Корноманависӣ номашро абадӣ намуд

№66 (3367) 09.05.2015

РахмонСафар НАВНависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров, ки худ  даҳшати фоҷиаҳо ва оқибатҳои ҷангро дидаву эҳсос мекард, дар назди худ мақсад гузошт, ки  барои зинда нигоҳ доштани номи тоҷикистониён ва пайдо кардани беномунишонгаштагон саъй кунад.  Вақте ки ҷанг сар шуд, Раҳмон ёздаҳсола буд. Соли 1946 синфи ҳафтуми мактаби деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминободро (вай аслан дар деҳаи Шоҳраҷабии ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст) хатм карда, таҳсилро дар Омӯзишгоҳи педагогӣ, баъдан факултети таърихи Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб идома дод. Баъди як соли муаллимӣ кардан (солҳои 1950-1951) ба армия даъват мешавад ва бо ҳамин ҳаёти минбаъдааш ба соҳаи ҳарбӣ пайваст мегардад. Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи ҳарбии ба номи Харитонови шаҳри Ярославл (соли 1955), курси яксолаи Академияи ҳарбию дипломатии Армияи Советӣ (соли 1961) ва курси ғоибонаи  факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (соли 1965) мебошад.

Моҳи августи соли 1977 майор Раҳмон Сафаров ба нафақа баромада, сипас, то охири умр ба омӯзиш ва таҳқиқи корномаҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ машғул шуд ва барои зинда гардонидани номи сарбозони тоҷикистонӣ хизмати шоиста ва пуршараферо анҷом дод. Тайи ин муддат бойгониҳои марказии бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ҷустуҷӯ кард, дар дохили ҷумҳурӣ кофтуковро тавассути комиссариатҳои ҳарбӣ, оилаҳои иштирокчиёни ҷанг идома дод. Ҳамзамон ба вазорат, идораю ташкилотҳо рафта, барои пайдо кардани маълумот саъю талош менамуд. Ҳатто баъзе масъулон ба қавле аз ӯ «гурезон» мешуданд, зеро на ҳама тобу тоқати иҷрои кори хайреро дорад ва дар баъзе ҳолатҳо баъзе мансабдорон ӯро аз ин кори наҷиб боздоштанӣ мешуданд. Лекин Раҳмон Сафаров аз ҳамаи ин мондаю дилгир ва ноумед намешуду ҷустуҷӯҳояшро идома медод. Масъулону роҳбарони ба қадраш мерасидагӣ ҳам кам набуданд. Аз ҷумла раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзҳое, ки нависанда пайи ҷустуҷӯ ва заҳмати эҷодӣ буд, иброз дошт: «Нависанда Раҳмон Сафар барои зинда кардани номи иштирокчиён ва қаҳрамонони ҷанг заҳмат мекашад. Дар ягон ҷумҳурии бародар чунин нависандаи нодир нест, ки ҳаёти худро танҳо сарфи ному нишони шуҳадо карда бошад ва меарзад, ки имрӯз ба ин нависандаи беҳамто таҳсину офаринҳои худро иброз намоем».

Натиҷаи азму талошҳояш буд, ки се ҷилди китоби Раҳмон Сафаров ба муносибати таҷлили ҷашнҳои 45, 50 ва 55-солагии Ғалаба таҳти унвони «Ҳазору як корнома» ба нашр расида, пешкаши хонандагон гардид.  Дар маҷмӯъ, вай дар ҳаҷми 50 ҷилд корномаи сарбозону афсарони диловари тоҷикро ҷамъоварӣ намуд.

Идомаи размномаи «Ҳазору як корнома»-ро  соли 2010 ба муносибати 65-солагии Ғалаба Муассисаи нашриявии «Ирфон» рӯи чоп овард. Дар пешгуфтори китоб зикр ёфтааст: «Азбаски барои сабку услуби ҷилдҳои қаблан мунташиргардида мувофиқ омода сохтани  мавод то замони ҷашни 65-солагии Ғалабаи Бузург амалан имконнопазир буд, яъне Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ наметавонист таҳияи маводи дастнависи китобро бо риояи сабку услуби ҷилдҳои пешин таъмин намояд, тасмим бар он шуд, ки китоби ҷашнӣ дар асоси маводи таҳиягардида на ҳамчун идомаи ҷилдҳои қаблии «Ҳазору як корнома»  аз рӯи тартиби ҳуруфи алифбо, балки ба ҳайси китоби алоҳида таҳти  ҳамин унвон, вале бидуни рақами тартибӣ, ба муносибати 65-солагии Ғалабаи Бузург ба чоп расад».

Бояд тазаккур дод, ки иқдоми ин адиби тоҷик дар дигар кишварҳо низ дастгирӣ ёфт. Якуми ноябри соли 1996 аз минбари ҷаласаи 8-уми Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба асари «Ҳазору як корнома»-и Раҳмон Сафаров баҳои баланд дода, ба ҷумҳуриҳои дигар тавсия шуд, ки аз ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрат гиранд. Дар ин ҷаласа ҳамчунин пешниҳод гардид, ки  тарҷума ва нашри ин силсила ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бузургдошти қаҳрамонон ва хотираи шаҳидони ҷанг имрӯз ҳам ба манфиат аст…».

Албатта, пос доштани хотираи шаҳидон ва эҳтироми собиқадорони ҷанг кори хайру нек аст. Аз ин лиҳоз, Раҳмон Сафаров аз худ нишони неке боқӣ гузошт ва идома додани кори ин марди ватандӯст аз ҷониби пажӯҳишгарон, таърихнигорон ва рӯзноманигорон зарур аст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»