Ҳикматҳои «Молики раҳи кӯр»

№101 (4207) 20.08.2020

Умари Шурхон «Ба ҳуҷраи хоб ворид шудан замон, хола се ҷои хоб мепартофт. Се кӯрпачаи карбосӣ, се тагсарӣ ва се кӯрпаи қуроғӣ. Кампир ҳар шом се ҷогаҳхоб мепартоф­ту интизори он буд, ки шербачаҳояш ҳоли ҳозир даромада меоянду дар бараш мехуспанд. Худ поёни ҷойгаҳе сар болои кӯрпа ғунча мезад. Ҷомаҳаке сари китф, ба худ мегуфт: «То омадани шербачаҳо даме биёсоям, баъд мехезам».

Ин пора шарҳи ҳоли холаи Сабост, ки се шаҳписарашро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз даст додааст ва Умари Шерхон дар ҳикояи «Молики раҳи кӯр» дарду доғи ӯро инъикос кардааст.

«Молики раҳи кӯр» на танҳо номи ҳикоя, балки исми китоби тозанашри нависандаи пуркор Умари Шерхон мебошад. Ӯ солҳост, ки саманди андешаро дар майдони адабиёт ба ҷавлон овардаву маҷмӯаҳоеро, аз қабили «Гурд», «Дуо», «Тораҳои хаёл», «Валӣ», «Сипос», «Пурдил», «Шуд он замона», «Базла», ҷамъ бисту се китобро манзури хонанда гардонид.

«Молики раҳи кӯр» 27 ҳикоя як қисса ва чор мақолаи дар солҳои гуногун эҷоднамудаи нависандаро дар бар мегирад. Қаҳрамони ҳикояҳои Умари Шерхон одамони касбу кори гуногунанд. Нависанда асосан зиндагии мардуми кӯҳистонро ба риштаи тасвир кашидааст, шодиву ғам, уболу савоби зиндагии онҳоро пеши назари хонанда ҷилвагар месозад. Ҳодисаву воқеаҳои ҳикояҳо дар маҳалу маконе мегузаранд, ки воқеӣ ҳастанду номҳои ҷолиб доранд. Кӯҳи Хӯҷаи Нур, кӯҳи Сирзор, кӯҳи Ҳазрати Шоҳ, кӯҳи Ҷарпар, кӯҳи Лавак, кӯҳи Нигин, пуштаи Кафлезак, наҳри Дида, мавзеи «Чорзар» аз он ҷумлаанд. Яъне, ҳикояҳо топонимикаи бою рангин доранд, ки метавон аз онҳо номҳои ҷуғрофиро омӯхт.

Нависанда кӯшидааст зиндагии сокинони русторо ҳамон тавре ки ҳаст, рӯи сафҳа орад. Муҳаббату нафрат, некандешиву бадхоҳӣ, каживу ростӣ, риёкориву вафодорӣ сифатҳое ҳастанд, ки чун хати сурх мазмуну муҳтавои ҳикояҳои Умари Шерхонро убур мекунанд. Дар тасвири нависанда одамизод бе лағжиш зиндагӣ карда наметавонад, аммо ҳар амале сазое дорад. Мафҳуми уболу савоб дар фазои ҳикояҳои маҷмӯа мечархад ва ҳақиқати зиндагии қаҳрамонони адибро ба намоиш мегузорад.

Рафтору амали амаки Истарчӣ (Чорӣ) дар ҳикояи «Чӣ мегем?» мутобиқ ба мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» аст. Ӯ барои манфиат ба ҳар кор қодир аст. Аз пешаи даҳмардагӣ нон мехӯрад, аммо гӯшти гӯсфандони ҳароммурдаро беибо ба дигарон медиҳад, вале вақте ҳамсараш ба хотираш мерасад, ба додарзодааш Раҳим амр мекунад: «Раҳимбой, бачам, қариб буд фаромӯш кунам. Ба янгат чӣ мегам? Давида як барраи батанаи нағз биёр. Ҳаму янгат гӯшти барраи тозара дӯст медора. Дасти холӣ рафтан хосият надора. Хонаи худат ҳам равӣ, даста нигоҳ мекунан. Нашава, ки аз инош барӣ…».

Инсон ҳамеша ба сазои амал мерасад. Истарчӣ ҳам оқибат мисли гӯсфандони ҳаромшуда ба марг мерасад.

Образи Гули подабон аз ҳикояи «Ҳаромхор» низ ба образи Истарчӣ монанд аст. Ӯ ҳам гӯшти гови ҳароммурдаро мехоҳад ба ҳамдеҳагонаш фурӯшад, вале сирри ӯро байтор — Зиё Саттор фош месозад. Нависанда бо ин образҳои офарида таъкид кардааст, ки набояд аз мукофоти амал ғофил буд.

Яке аз шуғлҳои мардуми кӯҳистон шикор аст. Шикорчиён одамони қавииродаву шуҷоъ ҳастанд. Қаҳрамонони ҳикояҳои «Заркокул» ва «Тавба» Салиму Алам ҳам сайёдони моҳиранд. Салими шикорчӣ дилбохтаи аспи худ Заркокул аст. Тамоми дороиро харҷи Заркокул мекунад, аммо кӯдаконаш либоси хубе ба бар надоранд, ғизои дуруст ҳам намехӯранд. Салим одами сахту хасис нест, вале муҳаббати Заркокулу шавқу  шикор ӯро чунон ҷазб сохтааст, ки дар давру бараш чӣ мегузарад, намебинаду намешунавад.

Заркокул бордор аст. Ишқи асп ва курраи ӯ оқибат Салимро маҷбур мекунад, ки дар бораи  фарзандон низ андешад. Нависанда муносибати инсон ва ҳайвонро ба тасвир кашида, хеле боварибахш таъсир расонидани аспро ба соҳибаш баён месозад.

Дар ҳикояҳои Умари Шерхон кӯҳу чашмаву рӯду чашмаҳо низ чун қаҳрамонони асари нависанда зиндаву дар ҳаракатанд. Он мавзеъҳо ҳатто бо номи худ ҳолатеро ифода мекунанд, ки нависанда барои ифодаи фикр ва ё тасвири воқае аз он истифода мебарад. «Сарвати човандоз соатҳои ёздаҳи рӯз кишти заминашро дар нишебии тепаи Рӯдакан бо барзаговҳои шохчанбари амакаш анҷом дода, якбора сихмола ҳам зад, шукр гуфту сару рӯяшро бо миёнбанди гулдораш пок ва як каш носро зери забон ҳаво дод». Ин пора, ки аз ҳикояи «Пинчер» иқтибос шуд баёнгари меҳнати вазнини кишт аст, ки дар нишебии тепаи Рӯдакан сурат мегирад.

Рустоиҳо рӯҳи бешикаст доранд. Дар содагии онҳо як ҷаҳон муҳаббату вафодорӣ ниҳон аст. Ҳамин рӯҳи бешикаст онҳоро ба шуҷоату қаҳрамонӣ ҳидоят месозад. Нависанда ин ҳақиқатро дарк карда, аз он моҳирона истифода бурдааст. Дар ҳикояи «Гурд» қаҳрамони асар ҳамроҳи Талбаки комбайнчӣ барои фурӯ нишондани оташи гандумзор ҷонбозӣ мекунад ва дар байни мардум лақаби «Герой»-ро мегирад. «Герой» ба хотири пулу мол ё ифтихор не, балки ба хотири ба ҷо овардани қарзи инсонӣ ҷонашро ба хатар мегузорад.

Ин рӯҳи шикастнопазир дар вуҷуди Мамнун қаҳрамони ҳикояи «Вопасин рақси уқоб» аланга мезанад. Вай сарбози Ҷанги дуюми ҷаҳон аст. «Синнаш аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, ҳамоно кулоҳ, кители афсарӣ, шими голифе дар бар ва мӯзаи хром дар по бо қомати расо устувор мегашт». Рӯзи тӯи Мармари оҳангар Мамнун ордену медалҳояшро ба пеши бар овехта омад ва ҳангоми базм мисли уқоби кӯҳӣ ба рақс даромад ва гоҳи авҷи арғушт рафтан ҷон ба ҳақ таслим кард.

Нависанда дар симои Мамнун қаҳрамонона зистан, ба сахтиҳои зиндагӣ сар нафаровардан ва шодона бо дунё падруд гуфтанро хеле хуб тасвир кардааст.

Ҳар як ҳикояи китоби «Молики раҳи кӯр»-и Умари Шерхон ҳикмати як пораи зиндагист, ки хонандаро ба андеша водор мекунад. Маҷмӯа дар КВД КТН «Шарқи озод» нашр шуда, барои дӯстдорони каломи бадеъ туҳфаи хубест.

ВОРИС, «Садои мардум»