Даҳ рӯзи такдирсози Даҳа

№43 (3680) 22.04.2017

ДекадаШаст сол мукаддам, аз 10 то 20 апрел дар шаҳри Моск­ва Даҳаи адабиёт ва санъати халки тоҷик баргузор гардида буд.

Ба даҳа Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмаи ба номи А.Лоҳутӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В. Маяковский, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Оркестри асбобҳои халкӣ, Ансамбли рубобчизанон, Ансамбли суруду ракс, Ансамбли тарона ва ракси Помири назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон омодагии хеле ҷиддӣ дида буданд.

Коллективҳои ҳаваскорони худфаъолияти бадеӣ, шуъбаи тоҷикии Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинград, Ансамбли суруд ва ракси кӯшунҳои сарҳадии Округи Осиёи Миёна, иттифокҳои нависандагон, оҳангсозон ва рассомони Тоҷикистон, Киностудияи филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Сталинобод бо барномаҳои ҷолибу мукаммали консертӣ, намоиши асарҳои рассомон ва филмҳои нави ҳунариву мустанад дар даҳа иштирок карданд. Дар маҷмӯъ, санъаткорони маъруфи тоҷик даҳ рӯз сокинони пойтахти СССР – шаҳри Москваро ба шӯру шавк оварданд.

Донишҷӯёни Студияи тоҷикии Институти давлатии санъати театрии Москва (солҳои 1955-1960) кариб ҳар рӯз ба театру намоишгоҳҳо, толорҳои консертӣ рафта, аз комёбиҳои фарҳангии кишварашон баҳравар мешуданд. Муаллимони институт Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков ҳамроҳи шогирдон спектаклу намоишнома ва барномаи консертии санъаткорони Тоҷикистонро тамошо карда, ба ин васила сатҳи ҷаҳонбинӣ дониш ва малакаи донишҷӯёнро бештар такмил медоданд.

Дар байни ин донишҷӯёни хушбахт Аскар Абдураҳмонов низ  буд, ки баъд ба дараҷаи профессорӣ расида, 40 сол дар Институти давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, декани факултети санъати театрӣ ва проректор оид ба илм шуда, дар тарбияи актёрони оянда саҳми калон гузоштааст.

Тавре профессор Абдураҳмонов накл кард, барномаҳои даҳа аз сешанбеи 9 апрели соли 1957 оғоз ёфтанд. Масалан, Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо балети «Дилбар» (оҳангсоз А.Ленский, либреттои А.Азимова ва М.Рабиев) дар таҳияи Ғ.Валаматзода дар бинои филиали Театри калони СССР (вокеъ дар кӯчаи Пушкин 6-и шаҳри Москва) ва Театри давлатии академӣ-драмаи Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ рӯзи 9 апрел бо пйесаи «Саодат»-и С.Саидмуродов ва М.Рабиев, таҳияи А.Бурҳонов, дар бинои Театри давлатии ба номи А.С.Пушкин (вокеъ дар кӯчаи Булвари Твер 23), ба даҳа ҳусни оғоз бахшиданд.

Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон ба номи В.В.Маяковский бошад, бо драмаи «Добрая слава»-и М.Рабиев, таҳиягарон А.А.Герр ва М.Назаров дар бинои Театри давлатии драмаи ба номи Е.Б.Вахтангов (вокеъ дар кӯчаи Арбат, 26) тамошобинони москвагиро шод гардониданд.

Вале Даҳаи адабиёт ва санъати халки тоҷик дар шаҳри Москва расман 10 апрели соли 1957, соати 1000 дар толори боҳашамати (Колонный зал Дома Союзов) Хонаи Иттифокҳои шаҳри Москва (кӯчаи Охотный ряд 1) ифтитоҳ ёфт. Худи ҳамон рӯз дар толори консертҳои ба номи П.И.Чайковский консерти Ансамбли тарона ва ракси Помир ва дар Хонаи кино намоиши филмҳои ҳунарии тоҷикӣ доир гардид.

12 апрели соли 1957 дар Осорхонаи марказии политехникии шаҳри Москва «Шаби эҷодии Лауреати мукофоти Сталинӣ — Мирзо Турсунзода» баргузор шуд. Аскар ва шарикдарсонаш дар ин шабнишинӣ иштирок намуда, шеърхонии иштирокчии ҷавони даҳа аз ноҳияи Ашт Маҳмудҷон Воҳидовро гӯш карданд. Маҳмудҷон он рӯз шеърҳои устод Мирзо Турсунзода –«Закон братство» (ба забони русӣ) ва «Мамлакати тиллоӣ»-ро ба самъи ҳозирон расонд.

Олга Ивановна Пижова ба шогирдонаш иҷозат дода буд, ки дар аксари чорабиниҳои фарҳангии даҳа фаъолона иштирок намоянд. Вале тамошои барномаҳои Театри давлатии академӣ — драмаи ба номи А. Лоҳутиро ҳатмӣ ва зарур мешуморид. Зеро ихтисоси донишҷӯёни студияи тоҷикии ГИТИС актёри театри драмавӣ буд. Аз ин сабаб, Аскар бо Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳаким Мамадзоҳиров, Мукаррама Камолова, Носир Ҳасанов, Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо ва дигарон намоишномаҳои ин театрро тамошо карданд. Ҳунармандони театри овозадори тоҷик пйесаҳои «Саодат»-и С.Саидмуродов ва М.Рабиев (таҳияи А. Бурҳонов), «Шоҳ Лир»-и В.Шекспир,(таҳияи Е.И.Мителман), «Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ (таҳияи Ҳ. Раҳматуллоев), «Дил-дили Зайнаб»-и Ш.Киёмов ва А. Морозро (таҳияи Ш. Киёмов) дар шаҳри Москва ба тамошобинон пешниҳод карда буданд.

- Мо, донишҷӯён ҳар як пйесаву намоишномаро бесаброна интизорӣ мекашидем ва бо шавку ҳавас ҳунарнамоии Артис­ти халкии СССР Муҳаммадҷон Косимов, артистони халкии РСС Тоҷикистон Аслӣ Бурҳонов, Софя Тӯйбоева, Тӯҳфа Фозилова, артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон — Ҳоҷикул Раҳматуллоев, Гулчеҳра Бакоева, Алиназар Хоҷаев, Тӯтӣ Ғаффорова, Абдулхайр Косимов, Зоҳир Дӯстматов, Шамсӣ Ҷӯраев, Муҳаммадҷон Халилов, Шаҳодат Сиддикова ва дигаронро тамошо кардем. Он замон тасаввур карда наметавонис­тем, ки рӯзе ҳамроҳашон дар як театр кору фаъолият хоҳем кард, — мегӯяд ӯ.

Албатта, ҳар як пйесаву намоишнома дар дили Аскари ҷавон чун шуъла накши худро гузоштанд, вале тамошои фоҷиаи «Шоҳ Лир»-и В.Шекспир, дар таҳияи Ефим Исаевич Мительман ва бозии олиҷаноби Муҳаммадҷон Косимов дар накши шоҳ Лир, Аслӣ Бурҳонов – Граф Кент ва Ҳоҷикул Раҳматуллоев – Граф Глостер кобили мулоҳиза буд.

Баъди тамошои намоишномаҳои театрии даҳа донишҷӯёни тоҷик ба хобгоҳ баргашта, то бевактии шаб бозии ҳунарпешаҳои Театри давлатии академӣ-драмаи ба номи А. Лоҳутиро ба хотир оварда, порчаҳоро таклид мекарданд.

Баробари тамошои асарҳои драмавӣ донишҷӯёни Студияи тоҷикии ГИТИС фурсат ёфта, 13 апрели соли 1957 дар Хонаи кино филмҳои ҳунарии «Писар бояд зан гирад» (режиссёр Т.Собиров), «Дӯсти ман Наврӯзов» (режиссёр Ш.Киёмов ва Н.Литус), «Ман бо духтаре вохӯрдам» (режиссёр Р.Я.Перелштейн) ва боз чанд филми мустанадро тамошо карданд. Суруди машҳури «Дидам ҷамоле…» аз филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» баъди даҳа дар Иттифоки Советӣ машҳур гашт.

18 апрели соли 1957 дар Хонаи марказии журналистони СССР «Шаби адабӣ бахшида ба хотираи устод Абулкосим Лоҳутӣ», ки чанд рӯз пеш аз оғози даҳа вафот кард, баргузор гардид. Аскар дар ин шабнишинӣ иштирок дошт ва хотираҳои дӯстон ва шогирдони устод Лоҳутӣ, бахусус ҳамсараш Силсила Бону-Лоҳутиро, бо мароки том гӯш кард.

Баъди бомуваффакият ҷамъбаст кардани Даҳаи адабиёт ва санъати халки Тоҷикис­тон дар шаҳри Москва Олга Ивановна Пижова дар бораи даҳа ва комёбиҳои ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ — драмаи ба номи А.Лоҳутӣ дар маҷаллаи он солҳо машҳури «Театр» маколаи калон ва пурарзише ба табъ расонид.

Муждаи дигаре, ки донишҷӯ Аскар Абдураҳмоновро хеле хурсанд кард, ин ба роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва ракси Помир Ғуломҳайдар Ғуломалиев, актрисаи Театри давлатии академӣ — драмаи ба номи А. Лоҳутӣ — Тӯҳфа Фозилова ва раккосаи балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ — Лутфӣ Зоҳидова додани унвони фахрӣ – «Артисти халкии СССР» буд.

Инак, аз он айёми гуворо ва хотирмон расо 60 сол гузашт. Бештари иштирокчиёни даҳа имрӯзҳо дар кайди ҳаёт нестанд. Устод Алиризо Раҳмонкулов, Хайрӣ Назарова, Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Марям Исоева, Тамара Абдушукурова ва чанд нафари дигар, ки дар даҳа иштирок доштанд, имрӯзҳо сиҳат ва саломат буда, ҳоло ҳам дар пешрафти санъати тоҷик саҳмгузоранд.

Даҳаи адабиёт ва санъати халки тоҷик дар шаҳри Москва (соли 1957) баъди даҳаи соли 1941 танаффуси 16 — соларо рахна зад ва бори дигар ба халкиятҳои 15 ҷумҳурии бародар нишон дод, ки тоҷикон солҳои мушкили баъдиҷангиро мардонавор паси сар карда, дар санъати театрӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, балет, кино ва ғайраҳо хеле пеш рафтаанд.

Агар дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Моск­ва соли 1941-ум 750 нафар санъаткор, 5 коллективи эҷодӣ бо 7 асари драмавӣ, опера ва балет ва барномаҳои консертӣ иштирок карда бошанд, даҳаи дуюм аз 1200 нафар, 11 коллективи эҷодӣ, 10 спектакл ва 6 барномаи консертӣ иборат буд.

Агар дар даҳаи якум баъди ҷамъбасти бомуваффакият ба 141 нафар ходими санъати тоҷик ордену медалҳои СССР супорида бошанд, дар даҳаи дуюм зиёда аз 300 кас сазовори мукофотҳои давлатӣ шуданд.

Агар дар даҳаи соли 1941 танҳо ба як нафар унвони «Артисти халкии СССР» дода бошанд, дар даҳаи соли 1957 ба се нафар санъаткори тоҷик ин унвони баландро сазовор донистанд.

Агар дар даҳаи нахустин киносозони тоҷик як филми ҳунарӣ – «Дӯстон боз вомехӯранд»-и режисёр К. Ёрматовро пешниҳод карда бошанд, дар даҳаи дуюм се филми ҳунарии ранга ва васеъэкран намоиш дода шуд.

Аз ин даҳа суруди машҳури «Дидам ҷамоле» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги А. Бобоев) дар умумииттифок шлягер – писанди ҳама гардид.

Аз ин даҳа ситораи ҳавас­кори ҷавон аз деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт — Маҳмудҷон Воҳидов дар осмони санъат тулӯъ кард.

Матбуоти марказӣ –рӯзномаҳои «Правда», «Известия», «Советская культура», «Труд» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷараёни даҳа такризу макола ва гузоришҳо ба табъ расониданд.

Дар маҷмӯъ, даҳ рӯзи даҳа такдири даҳсолаҳои ояндаи санъати халки тоҷикро муайян кард, ки ҳоло низ тобишу таровати он ба мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

 Тиллои НЕККАДАМ,

«Садои мардум»