КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТЕЪДОДИ НУСХАҲОИ ХАТТӢ АФЗУД

№ 31.05.2016

Дар зарфи беш аз се соли охир теъдоди нусхаҳои хаттӣ дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 2200 то 2576 афзуд. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз аҳолӣ 26 адад нусхаҳои хаттӣ ва 13 китобҳои чопи сангӣ дар мавзӯҳои гуногун харидорӣ гардид, ки қадимтаринашон китоби «Анвору-т-танзил ва асрору-т-таъвил» -и Носируддин Абулхайр Абдуллоҳ ибни Абулқосим Умар ибни Маҳмуд ибни Абулҳасан Алии Байзовӣ мебошад. Инчунин аз аввали моҳи апрел то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ аз аҳоли 68 адад нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки онҳо дар ҳоли таҳқиқу омӯзиш қарор дошта, рӯзҳои наздик ба комиссияи харидории китоб пешниҳод хоҳанд гашт. Дар баробари ин 22 адад гузинаи электронии нусхаҳои хаттии камёбро аз китобхонаҳои хориҷи кишвар ба шуъба ворид намуданд, ки дар оянда барои донишмандону муҳаққиқон кумак хоҳад кард. Ёдовар мешаванд, ки моҳи майи соли 1933 дар сохтори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таъсис  ёфт, ки дар самти гирдоварӣ намудани нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ (литогрофӣ), амиқ омӯхтан ва ба ихтиёри аҳли илму адаб қарор додани онҳо марҳилаи навро оғоз бахшид.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»