Гиромидошти ҳамқаламони зиндаёд

№ 26.08.2016

АББАБо ташаббуси ҳафтаномаи «СССР» 26 август дар толори хурди нашриёти «Шарқи Озод» гиромидошти рӯзноманигорони тайи як соли охир фавтида баргузор гардид. 

Сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб маҳфили ёдбудро оғоз намуда, ёдрас шуд, ки соле пеш дар рӯзи гиромидошти хотираи собиқ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор қарор дода будем, ки 28-уми августро Рӯзи гиромидошти журналистони зиндаёд эълон мекунем. Танҳо дар зарфи як соли охир журналистони зиёде, аз қабили Акбари Саттор, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Шарифи Мисайзод, Аброри Зоҳир, Бахтиёр Сафаров, Темури Султон, Раҳими Ашроф, Убайдуллои Ширин, Толиби Сангин, Галина Дзутсева, Султон Мирзошоев, Асадулло Саъдуллоев ва дигарон аз олам чашм пӯшиданд.

Дареғу дард аз он мардумон, ки хок шуданд,

Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд.

akba 11

Сайёфи Мизроб, ки солҳои зиёд ҳамсабақу ҳамкори Акбари Саттор буд, дар бораи хислатҳои неки ин рӯзноманигори варзида ёдовар шуда, гуфт:

- Агар мо имрӯз ҳампешагони худро ёдоварӣ накунем, фардо дигарон низ моро ба ёд нахоҳанд овард. Аҳли қалам бояд мӯнису ғамхори ҳамдигар бошанд, зеро аз ҳама пештар рӯзноманигор дарди ҷомеаро эҳсос мекунад, ки ин ба саломатиаш бетаъсир намемонад.

Сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳлои Акобир ёди рӯзноманигорони зикршударо гиромӣ дошта, илова намуд, ки рӯзноманигорӣ дар қатори се касби серхавфтарини дунё дохил мешавад. Мавсуф пешниҳод  намуд, ки ба мақсади дар ёди наслҳои минбаъда боқӣ мондани журналистони фавтида, Осорхонаи рӯзноманигорон таъсис  дода шавад. Хуб мешуд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои гиромидошти ҳамкасбони фавтидаро таҳия намуда, фитаву диск ва китобу мақолаҳои хотирмони рӯзноманигорони зиндаёдро дар ин осорхона нигоҳдорӣ намоянд.

Сармуҳаррири радиои  «Фарҳанг» Ҷонибек Асрориён  аз ҳамкори собиқаш Шарифи Мисайзод ёдоварӣ карда, ӯро шиносномаи радиои «Садои Душанбе» номид. Ҳамчунин ӯ аз фаъолияти Ш. Мисайзод дар барномаи замоне маъруфи «Хоки Ватан» ёдовар шуда гуфт, ки марҳум як инсони зиндадил, ровии ширинсухан, овозхон, таблакнавоз ва ширинкори мумтоз буд.

Рӯзноманигорони варзида Ҷумъаи Мирзо, Наҷмиддини Шоҳинбод, Тиллои Некқадам, Акрами Санг, Ашрафи Афзал, Равшани Махсумзод, Сангин Гулов ва Амрихудои Низом аз хислатҳои ҳамидаи ҳамкорони фавтидаашон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки шамъи хотираи онҳо ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳад шуд. Эҷодиёташон онҳоро дар дилҳои наслҳои имрӯзаву оянда зинда нигоҳ медорад. Ба гуфтаи шоир:

Қаламам умри ҷовидони ман аст.

Худованд рӯҳи ҳамаи рафтагонро аз моён шод гардонад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»