Куҷоӣ, модари ҷонам

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

Куҷоӣ, модари ҷонам, куҷоӣ?

Куҷоӣ, бахти хандонам, куҷоӣ?

Падар рафту саробонам ту будӣ,

Нигаҳбонам, саробонам, куҷоӣ?

Ту будӣ, ханда дар лабҳои ман буд,

Кунун бо чашми гирёнам, куҷоӣ?

Ту будӣ, қодири ҳар кор будам,

Бубин, ки бе ту натвонам, куҷоӣ?

Ҷаҳони рӯшанам торик гашта,

Чароғи нурафшонам, куҷоӣ?

Фурӯзон буд раҳи шабҳои торам,

Ту, эй шамъи шабистонам, куҷоӣ?

Қаламдасту сухандонам ту кардӣ,

Суханёбу сухандонам, куҷоӣ?

Туро фарзанди беозор будам,

Дуогӯю санохонам, куҷоӣ?

Тамоми зиндагӣ якрӯза умр аст,

Ту, эй якрӯза меҳмонам, куҷоӣ?

Каломи вопасинатро нагуфтӣ,

Нагуфтӣ, ҳасрати ҷонам, куҷоӣ?

Фалак ғамхонаи дард асту ҳасрат,

Дар ин ғамхона ҳайронам, куҷоӣ?

Дарахти зиндагии ман хазон аст,

Куҷоӣ, обу боронам, куҷоӣ?

Ту будӣ, давру даврон доштам ман,

Куҷоӣ, давру давронам, куҷоӣ?

Шаби бемориат бемор будам,

Куҷоӣ, марги осонам, куҷоӣ?

Ҳазоронро ғами бемодарӣ кушт,

Яке аз он ҳазоронам, куҷоӣ?

Ҷӯрабек МУЪМИН