Театр ва тамошобин

Қиссаи ғамгину рангине, ки табъро болида месозад

№35 (3672) 01.04.2017

Чанде пеш дар шаҳри Панҷакент аҳли ҳунари Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхоновро дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев намоиш доданд.

Мо — дӯстдорони театр дер боз интизори  намоишномаҳои касбии театрӣ будем. Намоишномаи мазкур дар бораи заргар (дар иҷрои ҳунарпеша Султонмурод Бобомуродов) нақл мекунад, ки як миқдор зарро ҳамчун амонат ба дӯстонаш додааст. Чун бемор мешавад, барои гирифтани амонат занашро (дар иҷрои ҳунарпеша Мастура Ортиқова) назди қарздорон мефиристад. Аммо дӯстон ба амонат хиёнат мекунанд. Он гоҳ ҳамсари заргар роҳи баргардонидани тилловориро бо ҳиллаю найранг пайдо намуда, оқибат ҳарисӣ, фисқу фасоди дӯстонашро фош месозад. Бояд гӯем, ки нақшофарии ҳунарпеша Мастура Ортиқова бисёр табиӣ буда, диққати тамошобинро ба худ ҷалб менамояд.

Мо солҳои донишҷӯиамон зуд — зуд ба театр мерафтем ва аз ҳунарнамоии устодони саҳнаи тоҷик Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Гурминҷ Завқибеков, Бурҳон Раҷабов, Савринисо Сабзалиева, Майрам Исоева ва  Раҷабгул Қосимова ғизои маънавӣ мегирифтем.

Театр дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии одамон нақши калон мебозад ва аз он зиёд омӯхтан мумкин аст. Ҳунарнамоии актёрони боистеъдоди театр Аъзам Содиқов (дар нақши мулло), Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, Умед Султонмуродов ва Салоҳиддин Шукуров дар нақшҳои раиси маҳалла ва роҳбарони бефаросат бинандаро тасхир намуд.

Баъд аз тамошои он бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки имрӯз гурӯҳи ҳунарии театрро онҳое ташкил медиҳанд, ки аз мактаби ҳунарпешагони маъруф сабақ омӯхтаанд.

Бинобар ин, тавассути рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ миннатдории хешро баён мекунем.

 Абдурофеъ Холбоев, 

Муҳаммадҷон Турсунов,

собиқадорони соҳаи маориф,

шаҳри Панҷакент