Дилшод Раҳимов: «Имсол Наврӯз 20 март, соати 15:28 фаро мерасад»

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

310395_2454993930162_640720739_n

Замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз чун ҷашни миллии тоҷикон ҷойгоҳи хоса касб карда, бисёре аз суннатҳои он, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз байн рафта буданд, дубора эҳё гардиданд. Бо муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов бобати анъана ва расму ойинҳои наврӯзӣ суҳбат доштем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад.

- Наврӯз дар адабиёти илмиву бадеии зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик чӣ гуна тасвир шудааст?

- Оид ба ҷашнгирии Наврӯз сарчашмаҳои хаттӣ аз даврони ҳукумати Сосониён иттилои бештар додаанд. Калимаи Наврӯз бори нахуст дар сарчашмаҳои паҳлавӣ дучор мешавад. Дар бахши ёздаҳуми «Бундаҳишн» гуфта шудааст, ки Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост ва ӯ нигаҳбони обу ободонӣ мебошад. Яъне, рӯзи шашуми Фарвардин, ки Хурдодрӯз аст, дар гузашта рӯзи «Наврӯзи бузург» ба шумор мерафт.

Маълумоте, ки дар ашъори шоирони асри Х, хусусан Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухӣ дар бораи Наврӯз ҳастанд, бештар тобиши бадеӣ доранд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Зайнулахбор»-и Маҳмуди Гардезӣ роҷеъ ба бунёд гузоштани Наврӯз аз ҷониби Ҷамшед ҳикоя мешавад. Дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ маълумотҳо зикр шудаанд. «Наврӯзнома» Умари Хайём дар бораи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз, расму ойинҳои марбути он иншо шуда, инчунин муаллиф ба масъалаҳои мухталифи таърихӣ, мардумнигорӣ, тиббӣ ва давлатдории шоҳони эронӣ дахл кардааст. Пас аз ин рисола анъанаи наврӯзноманависӣ дар таърихи адабиёт оғоз гашт. Яке аз чунин рисолаҳо «Наврӯзнома»-и Хоҷа Муҳаммад Ҳакими Тирмизӣ мебошад, ки бо номи «Аҳкоми Наврӯз» низ маъруф аст. Дар асри ХIХ муаррифии ҷашни Наврӯз бо расму ойинҳояш бештар гашта, дар асарҳои этнографию таърихнигории ховаршиносони рус баробари забон, фарҳанги мардум, касбу ҳунар, инчунин роҷеъ ба иди суннатии Соли нав – Наврӯз ва баъзе маросимҳои марбути он тасвирҳои этнографӣ дида мешаванд.

Дар нимаи дувуми асри ХХ омӯзиши фарҳанги мардуми тоҷик, аз ҷумла, шинохти Наврӯз аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик, сурат мегирад. Чунончӣ, мардумшинос М. Раҳимов оид ба анъанаҳои кишоварзии тоҷикони водии Рашт дар айёми Наврӯз маълумот додааст. Аз фолклоршиносон бештар Рӯзӣ Аҳмадов аз охири солҳои панҷоҳуми асри XX то имрӯз Наврӯзро таҳқиқ мекунад.

- Мехостам оид ба дастархони наврӯзии тоҷикон каме маълумот диҳед, зеро ин анъана дар аксар минтақаҳои кишвар бо суннатҳои дигар омехта гардидааст…

- Вақте мо байни мардум рафта, намунаҳои фолклорро ҷамъ мекунем, аз куҳансолон бисёр мепурсем, ки оё дар замони пеш дастархони наврӯзӣ буд? Оё суфраи «ҳафт син» ё «ҳафт шин» меоростед? Онҳо мегӯянд, ки дастархони наврӯзӣ буд, аммо ҳафт сину ҳафт шинро намедонем. Суфраи ҳафт шину ҳафт син дар фарҳанги мардуми тоҷик анъанаи тозаест, ки аз Эрон ворид шудааст. Дар мо як дастархони наврӯзии тоҷикона буд. Оид ба чӣ гуна будани дастархони наврӯзӣ куҳансолони водиҳои Ҳисор ва Зарафшон иттилоъ доданд. Онҳо гуфтанд, ки анъанаи ҳафтмева доштаанд, яъне дар дастархон дар як табақ 7 намуди мева ё дар ҳафт табақча хушкмева мегузош­таанд. Дар ноҳияи Шаҳринав аз 7 намуд меваи хушк нӯшоба тайёр мекарданд. Ин нӯшобаҳо қавию судманданд. Дар дастархони маъмулии тоҷикон мева, шир, ҷурғот, суманак ва нону чапотиву кулча мегузоштанд. Аз хӯрокҳо бештар гандумкӯча омода мекунанд, ки дар водии Зарафшон онро кашк, дар Бадахшон боҷ, дар Хатлон ва водии Рашт далда, дар водии Ҳисор гандумкуча, дар Самарқанду Бухоро ҳалиса мегӯянд. Ин хӯрокест, ки аз чанд намуди ғалладона ва гиёҳҳои сабзу тари баҳорӣ омода мешавад. Дар Рашту Дарвоз ширбиринҷ низ мепухтанд. Аз қадим маҳсулоте, ки ба дастархони наврӯзӣ хос аст, ранги сафед дорад. Масалан, себу санҷид, сир, ҷурғот, шир, гӯшти парранда, моҳӣ ва тангаи нуқра. Ҳоло ҳам дар баъзе қисматҳои Эрон ин чизҳо риоя мешавад.

- Модоме ки чунин аст, пас анъанаи ҳафт сину ҳафт шин чӣ гуна пайдо шуд?

- Тавре гуфтем, ин анъана дар 20-30 соли охир аз Эрон ба мо гузаштааст. Дар Эрон ҳафт син аз қадим роиҷ буд, аммо он «син» ҳарфи алифбои арабӣ нест. Аслан ҳафт синӣ аст, яъне ҳафт табақ. Дар мо табақро «чинӣ» дар Эрон бошад «синӣ» мегӯянд. Бо таъсири забони арабӣ ҳарфи «ч» ба «с» ва «ш» табдил ёфтааст. Агар суфраи ҳафт сини эрониҳоро бинед, он ҷо бисёр чизҳое ҳаст, ки ба ҳарфҳои сину шин рабт надорад. Масалан, ҳатман оина, моҳӣ ва танга мегузоранд. Дар як табақ бодому пиставу мағзу мавизро алоҳида мегиранд. Китоби «Қуръон»-и маҷид ва ё «Девон»-и Ҳофизро ҳатман мемонанд. Баъзан мегӯянд, ки пеш аз қабул кардани дини Ислом «ҳафт шин» будааст, ки дар он шароб низ мемондаанд ва арабҳо омаданду гуфтанд, ки шароб иҷозат нест, пас «ҳафт син»-ро қабул кардаанд. Ин дурӯғи маҳз аст, зеро пеш аз Ислом шароб неву май мегуфтанд. Шароб калимаи арабӣ аст.

Дар қадим эрониён дар айёми Наврӯз ба хотири Аҳурамаздо ва шаш фаришта дар ҳафт табақ ашёи рамзӣ мегузоштанд. Ин суннат дар тӯли асрҳо бо номи «ҳафт син» машҳур шудааст.

- Оё дини Ислом ба Наврӯз ягон таъсир расонидааст?

- Бояд гуфт, ки Наврӯз мутааллиқи ягон дин набуд. Ин ҷашни зиндашавии табиат, баробаршавии шабу рӯз аст. Оғози кори деҳқон, боғбон, ҷашни мардумӣ мебошад. Барои ҳамин дар китоби дини зардуштӣ — «Авесто» ҷашни Наврӯз ворид нашуд. Он ҷо ҷашнҳои динӣ ишора шудаанд, ки «Гоҳанбор» мегӯянд. Дини Ислом ба Наврӯз дар мухолифат набуду нест.

- Иди Наврӯз ба дигар фарҳангҳо чӣ таъсир расонид?

- Имрӯз Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ аст ва халқи зиёд онро ҷашн мегиранд. Ҷашни Наврӯз аз фарҳанги тоҷикон ба фарҳанги халқҳои турктабору муғултабор гузаштааст. Имрӯз ин ҷашни миллии тоҷикон дар ҳама кишвар бо номи аслиаш пойбарҷост. 18-уми феврали соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Дар банди дуюми қатъномаи марбут ба Наврӯз гуфта мешавад, ки давлатҳои ҳавзаи Наврӯз вазифадоранд, ки дар рушд ва таблиғи ин ҷашн саҳмгузор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози Истиқлолияти давлатӣ ба Наврӯз хеле таваҷҷуҳ дошту дорад ва Наврӯзро ба ҳайси ҷашни миллӣ ва бунёдии тоҷикон шинохта, дар муаррифӣ, густариш ва гиромидошти он ҳар сол кӯшиш менамояд. Наврӯзро мардуми Тоҷикистон ботантана ҷашн мегиранд ва онро як сутуни ҳувияти миллӣ медонанд.

- Фарорасии Соли нав дар рӯзу соату дақиқаи муайян иттифоқ меафтад. Бигӯед, ки имсол дар кадом вақт сол нав мешавад?

- Наврӯз вақту соати муайян дорад, мисли соли нави масеҳӣ нест, ки соати 12-и шаб дарояд. Соли нави суннатии мо ҳамон соату дақиқае фаро мерасад, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид шавад ва шабу рӯз баробар гардад. Масалан, имсол Наврӯз ба вақти Тоҷикистон рӯзи 20-уми март, соати 15-у 28 дақиқаву 40 сония фаро мерасад.

 Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»