«Хорпуштак» 90-сола шуд

№ 03.10.2016

Ба ифтихори 90- солагии маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳайати эҷодии он шумораи идона ба табъ расонид дар саҳифаи аввали шумораи ҷашнӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши аҳли қалам дар боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллии хонандагон оварда шудааст.

Суханони табрикотии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аҳли эҷоди рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» низ саҳифаҳои аввалро оро медиҳанд.

Дар шумораи идона беҳтарин маводи ҳаҷвӣ, аз қабили фелетону мутойиба, шеърҳову аксҳо аз муаллифони собиқ ва имрӯза оид ба камбудиҳои рӯзгор ва ҷомеа гирд оварда шудааст.

25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои асосии шумораи мазкур мебошад. Дар маҷалла, инчунин аксҳои ҳаҷвии (корикатураҳои) муаллифони «Хорпуштак» зери рубрикаҳои «Бузургоне, ки бо «Хорпуштак» ҳамкорӣ доштанд», «Аз мӯқалами эшон «Хорпуштак» гул мекард» ва «Ҷигаргӯшаҳои ғоибу ҳозири «Хорпуштак» ҷой дода шудаанд, ки хонандаро бо таърихи маҷалла шинос мегардонанд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»