Назари хос

Ислом покизагӣ аст

№105 (3899) 28.08.2018

Аз шахсе, ки нияти сеюмбора Ҳаҷ рафтан дорад, пурсон шудам:

- Сардори давлатро гӯш кардед? (Манзурам суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон буд). Президент мегӯяд, ки зиёратро ба тиҷорат табдил надиҳед. Агар аз Парвардигор савоб металабед, ба ҷои се бору чор бор Ҳаҷ рафтан мактаб созед, роҳи деҳаатонро таъмир намоед, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббӣ бунёд кунед, ба бемору барҷомонда, камбағалу бебизоат кумак расонед, — гуфтам.

Ҳамсуҳбатам писханд зад:

- Ман ҷон канда пул ғун мекунам, то рукнҳои мусулмониро ба ҷой орам, ки дар охират азоби гӯрам осон шавад…

Ҳикмати зикркардаи Пешвои миллатро хотиррасон кардам:   «Мавлои Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» овардааст, ки чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими Хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: — Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: — Ба ҳаҷ. Гуфт:  — Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: — Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: — Чунон кардам. Мард гуфт: — Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хона аст? Гуфтам: — На. Гуфт: — Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигар хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «Хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «Бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ баргаштам».

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мегӯяд:

Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,

Як каъбаи сурату яке каъбаи дил.

Ту битвонӣ, зиёрати дилҳо кун,

К-афзун зи ҳазор каъба омад як дил.

Қиёфаи ҳамсуҳбатам тағйир ёфт. Ба моҳияти гап сарфаҳм рафтагӣ барин шуд. Афзудам:

- Шояд, ки рӯзгори ҳамсояат хуб набошад. Хеши камбизоат доштагистед? Ва ба ин монанд камбудиҳои дигари зиндагӣ. Дар чунин ҳолат дасти кумак дароз накунию ба ҳаҷ равӣ, Худованд қабул мекарда бошад?!

- Ин чизҳоро медонам, — мутаккабирона суҳбатро «ҷамъбаст» карду аз ман дур шуд.

Оне, ки «ҷон канда, пул ғун мекунам» гуфт, бозоршин аст. Дӯкони меваю сабзавотфурӯшӣ дорад. Ҳамсару духтараш молу матоъ савдо мекунанд. Маълумоташ олӣ. Чанд сол дар шаҳри Душанбе шуғле дошт. Чун дид, ки наздиконаш аз хариду фурӯш даромади зиёдтар мегиранд, тиҷоратро ихтиёр намуд. Аз деҳқони заҳматкаш маҳсулоти арзон харида, ду-се баробар қимат мефурӯшад. Бехабар аз ин огоҳонии ояти 275-и сураи «Бақара»: «…судхӯрон бошандагони дӯзаханд, худ дар он ҷо ҷовидонанд».

Баъзеҳо кунҷковӣ карда, аз ҳамин қабил фурӯшандаҳо мепурсанд, ки аз деҳқон бо кадом нарх харидаанд? Ва ҷавоб мешунаванд: «Худо ҳозир, як сомонӣ гирифтам, болояш бист дирам мондам». Пурсанда яқин медонад, ки ин гап мутлақо дурӯғ аст. Ба дурӯғ ояти 116-и сураи «Наҳл» ин тавр сазо медиҳад: «Ҳамоно онон, ки бар Худо дурӯғ  мебанданд, растагор намешаванд».

Медонем, ки Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с), инчунин пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ба тиҷорат машғул буданд. Онҳо аз моли харидаашон фақат як фоиз фоида мехостанд.

Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ мегӯяд:

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Пешвои миллат таъкид мекунад: «Асл ва ҳикмати ислом аз иҷрои ин рукнҳо, қабл аз ҳама ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд аст, ки ба қадри неъматҳо расида, дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамоянд».

Мехоҳем ин чизро ҳам гӯем: дар мо расм шудааст, ки дорову нодор ҳаваси Ҳаҷ рафтан мекунад. Ҳол он ки ба ҷо овардани ин рукни мусулмонӣ ба тавоноӣ, яъне имконият доштан, қарздор набудан, аз рӯзгори худ изофа мондани маблағ ва дигар талаботи зиёрати Хонаи Худо вобаста аст. Аз ризқи зану фарзандон кам карда, азми ҳаҷ намуданро дини мубини ислом қабул надорад. Дигар ин ки маблағи пардохти Ҳаҷ бояд аз заҳмати ҳалол рӯ зада бошад, на ин ки аз ҳаннотию мардумфиребӣ! Чанд сол пеш, вақте ки ба ҳаҷравӣ имконияти васеъ дода шуд, аз махсуми Ҳадятулло, фарзанди шахсияти барӯманди кишвар Абдураҳимхӯҷаи Давлат, маъруф ба «Шайхи Элокӣ» пурсон шудам, ки ба ҳаҷ намеравад, гуфт: «Ҳоло барои ҳаҷ пули меҳнатӣ ҷамъ накардаам». Ӯ метавонист, ки аз ҳисоби муридони падар ва ихлосмандони худ ба Ҳаҷ равад, вале ин корро эб надид. Мавриди зикр медонем, ки ёрии ин одам ба даҳҳо сокини деҳаи калонтарини Ҷамоати Қалъаидашт – Элок ва деҳоти атрофи он расидаасту мерасад. Ӯ бо трактори шахсиаш зимистон роҳи деҳаро аз барф тоза мекунад. Баҳорон бошад, дар шудгори заминҳои картошкаю полезиҳо ба дасттанҳоён бидуни музд кумак мерасонад.

Шахси дигар — зодаи ноҳияи Файзобод Ҷамшед Ғафуров, ки корхонааш дар Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ шуҳрат дорад, дар давоми панҷ-шаш соли охир ба мардуми камбизоат бедареғ кумак мерасонад. Зиёда аз 100 ҳамватанро ба кор гирифта, маоши хуб медиҳад. Ҷамшед ҳоҷӣ нест, вале якчанд хешу табор, ҳамсояҳои модарашро ба ҳаҷ фиристод. Аз ҳисоби ӯ дар ноҳияи Файзобод ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ муассисаҳои таълимӣ таъмир ё аз нав сохта шуданд.

Бамаврид аст аз хайрхоҳии зани порсое нақл кунем, ки сокини деҳаи Бобои Валии Ҷамоати деҳоти Қалъаи­дашт аст. Ин модари хайр­хоҳ Файзия Қодирова 70 ҳазор сомонии барои Ҳаҷ захиракардаашро ба бунёди кӯпруки деҳа бахшид. Бонуи дигар аз деҳаи Заркамари деҳоти «Мискинобод» Сафармоҳ Миралиева кори Файзияро такрор намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2018 дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа қайд карданд, ки: «Имом Абӯҳанифа сафои қалб ва одоби неку ҳамидаро ҳусни ботин ва зинати зоҳири мусулмонон дониста, таъкид кардааст, ки агар шахс барои ризои Худо дар моҳи шарифи Рамазон як амали хайрро анҷом диҳад, ба шахсе баробар аст, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом медиҳад».  Тоҷирони ба ном «соҳибкор»-и мо бошанд, дар моҳи Рамазон нархро аз фарш ба арш расонданд.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки ислом манбаи покизагии ҳаёти инсон буда, он барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори бандаҳои Худо бояд хизмат кунад.

Ҷӯрабек Мумин, Корманди шоистаи Тоҷикистон