Фиристода бояд ки доно бувад

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

1030123Нақши дипломатҳо ва сафирон дар идоракунии давлат ва муносибатҳои байналмилалӣ дар «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғаззолӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ин асар сафирон ва дипломатҳо бо номи «расул» ёд мешаванд. Дар замони зиндагии муаллиф ва пештар аз он онҳо барои ҳал кардани масъалаҳои байни давлатҳо ба ин ё он кишвар фиристода мешуданд. Вафодор будани расул ба давлати худ ва дар ҷои аввал гузоштани манфиатҳои кишвар ва миллати хеш дар давлатдорӣ аҳамияти муҳим дорад. Маликеро пурсиданд: «Аз ношоистагон кадом зиёнкортар?». Гуфт: «Онон, ки ба расулӣ раванду аз баҳри мақсуди хеш хиёнат кунанд ва ҳама вайронии мамлакат аз эшон хезад».

Дар сарзамини Аҷам расулон барои давлат хизмати шоиста мекарданд. Мулуки Аҷам барои расулро ба давлати дигар фиристодан ӯро аввал хуб меозмуданд. Шарҳи ин гуфтаҳо, аз ҷумла дар ҳикоятҳои «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғаззолӣ ба ин тарз оварда шудааст: «Мулуки Аҷам вақте касеро ба расулӣ мефиристонданд, ба мулки дигар ҷосусе аз дунболи ӯ мерафт, то ҳар чӣ он расул гуфт, мешуниду ҳамаро навишта, ба шоҳ меовард. Ва чун расул бармегашт, агар суханони овардаи ӯ бо суханони ҷосус яке мебуданд, ӯро шоиста медонистанд.

Чунон ки Ардашер гуфт: «Чанд хунҳо, ки бирехтаанд ва чанд лашкарҳо, ки ҳазимат кардаанд ва чанд аҳли ҳарам, ки пардаи эшон даридаанд ва чанд хоста, ки ғорат кардаанд ва чанд савганд, ки он ба дурӯғ кардаанд ба хиёнатҳои расулону ношоистагии эшон».

Дахлнопазирии расулро Ғаззолӣ дар қиссаи Доро ибни Доро ва Искандар ёдрас шудааст. Дар замони ба тахт нишастани Искандар Доро ибни Доро ба Искандар расул равон мекунад, то ин ки Искандар ҳар сол андоз супорад, вагарна миёни онҳо ҳарб сар хоҳад зад. Аммо Искандар ҳамеша ҷавоби рад ба расулони Доро ибни Доро иброз мекард, аммо ягон зарар ба онҳо расонида намешуд. Новобаста аз муносибатҳои хусуматвори Доро ибни Доро ва Искандари Мақдунӣ, расулони ҳар ду ҷониб дахлнопазир буданд. Дар хусуси шоистагии расулон дар муносибатҳои Доро ибни Доро ва Искандар Муҳаммад Ғаззолӣ чунин ҳикоят овардааст: «Искандар расуле фиристод ба наз­дики Доро ва ҷавоб боз овард. Искандар дар як сухан ба шак афтод ва бар расул баргирифт. Расул гуфт: «Эй Худованд, ки ман аз ӯ сухан ба ду гӯши хеш шунидам». Искандар бифармуд то лафз набиштанд ва ба дасти касе дигар ба назди Доро ибни Доро фиристод ва ба ӯ арза карданд. Чун нома бихонд, корде бихост ва он лафзро аз миёна бибурид ва ба Искандар фиристод ва нома набишт ва бигуфт: «Бунёди мулк бар некуии офариниши малик асту ростии табъи ӯ ва бунёди кори малик ба ростзабониву гуфтори расулон аст, зеро ки расул он чӣ гӯяд, ҷавоби он ба гӯши малик оварад. Акнун ин суханро бибуридам, сухани ман набуд ва роҳ наёфтам ба забон буридани расули ту».

Расул боз омад ва Искандар нома бихонд ва расули пешинро овоз дод ва гуфт: «Туро бар он кӣ дошт, ки ба як сухан мулкеро табоҳ кунӣ?» Расул иқрор шуд ва гуфт: «Эшон дар кори ман тақсир карданд, ман аз он озурда шудам». Искандар гуфт: «Эй субҳоналлоҳ, ту пиндоштӣ, ки мо туро аз баҳри он фиристодем, то салоҳи кори хеш созиву кори мо зоеъ бигузорӣ ва дар хуни мардумӣ саъй кунӣ». Он гоҳ бифармуд то забонаш аз паси қафо берун кашиданд».

Дар баробари расулон, ҳамчунин мавқеи дабирон, аз қабили муншӣ, котиб, нависанда ва таҳриркунандаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ барои дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои байнидавлатӣ низ мавқеи хоса дорад. Бояд қайд кард, ки Ғаззолӣ ақидаи муҳр гузоштан ба ҳуҷҷатро низ қайд кардааст, яъне ҳангоми фиристодани нома, пайғом, паёми табрикотӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба дигар ҷо ирсол мешаванд, ҳатман бояд ба он муҳр гузошт. Дабирон номаро набояд бе муҳр ирсол намоянд. Ба ин маънӣ Ғаззолӣ ривояте чунин овардааст:

«Ва пайғамбар (с) нома фармуд набишта ба Аҷам. Гуфт: «Эшон номаи бе муҳр нахонанд». Ба ангуштарӣ муҳр фармуд карданд бар нигин ба се сатр — муҳр: Муҳаммадун Расулуллоҳ».

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати соҳибистиқлол робитаҳои дипломатиро баҳри рушди сиёсат, иқтисодиёт, илму техника ва ғайра бо кишварҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. То имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Айни замон кишвари мо бо 98 давлат равобити дипломатӣ барқарор намуда, роҳбарияти давлат беҳтарин намояндагонашро ҳамчун сафир ба он кишварҳо фиристодааст.

Ақидаи баландихтисосу меҳанпарвар будани сафирони давлат дар таърихи миллати тоҷик маҳз аз андешаҳои Ғаззолӣ дар «Насиҳат-ул-мулук» сарчашма гирифта, сиёсати берунаи ҷумҳурии мо дар марҳилаи кунунӣ дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Асоси сиёсати берунаи имрӯзаи кишварро сиёсати дарҳои боз, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».

Савлат ИЗЗАТУЛЛОЕВА,  донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ