Гуфту боз мегӯяд

№10 (3490) 23.01.2016

1 (3)Барои хонандагони сершумори рӯзномаи «Садои мардум» муаррифии Абдулмаҷид Шарифов — мутахассиси собиқадору шинохтаи соҳаи роҳдорӣ,  сардори Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи байналмилалии нақлиёт зарурат надорад. Вай аз ҷумлаи муаллифони доимии маводҳои таҳлилии нашрия мебошад. Маҳсули эҷоди А. Шарифов, мусоҳибаҳои хабарнигорон бо ин олим ва мутахассиси сермаҳсул дар бисёр нашрияҳои дигари кишвар низ мунтазам ба нашр мерасанд. Соли 2009 маҷмӯаи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои ӯ таҳти унвони «Нагуфтанд, ки гуфтам» пешкаши хонандагон шуда буд.  Инак, зери ҳамин унвон  китоби дуюм низ интишор ёфт.

Дар  китоби  навбатии Абдулмаҷид Шарифов «Нагуфтанд, ки гуфтам-2»   мақолаҳои илмӣ,  мактубу дархостҳо нисбати баррасӣ ва ҳалли масоили мавҷудаи соҳа, мусоҳибаҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма тайи солҳои охир анҷом дод, гирд оварда шудааст. Вақте ба андешаҳои А. Шарифов таваҷҷуҳ мекунед, онҳо саршори дилсӯзӣ ва масъулият нисбати рушди соҳа, ободии роҳҳо, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум буда, ӯро ҳамчун як нафар ватандӯсти асил муаррифӣ мекунанд. Вай раванди  сохтмону таҷдиди роҳу нақб ва пулҳоро аз нигоҳи мутахассис ва роҳбари масъулиятшинос таҳлилу  баррасӣ карда, барои рафъи камбудию норасоиҳо холисона маслиҳат медиҳад, масъалагузорӣ мекунад. Муаллиф аз ҷумла чунин иброз доштааст: «Бо талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳо маблағҳои инвеститсионӣ сол ба сол зиёд гардида, ба ободонии роҳҳои автомобилгард аҳамияти махсус дода шуд. Барои рушди соҳаи роҳдорӣ маблағҳои зиёде равона мегардад, вале тартиби банақшагирии сохтмон дар баъзе ҳолатҳо риоя намешаванд, ки боиси сифати пасти корҳо ва сарфи нодурусти маблағҳо мегарданд.Чунин камбудию норасоиҳо маро ором намегузоштанд ва барои ислоҳи онҳо зимни ҷаласаҳои вазорат ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо масъалагузорӣ ва пешниҳодҳо мекардам…».

А.Шарифов вобаста ба масъалаҳои мазкур тавассути матбуоти даврӣ, радио ва телевизион мунтазам суханронӣ мекард. Бо вуҷуди он ки баъзе масъулон ба чунин дархосту пешниҳодоти дилсӯзона кам таваҷҷуҳ мекарданд, вале баъди гузашти солҳо дурустии андешаҳои мутахассис собит гардид. Дар натиҷа, бисёр камбудиҳо ислоҳ шуданд ва баъзе пешниҳодот амалӣ гардиданд. Аз ҷумла мақолаю мусоҳибаҳо таҳти унвони «Шабҳои бехобии роҳсозон» (рӯзномаи «Садои мардум», аз 8 марти соли 2012), «Гаронвазнҳо — харобсози роҳҳо» (Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, аз 29 сентябри соли 2012), «Роҳ ва иштибоҳоти роҳсозон ва пайомади онҳо» (ҳафтаномаи «Тоҷикистон», аз 30 январи соли 2014, «Роҳ ҷузъи тамаддун» (ҳафтаномаи «Нақлиёт, аз 22 сентябри соли 2010), «Омилҳои тамбашавии васоити нақлиёт дар роҳҳо» (рӯзномаи «Садои мардум», аз 19 декабри соли 2013), «Панҷ моҳи набардҳо» (рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз 15 марти  соли 2012),  «Роҳ шоҳрагест дар рушди иқтисоди кишвар» (рӯзномаи «Минбари халқ», аз 16 июни соли 2011) хеле пуртаъсир ва судбахш буданд.

Китоби мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши дуюми он муаллиф гузориш ва номаҳои дархостиву ҷавобҳои расидаро оид ба пешгирии камбудиҳо ва ислоҳи онҳо, роҳҳо ҳалли ин ё он мушкилот дар соҳа дарҷ намудааст.

Китоб дар матбааи ҶДММ «Андалеб — Р» ба табъ расидааст.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»