Мушханда

Дар ҷустуҷӯи мучал

№2 (4108) 04.01.2020

- Мардак! – садои омиронаи занам аз ошхона баланд шуду дилам ба ларза даромад.

- Лаббай!

- Ин ҷо биё!

Тозон наздаш рафтам:

- Чӣ мегӯӣ, ҷонакам!

- Бало мегӯям! – дастонашро ба миён гузошта, мисли паланги бачапартоф­та ба сарам ғурид.

- Асабӣ нашав, касал мешавӣ, агар ягон камбудӣ бошад, ислоҳ мекунем, — бо забони шикаста ба хушомадгӯӣ даромадам.

- Аз дасти ту ягон кор намеояд, соли навро чӣ хел ҷашн мегирем? – дари яхдони холиро боз кард ӯ, — на гӯшт, на тухм, на равған…

Занам маҳсулоти хӯрокиро ном мегирифту чашму абрӯвонам мепариду манаҳам меларзид.

- Бо ин ҳол чӣ гуна соли навро истиқбол мегирем! – ниҳоят, суханашро хулоса кард занам.

- Ислоҳ мекунем, — забонам базӯр ба ҳаракат даромад.

- Кай ислоҳ мекунӣ?! – фиғон кашид ҳамсарам.

- Ҳамин рӯз, аз ягон рафиқам қарз мегирам.

- Умрам бо ту хазон шуд, гул барин духтар будам, сад харидор дош­там, вале ба ту расидаму сӯхтам.

- Рост мегӯӣ, занакҷон!

- Ман кай дурӯғ гуфта будам, ки акнун гӯям, — занам хеле гила кард, ашк ҳам рехт. Ман оби дидагонашро пок мекардаму гиря гулӯгирам мекард. Ба ҳоли занам дилам сӯхт.

Ногоҳ вай рост ба чашмонам нигоҳ карда пурсид:

- Мардак, солат чӣ буд?

- Гов!

- Ана, бадбахтии мо аз куҷо сарчашма мегирифтааст, — мутафаккирона гуфт ӯ. — Ба ҳамааш ҳамин гов гунаҳкор, агар ту гов нею я­гон ҳайвони дигар мешудӣ, зиндагиамон хуб мешуд. Масалан, шӯи ҳамсояамон — Маҳтоб муш аст. Зиндагиашон ягон камбудӣ надорад. Ҳар рӯз пушти мошинашро пур карда, ба хонааш меояд.

- Ҳақ асту рост, занакҷон, ҳамааш айби гов аст. Худам намедонам, ки чӣ тавр дар соли гов таваллуд шудаам.

- Барои ҳамин, говро иваз мекунем. Яъне, ба соли нав ту бо гов нею бо ягон ҳайвони дигар қадам мегузорӣ.

- Ман розӣ, кадом ҳайвонеро, ки интихоб кунӣ, қабул мекунам.

Занам қаноатмандона ба ман нигаристу чашмонашро нимроғ карда, ба фикр фурӯ рафт. Барои он ки зеҳни ӯ тезтар ба ҳаракат дарояд, пешниҳод кардам:

- Мехоҳам муш бошам!

- Намешавад!

- Чаро?

- Маҳтоб хафа мешавад.

- Ин тавр бошад, харгӯш беҳтар, ҷондори зебо, беозор.

- Ба ту гов сахт таъсир кардааст, мардак! Харгӯш тарсу аст, ман намехоҳам ту ҳам чунин бошӣ.

- Наҳанг чӣ?

- Тамоман намешавад! Мо шиками худамонро сер карда наметавонему наҳанг­ро чӣ хел мехӯронем.

- Мор!

- Худо нигаҳ дорад, мор зиёнрасон аст, як рӯз не як рӯз аждаҳо мешавад. Биё, тинҷ гардему на худро ба ташвиш гузорему на дигаронро.

- Занакҷон, аспро интихоб кунем-чӣ?

- Асп. Човандоз. Бузкашӣ. Ароба. Не, намешавад, ту аз уҳдаи ин корҳо намебароӣ.

- Ягон ҳайвони ба худат маъқулро интихоб кун.

- Интихоб кардан, кори осон нест, тақдири ояндаи ману ту ба он вобаста аст. Барои ҳамин дуруст фикр кардан лозим.

Занам баъди каме андеша якбора ба ман нигарист. Гумон кардам, ки чизеро ёфт. Ҳар ду гӯшамро барои шунидан омода кардам. Аммо вай даст афшонда гуфт:

- Боз нашуд!

- Чӣ нашуд?

- Гӯсфанд!

- Бад не-ку, моли ҳалол.

- Гов ҳам ҳалол, аммо дидӣ, ки туро ба кадом рӯз расонд. Ақаллан барзагов нашудӣ, ки вақти хирманкӯбӣ якҷоя суруди «Ман доғам»-ро хонем.

Сарам хам шуд, қасд кардам, ки дигар онро боло намекунам, вале забонам хоридагӣ барин якбора овоз баровард:

- Мурғ!

- Шарм дор, мардак! Як мурғи марҷон буд, ки ман гирифтам, калхоту каргас ба ту намезебад.

Номусам омаду кундаи синаамро дамонда гуфтам:

- Ман палангам!

Занам инро шунида аз ҳайрат чашмонаш калон-калон кушода шуду баъд об гирифта, ғӯра-ғӯра ба рухсорааш рехтан гирифт. Ин ҳолати ӯро дида, диламро ваҳм зер кард.

- Як умр мехостам, ки ту паланг бошӣ, вале ақаллан ба гурба монанд нашудӣ. Боз ман паланг мегӯйӣ. Ин гапро бегона нашунавад, ки аз ханда ягон рӯдааш меканад.

Кундаи забонам гирифт. Ба дилам аҳд кардам, ки дигар ягон ҳайвонро ташвиш намедиҳам.

- Маймун, — пичиррос зад занам. — Боғи ҳайвонот, банан, — илова кард ӯ.

- Намешавад! – аз ҷоям хеста дод задам. — Ёфти маймунатро! Ман! Ман…

- Ба шумо чӣ шуд?! Хезед, соат дувоздаҳ шуд, соли нав медарояд, — садои меҳрубононаи занам ба гӯшам даромад.

Чашмонамро кушодам, занам бо табассум ба ман менигарист.

ВОРИС,

«Садои мардум»