То сар ниҳодаам ман дар остони Ваҳдат,
Сад гул шукуфта дидам, дар бӯстони Ваҳдат.
Обод кишвари ман, озод дилбари ман,
Хушбахт миллати мо, ин ки нишони Ваҳдат.
Ин ҷо ситоразор аст, инсон бахтиёр аст,
Дар ҷилва моҳу хуршед бар осмони Ваҳдат.
Бо ӯст бахту давлат, аз ӯст зӯри миллат,
Гаштаст решапайванд ҷонам ба ҷони Ваҳдат.
Ҳар миллате, ки хор аст, тавҳид аз ӯ во раст,
Эй гӯшкар, шунав ту, ин аз забони Ваҳдат.
Ин миллати ҳунарвар, имрӯз шуд музаффар,
Бигзашт бори дигар аз имтиҳони Ваҳдат.
Пири тариқати мо, чун дид иззати мо,
Ӯ рафт шукргӯён то каҳкашони Ваҳдат.
«То ҷовидон — бигуфт ӯ,- поянда бод, ёрон,
Ҳам хонадони тоҷик, ҳам ошёни Ваҳдат.
Аз «ман» гузар ту «мо» шав, маҳбуби дидаҳо шав,
Ин маънӣ ҳаст пайдо, андар ҷаҳони Ваҳдат»
Имрӯз тӯю сур аст, оши адӯй шӯр аст,
Мастона рақс дорад, сарви равони Ваҳдат.
Мардони ҷонфидоро, ёрони бовафоро,
Дидем ин саҳаргоҳ дар даври хони Ваҳдат.
Мирзои масти махмур, дар даст чангу танбӯр,
Мехонд баҳри ёрон шарҳу баёни Ваҳдат.
***
Дидаам тиллои холис в-он ки хишти Ваҳдат аст,
Сохтмон аз ин масолеҳ як биҳишти Ваҳдат аст.
Меҳру шафқат, раҳму иззат, худшиносӣ, ҳамдилӣ,
Ин ҳама, ҷони азиз, андар сиришти Ваҳдат аст.
Маънии ҳар ҳарфи Ваҳдат дод бар дилҳо сурур,
Боз бикшудан муаммо дар навишти Ваҳдат аст.
Гар зи «ман» бигзашта «мо» бошем, гардем муқтадир,
Миллати моро саодат сарнавишти Ваҳдат аст.
Гар бубинӣ рӯи душманро сияҳ чун рӯи моҳ,
Бегумон ин доғҳо аз зарби мушти Ваҳдат аст.
Тоҷикистон шуд биҳишти нозанин рӯи замин,
Ин ҳама рушду нумӯ аз кору кишти Ваҳдат аст.
Оқилон бошанд моро сӯи Ваҳдат раҳнамун,
Ҷои ин соҳибдилон андар биҳишти Ваҳдат аст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»