳа берун месозанд. Баъди дастгиршавии ин гурӯҳи мусаллаҳи босмачиён аз тарафи аскарони сурх ба мардуми деҳа барои ҷасорат нишон додан туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мешавад.
Вохӯрии нахустини аҳолии деҳа бо аскарони сурх (русҳо) зери ҳамин чинорҳо (дар акс) сурат гирифтааст. Устод Сотим Улуғзода чанд маротиба бо куҳансолони деҳа болои суфаи зери чинорҳо суҳбат ороста буд ва дар ин замина романи таърихии «Шӯриши Восеъ» тавлид ёфт.
Соли 1969, бо сабаби боронгарии зиёд ва кандани ярч аз теппаҳои болои деҳа, роҳбарони ноҳияи Восеъ (Ховалинг ба он шомил буд) мардуми деҳаро болои суфаи зери чинорҳо ҷамъ ва аз онҳо иваз намудани макони зисташонро талаб намуданд. Мардум ночор кӯч баста, деҳаи ҳозираи Дараи Мухторро обод карданд.
Соли 1988 ба ифтихори 100- солагии Шӯриши Восеъ дар ин макон осорхона бунёд ёфт ва дар байни чинорҳои азим нимпайкараи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ қомат афрохт ва чун пештара суфаи зери чинорҳо пур аз меҳмон гардид.
Замони ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992- 1994) ин макони таърихӣ хеле даҳшатбор ба назар мерасид. Силоҳбадастон онро ба истироҳатгоҳи худ табдил дода буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 ва моҳи июни соли 2004 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, зери чинорҳо лаҳзае фароғат намуда, аз таърихи деҳа пурсон шуданд. Хушбахтона, деҳа аз пештара ободу зебо ва тамошогоҳи хурду бузург гардидааст. Мардум ба хотири истироҳат дар зери чинорҳои азим, об нӯшидан аз чашмаи таърихии «Чурак», шинос шудан ба таъриху фарҳанги диёр ба воситаи «Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ба ин ҷо меоянд. Ду чинори азим ва сар ба фалаки деҳа ҳамчун рамзи сарбаландӣ ва меҳмоннавозии мардуми русто ва умуман, мардуми сарбаланди Ховалинг, устувор боқӣ мондаанд. Метавон аз ин ёдгориҳои таърихӣ дар тарбияи ватанпарастӣ ва башардӯстии насли ҷавон истифода бурд ва онҳоро ба ояндаи боз ҳам дурахшон ҳидоят кард.
Нуралӣ СИТАМОВ, корманди «Осорхона- мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ»