«Дигар дурӯғ нест»

№22 (3972) 26.02.2019

авпвыапАбдулқодири Раҳим шоирест ориф ва орифест шоир. Сухани ӯ рангу бӯи дигар, ҷилваи дигар ва пайғоме дигар аз дунёе дигар дорад. Дунёе, ки шоир онро хуб мешиносад, бо дарду сӯзаш хӯ гирифтаасту бо он нафас мекашад. Он дунё ба касе бегона нест, аммо Абдулқодир бо ӯ ошнотар, анису мунистар аст.

«Дигар дурӯғ нест» китоби тозанашри шоир аст, ки нашриёти «Русская литература» ба зевари чоп оростааст. Аз он барои хонандагон чанд шеърро чун мушт аз хирвор пешниҳод мекунем.

 

Асрор

Падари пири ҷавонмаргамро

Пештар аз нафаси бозпасин медидам,

Мусҳафе дошт ба даст,

Мусҳафе Усмонӣ,

Мусҳафе қуръонӣ.

 Нигаҳаш то ба маонӣ мерафт,

Ҳузнаш андар сари ашке ба замон мепечид.

То ки ман фаҳм насозам, ки чӣ асрор ниҳон аст,

Нолааш ҳам ба равон мепечид.

 Гӯши ман гӯши шуниданҳо буд,

Дасти ман дасти ишорат ба вафо,

Пойи ман роҳрави мулки дарун,

Дарки ман то нигаҳи сидқу сафо.

 Лолаҳо ханда ниҳон мекарданд,

Шохаҳо бо самари хеш басе гулҳоро,

То ки аз рӯз ба Наврӯз расанд,

Балки бо ёри дилафрӯз расанд

Ва надонем чӣ тадбир ба тақдир биҷӯяд моро.

 Гоҳу бегоҳ ғами рӯзи ҷудоӣ дар пеш,

То шикебо нашавем аз ғами сӯзи дарвеш,

Фитнаро низ набинем ҷигарҳо бас реш,

Каждумеро ба саҳар бохтани нолаи хеш.

 Дидан ин лаҳза муаммо мешуд,

Ҷигари сӯхтаполо мешуд,

Дафтари оҳ дилоро мешуд,

То дарам, он дари пӯшидаи асрору вафо

Во мешуд.

 Себ

Себа ларзоне, баргаш нарезад,

Пухтагиш резаду хомаш нарезад.

Халқ

Себро ларзондаму хомаш бирехт,

Пухтагияш монд дар шохи дарахт.

Даст сӯи осмон шуд норасо,

Худ замин омад ба зери пой сахт.

Ҳасратам дар баргҳояш шуд ниҳон,

Оҳ кӯрам карду ҳам бас носабур.

Рӯ биёвардам ба сӯи хеш, лек

Аз мани бечора буд ӯ дури дур.

 Худ вуҷуде ку, ки бинам киштае?

Ҳам суҷуде нест, то киштӣ расад.

Маст будам аз ҷамолу аз камол,

Аз ҳама мастӣ кунун зиштӣ расад.

 Кай фиреби як назар бошад, яқин,

Кӯдаконанду ба даст аз шавқ себ.

Гул ҳамон гул бошаду хандону шод,

Оламеро медиҳад бо хеш зеб.

 Пирамарде чашм бар раҳ чору чор,

Соаташ бо занг гӯяд: бисту чор.

Ин рақам дорад ишорат: шарм дор,

Рӯзаке рафту бимондӣ зору зор.

 Зори зорам, зори зорам, зори зор,

Рафт умрам бо ҳама афсонаҳо.

Не равоқ асту на себи зард ҳам,

Не яке афсонагӯ дар хонаҳо.

 Бо дутору бо ду чашми пурхумор

- Себро ларзон, — бигӯяд духтаре.

Себро ларзондаму хомаш бирехт,

Ҳам парид аз рӯи бомам кафтаре.

Гиря

Ман намегӯям бигирйӣ, лек мехоҳам бигирйӣ зуд,

Осмон, бингар, ки дорад абру ҳам вазъи парешоне.

Ин Замин чун аз фасоду ҷангу хунрезӣ бишуд хаста,

Қудрате дигар надорад, то бинолад гаҳ зи инсоне.

 Бо парастуҳо намеояд баҳоре дар ҳазорон сол,

Ҳам гули уммеди мо бишкуфтанашро бурдааст аз ёд.

Як фақат ин рӯдаки аз Рӯдакию зистан бас шод,

Мезанад дар тангнои сангҳову роҳи худ фарёд.

 Дидаӣ? Зоғи сияҳ шуд номабар дар рӯзи навмедӣ,

Бо дусад зорию андӯҳу гирифторӣ дар ин зиндон.

Дидаӣ барфе ғуборолуду роҳе дур андар фаҳм?

То бигӯям, ки чиҳо кӯфтам дар сандони дар сандон.

 Модарам сарбанди сабзашро ба шохе монду рафт аз даҳр,

Бод алвонҷаш ҳамедоду дили мо сахттар мешуд.

Дос дар дасташ падар мегуфт: даври наҳси наҳс аст ин,

Кош аз борони раҳмат киштаҳо дар пушта тар мешуд.

 Ман намегӯям бигирйӣ, лек мехоҳам бигирйӣ зуд,

Дар замоне, ки замон ҳам бе нигаҳ аз сад фараҳ гӯяд.

Бо ҳама зулмоти дарку дарки безулмот андар худ,

Дар раҳи беохири ин Каҳкашон ҳар кас чу каҳ ҷӯяд.