Фарзандони қуллаҳои баланд

№21 (4761) 14.02.2024

(Пора аз очерки «Достони кӯҳистон»)

1650924807_23-vsegda-pomnim-com-p-gornii-badakhshan-foto-25 — копияМошини мо аз роҳи пурпечутобе гузашта, ба канори Сурхоб фаромад ва қад-қади рӯд ба самти боло ҳаракат кард. Ба ҷое расидем, ки Хингобу Сурхоб чун ошиқу маъшуқи ба висол расида нидои шодмонӣ сар медиҳанд. Ду рӯди масти ишқ яке мешаванду дигар замину осмонро намешиносанд…

Рашт. Меҳмонхонаи «Соҳили Сурхоб». Қуллаҳои барфпӯши ду тарафи рӯдро абрҳо мисли рӯҳи саркаши кӯҳсангҳо печидаву худро барои қиём омода месозанд. Тамошои ин манзара илҳоми саркаши маро ба хурӯш меорад ва он мисли кабӯтари ваҳшӣ бол мекушояд.

- Ворис, вақти ношто шуд! – садои Солеҳ Юсуф маро ба худ меорад.

Ҳамроҳ ба ошхона рафтем. Дақиқае баъд Диловари Мирзо ҳамроҳи Рустами Ваҳҳоб меояд. Диловар хаставу бемадор ба назар мерасад. На танҳо аз бемории қанд, балки аз «бемеҳрӣ»-и ман ҳам шикоят мекунад. Бо омадани Диловар эҳсоси гуворое вуҷудамро фаро мегирад.

Сухан дар бораи фарзандони бузурги Раштонзамин меравад. Диловар маҷлисорост. Аммо ба назари ман касе мисли ӯ дар бораи он диёр нанавиштааст. Диловари Мирзо бо осоре, ки халқ кардааст, таърихи зиндаи Раштонзамин аст.

Мошини мо ба самти Ҷамоати деҳоти «Ҷафр» роҳ пеш гирифт. Бо ҳидояти раиси Ҷамоати деҳоти «Ҷафр» вориди чойхона шудем. Суҳбат оғоз гардид. Вақти суханронии Диловари Мирзо дар фазои чойхона оромӣ ҳукумат меронад, ҳама бодиққат ба ҳарфи ӯ гӯш медиҳанд. Ӯ аз Ваҳдат гуфт, аз нақши Пешвои миллат дар барқарории сулҳу осоиш ёдовар шуд. Дар фуроварди сухан шеър хонд:

То сар ниҳодаам ман дар остони Ваҳдат,

Сад гул шукуфта дидам  дар бӯстони Ваҳдат…

Одамон гӯё маҷзуб шуда бошанд, нафас намекашанд. Диловар дар паҳлуи ман нишастааст, аммо сомеон ҳанӯз ба худ наомадаанд.

Азизулло ба минбар баромад. Ӯ аз одамият гуфт, аз Истиқлолият суҳбат кард, сӣ соли давлатдории моро ба сӣ талош, сӣ ҷонбозӣ, сӣ соли худсозиву сӣ баҳори ормонҳои миллӣ ташбеҳ дод. Ҳис мекунам, ки сухани ӯ ба ҳозирон таъсир мекунад, вуҷудашонро меларзонад.

Ҳамин тавр, ҳар як вохӯрӣ ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Бо одамоне вомехӯрдем, ки дорои неруи бузурги фитрӣ ҳастанд. Онҳо рост ба чашмони мухотаби худ менигаранд, рост мегӯянд ва рост мераванд.

Баъд аз вохӯрӣ суҳбат сари як пиёла чой тасфид. Дӯстон шамъи ёди Зафар Нозимовро фурӯзон карданд.

- Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои Зафар Нозимовро қадрдонӣ карданд, — гуфт дар идомаи суҳбат Диловари Мирзо. — Ҳар вақте ки ба Раштонзамин меомаданд, ҳатман ҳофизро суроғ менамуданд. Устод Зафар ҳам муҳаббати Сарвари давлатро дар дил дошт. Вай ин муҳаббатро тавассути ашъори Меҳмон Бахтӣ суруд:

Эй кишвари ман, эй Сарвари ман,

Эй даври ман, даврони ман,

Эй бахти бепоёни ман…

Бегоҳӣ ба ноҳияи Тоҷикобод рафтем. Дар меҳмонхона ҷо ба ҷо шудем, сипас барои шом хӯрдан дар ошхона ҷамъ омадем. Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, ки зодаи Тоҷикобод аст, дар бораи ҷозибаҳои гардишгарӣ ва таърихи ноҳия гап кушод.

- Чаро номи ин ноҳияро Тоҷикобод гузош­таанд. Мисли он ки тоҷикон аз ҷои дигар омада, ин ҷоро обод карда бошанд? – бо ин суол ба Рустами Ваҳҳоб рӯ овардам.

- Ин хок ва ҳар пора санги кӯҳҳои осмонбӯси ин ҷо аз қадим миллати моро дар оғӯш гирифта парваридаанд, — бо тамкини ба худ хос ба гап даромад Рустам. — Соли 1949 зилзилаи Ҳоит рух дод, пораи кӯҳ канда шуда, пеши дарёро баст. Одамони зиёд қурбон шуданд. Аз ин ҳодисаи табиӣ на танҳо Ҳоит, Қалъаи лаби об низ хароб шуд. Мавзеи ҳозираи шаҳрак дар он замон боғистон буд. Ҳукумати вақт тасмим гирифт, ки дар ҳамин ҷо шаҳрак бунёд намояд. Ба ин кор на танҳо сокинони маҳал, балки аскарони асирафтодаи Олмонро низ ҷалб карданд.

Рӯзи ифтитоҳи шаҳраки нав сарвари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров меоянд. Ба чеҳраи зебои сокинон нигариста мегӯянд:

- Ман ин ҷо чеҳраҳои зебои тоҷиконаро мебинам. Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки номи шаҳракро Тоҷикобод гузоред. Ин мавзеъ ба ин ном арзанда аст.

Сокинони кӯҳистон, воқеан ҳам, симои зебову дилкаш доранд. Ҳамин тавр, Тоҷикобод номи ноҳияи мо шуд, — суханашро хулоса кард шоир.

Он шом суҳбат тӯлонӣ шуд. Дар бораи исмҳои тоҷикии шаҳру ноҳияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳс шуд. Ашқобод Ишқобод аст, решаи Бишкек аз Пешпайк аст, Либапи туркманҳо шакли вайроншудаи Лаби об мебошад. Қазоқҳо пойтахти нави кишварашонро Остона ном ниҳоданд, ки вожаи зебои тоҷикӣ аст…

Ба баҳси дӯстон Азизулло Мирзозода хотима гузошт. Фардо вохӯриҳои муҳиме дар пеш дорем, — гуфт ӯ. Сипас ҳайатро ба се гурӯҳ тақсим намуд. Ду гурӯҳ вазифадор шуданд, ки дар ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш бо мардум вохӯранд. Ба ман рӯ оварда гуфт, ки соати чори субҳ ману шумо ба ноҳияи Сангвор меравем…

Мошин ба бадани кӯҳ часпида, ин дара ба он дара гузашта, ба пеш ҳаракат мекард. Дар поин рӯди Хингоб мастонаву кафк бар лаб сар ба сангу сахраҳо зада ҷорӣ буд. Кафтаргузар, Ёфуч, Кӯли кабуд, Посун, Дашти ғӯрк, Норанҷ… исми деҳу мавзеъҳое буданд, ки аз канори онҳо гузаштем. Дар ду тарафи рӯдхона кӯҳҳо ба сукути абадӣ фурӯ рафта буданд. Пинаки онҳоро суруди ҷовидонаи Хингоб ва хониши парандагон низ вайрон карда наметавонист. Ин ҷо ҳама чиз дастнахӯрдаву бикр ба назар меомад. Ногоҳ чашмам ба кӯҳи азиме дар паҳлуи чапи дарё афтод, ки дар сар то қадами он гули лолае бо появу баргҳояш нақш баста буд.

- Ин кӯҳ Лоласанг ном дорад, — гуфт Азизулло ва ба самти муқобил ишора кард. — Ин кӯҳи азимро бо Лоласанг «Ошиқу маъшуқ» мегӯянд. Дар бораи онҳо миёни мардум ривояте вуҷуд дорад.

Ба тамошои манзараҳои зебои кӯҳис­тон андармон чӣ тавр ба Чилдара расиданамонро нафаҳмидем. Баъд аз суҳбати гарме, ки бо мардум доштем, бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии ноҳия Раҳмоналӣ Умаров ва директори мактаби деҳаи Хулоз Маҳмад Умаров шинос шудам. Суҳбат бо онҳо ширину гуворо буд.

- Солҳои навадум, — қисса намуд Маҳмад Умаров, — ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту мардум рӯзи сиёҳе доштанд. Камондорон бераҳмона ҳукумат меронданд. Сокинони ноҳия дар ғами ҷони худу фарзандонашон буданд. Бо вуҷуди он ки муаллимон маош намегирифтанд ва ба сахтӣ бори рӯзгорашонро мебардоштанд, мактаб як рӯз ҳам аз фаъолият намонд. Талабаҳо ба дарс меомаданд, омӯзгорон бо амри дилу виҷдон кор мекарданд. Мактабиёне, ки имкон дош­танд, ҳамроҳи худ нон меоварданд ва бо ҳамсабақонашон тақсим карда мехӯрданд.

Сахтиҳои рӯзгор мардумро ҳамдил карда буд. Онҳо бештар аз пеш дасти ҳамдигарро мегирифтанд, шарики шодиву ғами якдигар буданд.

Ин қисса гувоҳи он аст, ки муаллимон воқеан ҳам касони сарсупурда ва дар пешаи худ содиқ ҳастанд. Онҳо мисли чароғе дар ҳар шароите ба муҳити хеш равшанӣ мебахшанд, ба дилҳо нури маърифат меоранд. Ман ин нурро дар чеҳраи омӯзгорони сангворӣ дидам ва гармии суҳбаташонро дар ҷони худ ҳис намудам.

ВОРИС,

«Садои мардум»