Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳоло дар остонаи истиқболи 25-умин солгарди он қарор дорем, барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвар тағйироти ҷолибу масарратбахш ворид намудааст. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро тақозо менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кӯр-кӯрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.
Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгон ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисоди Ватан, ҳифзи фазои орому ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки дар маҷмӯи гуфтору рафтору кирдорамон неку нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бонангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандиро дар ҳама кор тақозо менамояд.
Хусусиятҳои хоси фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки ниёгони мо, бахусус дар ҳавзаҳои илмии Давлати Сомониён, урфу анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ мӯшикофона созгор намуданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ ва ҳикмати қурбонӣ кардан бо баргузории маросимҳои марбут ба ин ду иди асосии мусалмонон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид.
Идҳои Фитр ва Қурбон дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо гузоридани намози ид, оростани дастархони идона, зиёрати қабристон ва тиловати «Қуръон» дар ҳаққи гузаштагон, аёдату дастгирии беморону ниёзмандон, шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ дар урфу одати мардумӣ бозтоб гардид. Ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти ризои Худованд мусалмонон, бахусус шахсони тавонманд, олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.
Додани садақаи фитр, баровардани нисоби закот ва умуман ҳама гуна садақа дар мавсими идайн, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни мусалмонон мебошад. Алалхусус, садақаи фитрро дар моҳи Рамазон аз ҳама беҳтар донистаанд. Аз ин рӯ, ҳар мусалмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.
Аз мавқеи муқаррароти аҳкоми шаръӣ, тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯйӣ, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифода махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, ки ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ояти карима баён шудаанд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон (бенавоён) ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худова барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои «Қуръон» гирдоварӣ намудааст ва дигар сарчашмаҳои муҳими исломӣ, ки ба шарҳи аҳкоми «Қуръон» бахшида шудаанд, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, вале ин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад. 2. Мискин – каси бисёр эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад. 3. Омилони садақа – афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ӯ маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағбаташ сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқилоби болшевикӣ дар Аморати Бухоро масъулони андозро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд. 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) – шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусалмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусалмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад. Имрӯз ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад. 5. Риқоб –бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; 6. Ғорим — шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороияшонро аз даст додаанд. 7. Дар роҳи Худо (фӣ сабили -ллоҳ) садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб бояд барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусалмонӣ кору фаъолият мекунанд; инчунин корҳои неку писандида, ба мисли такфин ва ба хок супурдани майит, сохтани роҳу пулҳо, бинову корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷид ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусалмонони арзандаи дигарро пардохт кардан дар маҷмӯи амали дар роҳи Худо анҷомдода дохил шудааст. 8. Ибни сабил – мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимӣ барои масрафи ҳоҷат ба маблағ (ба монанди донишҷӯёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фарҳангсолории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амниятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати буҳронии шадид падид омад. Чунин анъана роиҷ шудааст, ки камбудиҳои ҳаёти фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва динӣ-эътиқодиро дар сиёсати дохилии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба таъсири ҳалокатбори омилҳои беруна пайванд доданӣ мешаванд. Албатта, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва ҳаёти мустақилона баробари барҳам хӯрдани сиёсати геополитикии дуқутбӣ як ҷунбиши таҳоҷуми дутарафа ва ошноӣ бо воқеияти ҷаҳон бидуни миёнарав ба амал омад. Набояд фаромӯш кард, ки тақдир тақрибан як миллион нафар шаҳрванди моро гурезаи иҷборӣ кард ва онҳо дар шароити ниҳоят вазнин дар шимоли Афғонистон ва дигар кишварҳои дӯст як муддат азоби ғарибӣ кашиданд. Ба назари мо, зуҳуроти номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба ҳизбу созмон ва мазҳабҳои бегона маҳз дар ҳамин давра тарҳрезӣ шуд. Гузашти айём нишон дод, ки ҳадафи ниҳоии ин сиёсатбозиҳои динӣ аслан дар зери хатар мондани ваҳдати миллии тоҷикон аст. Ба мардуми ғофил аз асосҳои эътиқодӣ ва раҳоёфта аз чанголи атеизми динӣ дар он замони номуайянии фарогири охири садаи ХХ неруҳои манфиатхоҳ пешниҳод мекарданд, ки озодона мисли иваз кардани пули сомонӣ ба доллари амрикоӣ дину эътиқоди худро ба ҳар дину мазҳабе, ки хоҳанд, иваз кунанд. Ин пешниҳодҳо дар ҳолати ҳамкорӣ ҳеҷ гоҳ бе мукофоти пулӣ ва қадрдонӣ набудааст. Дар ҳамон солҳои мудҳиш як гурӯҳи рӯҳониён муҳоҷирони иҷбориро ба созмонҳои хайриявии исломӣ муаррифӣ мекарданд ва ҷумлаҳои зерини арабӣ вирди забони онҳо будааст: «Наҳну наҳтоҷ би нуқуд. Индано муҳоҷирун касир» – «Мо ба маблағ ниёз дорем. Дар назди мо муҳоҷирон зиёданд». Бо ҳамин тарзи муомила онҳо аз созмонҳои гуногуни асосан исломӣ маблағ ба даст меовардаанд.
Бояд гуфта шавад, ки аз оғози ислом дар фарҳанги мусалмонон се тарзи ифодаи муносибат ба дин ташаккул ёфтааст, ки дар динҳои ҷаҳонии дигар ҳам бо шаклу мазмунҳои монанд бар он ҷой дорад. Якум, диндорон гурӯҳеанд, ки новобаста аз касбу кор, донишу маърифат, вазъи иҷтимоӣ ва мақому вазифа динро муқаддас медонанд, онро эҳтирому арҷгузорӣ мекунанд ва ба олами маънавии худ тавассути он ғановат мебахшанд. Дуюм, динсозон гурӯҳи замонасозе мебошанд, ки танҳо ба хотири манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ба арзишҳои динӣ муносибат зоҳир менамоянд, худро ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ мекунанд. Онҳо аз номи дин ончунон бо виқору боварӣ сухан мегӯянд, ки гӯё ҳуқуқи дар бораи ислом масъалагузорӣ кардан танҳо ба ҳамин гурӯҳ вогузошта шудааст то ҷое, ки метавонанд рафтору кирдори дурусти ҳар мусалмонро ғалату беарзиш нишон диҳанд. Сеюм, динбозон гурӯҳи хатарноки сиёсие мебошанд, ки динро ҳамчун абзори тавонои идеологӣ бо роҳи сиёсат, зӯрӣ, зулму шиканҷа барои ба даст овардани қудрат бозӣ медароранд. Дар назди ин тоифаи мардум аслан дин ҳеҷ арзишу қудсият ва вологуҳарие надорад. Дин барои онҳо идеологияи муқтадирест барои мағзшӯйӣ кардани насли ҷавон ва дарёфти муздурони корӣ. Вазъияти кишварҳои арабиро дар даҳаи дуюми асри XXI мисоли равшани рафтори гурӯҳи динбозон шуморидан мумкин аст. Ба вуҷуд омадани падидаи динфурӯшии хориҷ аз ақлу мантиқ дар фаъолияти созмони террористии «давлати исломӣ», онро пайравӣ кардани як қисмати мардуми арабитабор ва ба онҳо пайвастани ҷавонони ноогоҳ аз дигар кишварҳои ғайриарабии мусалмонӣ камоли ҷаҳолат ва бехабарист. Намунаи нангини созмони террористии бино ба арзишҳои динӣ будани ДИИШ аз он шаҳодат медиҳад, ки қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ эътиқодро рукни асосии ҳувияти миллӣ медонанд. Миллат метавонад бе забон ва ё бе ваҳдати ҷуғрофӣ муддати дароз мавҷудияти худро дар миёни бегонагон нигоҳ дорад, вале бе ваҳдати эътиқодӣ ҳаргиз вуҷуд дошта наметавонад. Хамирмояи равонӣ ва маънавии миллӣ ин ваҳдати эътиқодии миллат аст. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметавонад, мавҷудияти худро дар хатар мегузорад.
Ана ҳамин омилҳои дар боло ёдшудаи таъсири беруна боиси тағйир ёфтани мақоми рӯҳониён дар ҷомеа гардид. Онҳо дар назари хориҷиён ҳамчун пуштибони мардуми ҷабрдида муаррифӣ шуданд ва ёрии пулию молиявӣ ба мусалмонон ва сохтани масҷидҳо ҳам аз тариқи онҳо дода мешуд. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистон ва қувват гирифтани ҳокимияти сиёсӣ робитаҳои хориҷии рӯҳониёнро маҳдуд сохт. Аз ин рӯ, ҷалб намудани имкониятҳои дохилӣ роҳандозӣ карда шуд. Ба рӯҳониёни бонуфуз ва умуман ходимони дин маблағи садақаву закотро супорида дуо гирифтан аз ҷониби гурӯҳҳои бонуфуз ва сарватманд муқаррарӣ гардид, ки имрӯз як раванди нохушоянд касб кардааст. Ин амал мухолифи фармудаҳои «Қуръон»-у суннат буда, ҳамчунин хилофи моҳият ва ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кумак ба табақаҳои муайян аст. Ин вазъият дар ҳолест, ки агар ҳама гуна садақа таъиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои камбизоат, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусалмонон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, ҳама медонанд, ки ба аксари рӯҳониён дар кишвари мо бо номҳои эҳтиромии бобои мулло, домулло, эшон, махсум, мавлавӣ, тӯра, охунд, халифа ва боз чанд номи дигар муроҷиат мекунанд ва иддае аз онҳо худро ҳамчун сайидзода, яъне пайванди хешӣ доштан ба пайғамбари ислом (с) муаррифӣ менамоянд. Албатта, собит кардани воқеияти ин даъвоҳо мавзӯи баҳси дигар аст. Вале, агар фарз кунем, ки ин матлаб заминаи воқеӣ дорад, пас онҳо бояд яқин донанд, ки авлоди пайғамбар ҳеҷ гоҳ моли садақаро намехӯрданд. Дар «Тафсир»-и Қуртубӣ зимни шарҳи ҳукми омилони закот омадааст, ки «ва дар масъалаи ҷоиз будани омили закот будан барои ҳошимӣ (сайидзода) фақеҳон ихтилофи назар доранд, вале имом Абӯҳанифа ин амалро манъ намудааст, ба далели ин ҳадиси муборак, ки «ҳаройина садақа барои Оли Муҳаммад ҳалол нест, зеро садақа палидиҳоест, ки аз моли мардум (барои пок кардани он) берун оварда мешаванд».
Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои миллат ҳар сол дар арафаи ду иди бузурги мусалмонон шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак дароз карда, суннати пойдори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро идома мебахшанд. Зери таъсири ҳамин ташаббусҳо аксари соҳибкорону тавонмандон иқдомҳои одилона ва худоҷӯёна карда, ҳар сол ба табақаҳои ниёзманд холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд. Ба ин васила, арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар анъанаҳои писандидаи ин маросимҳо тарғибу ташвиқ карда мешавад, ки он аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин дар мамлакат шаҳодат медиҳад.
Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон