Латофат Кенҷаева: «Муқаддас ҳунарманди беқиёс буд»

№3 - 4 (4109 - 4110) 07.01.2020

muqadas_nabieva-Аз марги сарояндаи хушсалиқа Муқаддас Набиева беш аз 40 сол сипарӣ гардид ва агар умр вафо мекард, имрӯз ба синни 70 қадам мениҳод. Ба ин хотир, мусоҳибаеро, ки бо шоира Латофат Кенҷаева 10 сол пеш сурат гирифтааст, ихтисоран бознашр менамоем.

- Рӯзе, ки шуморо тақдир бо Муқаддас Набиева рӯ ба рӯ кард, ёд доред?

- Он рӯз хуб дар ёдам мондааст. Аввалин рӯзи баҳори соли 1975 буд. Мудири хоҷагии Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон Зоя Константиновна калиди хонаро ба ман дода, ҳамроҳи ман омад. Аз идораи садо то маҳалли зисти ояндаи ман  роҳ наздик буд. Кӯчаро миёнабур карда, сари бинои дуошёна  расидем, ки гуфт: — Ана ҳамин бино. Кӯчаи Свириденко 31. Ошёнаи дуюм, аз дасти рост, дари якум.

Бори нахустин буд, ки Муқаддасро на аз экран ва саҳнаи дур, балки аз наздик медидам. Чунин дидорро он замону солҳо ҳазорон нафар орзу доштанд. Ҳаяҷони  шодихӯрдаамро бо азобе фурӯ  нишондам.

- Ман…

- Хабар дорам.

Як ҷуфт чашмони меҳрубон бо гавҳараки зумуррадгун магар маро имтиҳон доштанд.

- Даро!.. Бубахшен… дароед, — мани лолмондаро, гӯё шиноси дерина бошем, бепарво ба хона хонд.

Ва аз ҳамон рӯз хонаи ману Муқаддас, хонаи орзуҳои мо шуд, он хонаи хоксорона. Аз ҳамон рӯз аз як ҳавои хона нафас мегирифтем. Ва хонадориро бо ҳам медидем.

Ва чӣ бахти бузурге дар насибам буда, ки ҳар рӯз ӯро мешунидам, ҳар рӯз медидам. Гирди як дастархон менишастем, аз як пиёла чой менӯшидем.

- Кадом ҷиҳатҳо шуморо бо ҳам қарин сохтанд?

- Нахуст он ки ману Муқаддас дар як пайроҳа қадам мезадем ва он пайроҳаи эҷод буд. Пайроҳае, ки оғози нек дошт. Ҳар ду бо итминони расидан ба шоҳроҳ, субҳи тозаи зиндагиро истиқбол мекардем ва бо орзуҳои ширин аз тирезаи хоначаамон шабҳо кӯчаи чароғон ва осмони ситорарези Душанбеи азизро тамошо менамудем. Ду содадиле, ки аз ду деҳа, аз ду канори дурдасти Тоҷикистон ба ҳам омада.

Дигар, ҳар ду модари хушбахт будем. Ӯе, ки Баҳодури хурдакак дошт ва аз ҳафта ба ҳафта интизорӣ мекашид, то тезтар ба Фархор, ба дидори писаракаш бишитобад ва мане, ки бо сад хаёли ширин умедвор будам… Нахустфарзанди худро. Ва дар анҷом суҳбати мо боз сари тифлу бахти модарӣ гарм мешуд.

Дигар он ки ҳар ду ҳамкор будем. Аз остони хона то остони коргоҳ як роҳ моро мебурду меовард. Муҳити ошно ва мусоиди кори ҳаррӯза моро наздиктар мекард.

Баъдан, ниёзҳои маънавию моддии мо ҳамгунаву ҳамреша буданд. Дарду шодиҳои зиндагии мо монанд ва гиряву хандаҳои мо ҳалқаҳои як занҷири қисмати талху ширин буданд. Ду оинае рӯ ба рӯ. Ду соҳиле бо дарёи розу орзуҳои шабеҳи хеш. Ӯ аз ранҷҳои модари танҳо мегуфт, ман аз заҳмати бародари якто. Ӯ омода буд ба ҳар қурбонию сабурӣ ба хотири модар, ман ба хотири бародар. Ва шиори ҳар ду ин байти Соиб буд:

Тан деҳ ба бахти шӯр, ки хобондааст чарх,

Ҳар субҳ дар намак ҷигари офтобро. 

- Муқаддас аз нигоҳи шумо ҳамчун инсон ва санъаткор?

- Инсони олӣ буд ва санъаткори беҳтарин. Аксар таззодҳое мавҷуданд дар хислату маҷмӯи фазилатҳои ҳунармандони машҳур, ки паси қиёми офтоби истеъдоду ҳунарашон чун соя зуҳур намекунанд. Рангу бӯи гули зебо хору озораш ниҳон мекунад.

Аммо Муқаддас дар зиндагӣ инсоне буд комилфазилат, фарде буд нотакрор, ҳунарманде буд беқиёс. Одамиву ҳунараш ба як чеҳра. Шояд Худованд ба ҷуброни умри кӯтаҳаш беҳтарин ҷойгоҳи меҳру марҳамат ба ӯ лоиқ дид.

Волотарин хислати Муқаддас саховати дили пурмуҳаббаташ буд. Ӯ одамонро бағоят дӯст медошт ва ба тамом бахшида буд худрову ҳунарашро ба одамон. Бо ҳар суруд порае аз Муқаддас ба одамон ҳадя мешуд.

Муқаддас инсони асил буду ҳунарвари асил. Инсони наҷиб буду ҳунарпешаи наҷиб. Инсони якто буду санъаткори якто. Маҳбуби якто. Инсоне, ки қарзи одамияти худ аз ёд набурда ва ҳунарманде, ки хидмати ҳунар танҳо барои одамон вогузошта, барои одамон зиста.

- Агар Муқаддас Набиеваро тобонтарин ситораи эстрадаи тоҷик шуморем, иштибоҳ намешавад? Зеро то ӯ, ҳарчанд овозхонҳои эстрадӣ буданд, вале ростӣ, на ба дараҷаи ӯ. Дар ин бора андешаҳои шумо ҳамчун дӯсти наздики Муқаддас ва шоҳиди бевоситаи ҳаёту фаъолияти ӯ?

- Иштибоҳе намешуд ба андешаи ман, агар ба маънӣ меафзудем, ки нахустситора ва баъдан беназир ба тобишу фурӯғ миёни галаситораҳои эстрадаи тоҷик, чӣ аз ибтидо ва чӣ имрӯзу фардо.

Истеъдоди худоде амсоли Муқаддас, Маҳмудҷони Воҳид ва Маликаи Собир, ки чун озарахши баҳори фарҳанги тоҷик ба ҷовидонаҳо фурӯзон шуданд, шиносномаи булуғи миллати тоҷик ба ҷаҳониён будааст.

Хоҳем-нахоҳем, ҳақиқати таърихро наметавон инкор кард, ки ситорагон басо зиёд бошанд, вале дурахшонтарину тобонтаринашон ба ҳусн ягон-ягон, гоҳ-гоҳ аз дили асру ҳазораҳо зуҳур кунанд. Чун ситораи истеъдоди Муқаддас, ки меарзад ифтихор кунем.

- Агар то ба имрӯз Муқаддас зинда мебуд, дар эстрадаи тоҷик аз кадом ҷиҳат пешравиҳо дида мешуд?

- Оҳ, агар Муқаддас имрӯз зинда мебуд…

Эстрадаи тоҷик бешак, мақоми ҷаҳонӣ пайдо мекард. Ба созу оҳангҳои дилнавозе, ки лаҳни Муқаддас дошт. Ба ҷӯри асбобҳои шӯрангези миллӣ ва мақомҳои дилошӯби «Шашмақом», ки Муқаддас мехост ба сурудҳои эстрадӣ омезиш диҳад ва нахустбарги орзуҳои Муқаддас суруди «То боди саборо…» гувоҳест поянда.

Эстрадаи тоҷик бегумон, на танҳо дар сабки мавзуну ҷаззоби хониши Муқаддас, балки дар тарҳу намои либоси шинаму зебои миллӣ, фарҳанги  қадими тоҷикро тоза эҳё мекард, муаррифӣ месохт.

Шуҳрати эстрадаи тоҷик, ки тавассути Муқаддас ҳанӯз дар замони шӯравӣ тавониста буд дили мардумеро, ки бурҷи баландтарини дунё — Эйфелро соҳибанд, фаронсавиёни зебоипарастро тасхир намояд, имрӯз метавонист фарози  бузургтарин баҳру уқёнусҳоро убур кунад.

Оҳ, агар Муқаддас имрӯз зинда мебуд, ба афсуни овоз ва навои ҷонфазо, ба нозу адо, ба хиромидану печидану зебо рақсиданаш эстрадаи тоҷикро умри абад мебахшид чун номи хештан.

- Муқаддас ба ашъори классикон бештар таваҷҷуҳ дошт, на ба шеърҳои сабук. Дараҷаи шеърфаҳмиаш низ баланд буд?

- Бале, бештари матни сурудҳои Муқаддас аз ашъори классикон интихоб мешуд. Ба ёд оред суруди ӯро бар ғазали Ҳилолӣ. Чӣ марғуб, пурсӯз ва ба эҳсос мехонд:

Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро,

Душмани ҷониву аз ҷон дӯсттар дорам туро.

Чӣ ширин аст зораи Муқаддас, ки шиква аз дарди ҳиҷрон мекунад. Ҷасоратест ниҳон дар нолаҳои ӯ. Ҷасорати умедворӣ, умед аз висоли ошиқ. Зеро дар зиндагӣ Муқаддас ошиқи боҷуръату сахтпаймон буд.

«Шеърҳои классиконро аз он сабаб дӯст дорам, ки басо равону пурмазмун ва хушоҳангу дилчаспанд» мегуфт Муқаддас. Шеър ё ғазалро хуб мефаҳмид ва зебо қироат мекард. Байтҳоро дар алоҳидагӣ бо оҳанг мехонд ва зуд ҳифз мекард. Ашъори шоирони муосир Турсунзода ва Лоиқ хеле писандаш буд.

- Бештар кадом лаҳзаи бо Муқаддас будани худро пураҳамият медонед?

- Чунин лаҳзаву соат, рӯзу моҳу сол вуҷуд дошт. Чӣ айёми ним сол бо Муқаддас дар як хона зистану чӣ се соле бештар дар ҳамсоягӣ равуо доштанамон. Ин ҳамсоягӣ низ чунин буда, ки ҳар ду дар кушоем, бо ҳам мезад. Нахустфарзанди ман — духтарам Манижа ба дунё омаду ба ман рӯ ба рӯи ҳуҷраи зисти пешинаамон утоқи кӯчаки собиқ ошхонаро, ки он ҷо як замон рассоми номӣ Вафо Назаров ва баъдтар Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ зиндагӣ карда буданд, доданд.

Ва он лаҳзаҳо чӣ мондагору ёдгори бебаҳои хотираанд, ки оташе доранд сӯзон. Бо вазидани боди ёд ҳамон шарора мезананд ва гармии ёди як дӯст, як инсони фариштахӯе дар мағз-мағзи ҷон эҳсос мешавад…

Лаҳзаҳои ҳамкорӣ…

Лаҳзаҳои ҳамсоягӣ…

Лаҳзаҳои сафар…

Лаҳзаҳои дастгирию мададгорӣ, ки соатҳои фориғ аз кораш бо Манижаи хурдсоли ман менишасту ман ба кор мешитобидам…

Лаҳзаҳои шодии рӯзи мавлудаш, ки басо дӯстони машҳуру ҳунарвараш ҷамъ меомаданд ва баръакс. Лаҳзаҳои машқ ва изтироби рӯи саҳна омадан бо суруди  нав.

Ва хотираи бисёри ин лаҳзаҳои пурэҳсос чун сипаре ба замини дил фурӯ рафта…

Гуворотарин, хуштарин, лаҳзаҳои беҳтарини умри ман буданд, лаҳзаҳое, ки то ҳанӯз бӯи  Муқаддас доранд.

- Ба андешаи бисёриҳо Муқаддас дар садама нафавтидааст, ӯро барқасдона куштаанд. Ба фикри шумо кӣ ин корро карда метавонист?

- Овозаву тахмину гумонҳо сари муаммои марги Муқаддас зиёданд. Муқаддас дили софу бекина ва хайрхоҳе дошт. Кӣ душманаш буда метавонист?

Вале аз нолаҳои зору фиғони ҷонгудози модари Муқаддас рӯзи маргаш, ки ҳанӯз дар гӯшам ҷарангос мезананд: «Оҳ номардон, чаро ӯро партофта гурехтед? Чаро охирин сухани ӯро нашунидед?.. Ҳайфи шумо…», аз он ки дар саҳни ҳавлии Радиои тоҷик ба хайрбоди мардум бо ин нобиғаи санъати тоҷик монеъ шуданд, сари андешае ҳамеша музтар мемонам. Ин амри қисмат буд ё тасодуф? Заҳри қотили ҳасуде ё макри номардонаи рақиби беҳунаре? Чаро, чунин шудааст, ки Муқаддаси варзишгари касбӣ ва ба чолокӣ беназир натавонист аз мошини  сарозеррафта ба ҷарӣ нахустин берун ояд? Акси ҳол ҳамагон зинда мондаву танҳо ӯ… Гумон мекунам, агар амали шарри бадхоҳонае буд, бадкешон ҷазояшонро диданд. Ҷазои имону виҷдон сахт аст…

- Ба фикри шумо Муқаддас асосан, чӣ сирре дошт, ки мардум дӯсташ медоштанду медоранд?

- Офтобро мардум чаро дӯст медоранд? Чашмаи мусаффо, баҳори нозанинро чаро мардум дӯст медоранд?

Муқаддас чун офтоби тозае чеҳра боз кард ба ҳар хонадон. Чашмаи мусаффое равон шуд зулолу покиза.  Баҳоре шукуфт пурнакҳат ва тозарӯ. Ва ин офтоби гарм, чашмаи соф ва баҳори гулбори истеъдоди худододи Муқаддас буду муҳаббати мардум. Таронаҳои шӯрангези Муқаддас буду меҳру садоқати мардум. Ҳар чӣ ба мардум додӣ, мардум ба ту боз диҳад. Муқаддас дилу дасти кушода дошт. Меҳр, ишқу вафо буд дар ин дилу даст. Ва одамон ҳанӯз ёд мекунанд Муқаддаси хушовозро. Ва ҳанӯз сахт дӯсташ медоранд.

- Дар бораи ҳамкориҳои эҷодиатон низ бо Муқаддас қисса мекардед?

- Муқаддас аксар навиштаҳои маро мехонд. Бахусус, таронаҳои ман дар васфи модар писандаш буд. Хеле хоксору фурӯтан буд. Ҳар боре, ки дар борааш навиштанӣ мешудам, ба нози ширине баҳона пеш меовард. Рӯзе, ки мақолаи ман дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  (собиқ «Тоҷикистони советӣ») чоп шуд, дар ҳаяҷон будам, ки чӣ гуна қабул мекунад.

…Тозон ба хона даромад. Нав аз кор баргашта будам.

«О шайтоне! Кори худта кардӣ?», — норозиёна чашмонашро нимпӯш карда итоб кард ӯ. Аммо чӣ итобе, лабрез аз сипосу меҳр. Фаҳмидам, ки дӯстам медорӣ… Ташаккур».

Дар интихоби шеър маслиҳат мепурсид. Баъзан баҳси мо дурудароз идома меёфт.

Мактубҳои зиёди мухлисон, ки барои шунавонидани ин ё он суруди Муқаддас ба маҷаллаи бонувон «Фирӯза» меомаданд ё худ бевосита ба номи Муқаддас менавиштанд, беҳтарин туҳфаи Муқаддас буданд. Мисли кӯдак шодӣ мекарду гаштаву баргашта мехонд.

Гоҳ-гоҳ ҳамроҳ суруд мехондем. Баъзан вақти холӣ меёфтем, китоб мутолиа мекардем. Муқаддас ошиқи китоб, ошиқи сухани  зебо буд.

Боре аз хазинаи Садо суруде дарёфт кардам, ки Муқаддас онро овони мактабхонияш сабт карда буду «Ку-ку, ку-ку хурӯсам» ном дошт. Вақте онро дар барнома шунавонидам, хурсандии ғайринтизор буд барои Муқаддас. Аз ҳаяҷон чашмонаш нам  гирифтанд…

- Идеяи нигоштани китоби «Шарораи хотираҳо» чӣ гуна дар зеҳнатон пайдо шуд?

- Бо дархости бешумори сомеони барномаҳои ман. Пораҳои аввалини хотираҳоям дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуданд. Рӯзнома ҳам номаҳое бисёре гирифт.

Гирди номи Муқаддас сару садо ва овозаҳои бисёре буданд. Ниҳояти кор, ману Муқаддас аҳд баста будем. Ман рӯзе китобе аз зиндагии ӯ менависам. Ӯ ҳатман, агар ман писардор шудам, дар хатнатӯи ӯ cуруд мехонад, ба сараш санги осиё гардад ҳам… Ва ман қарздор будам назди рӯҳи Муқаддас. Қарздори зинда. Ҳамин тавр, «Шарораи хотираҳо» рӯи чопро дид, ки теъдодаш дар он замон аз ҳама китобҳо зиёд — 25000 нусха буд ва зуд миёни мардум маҳбубият пайдо кард.

- Мегуфтед, ки ӯ чӣ беқарориҳое дошт?

- Ҳамеша беқарору беором буд. Субҳ барвақт аз хоб мехест. Ба варзиш мепардохт.

Баъдтар ҳарчанд дар ҳамсоягӣ зиндагӣ доштем, овози ширадору ҷаззобаш мудом то хонаи ман мерасид. Ба овардан ё зарурати истифодаи чизе иттифоқ афтад, аз хонаи худ маро баланд садо мекард. Кӯтоҳак ва бо навозиш «Латоф!» садо мекард.

Басо зебопараст ва завқи баланди интихоб дошт. Хоса дар интихоби сарулибоси саҳна.

- Дар телевизион туро ҳам мешунаванд ва ҳам тамошо мекунанд, — мегуфт Муқаддас. Сароянда бояд ҳамасон  зебо бошад. Чӣ ба овоз, чӣ ба либос. Шинам буд ҳар либосаш. Басо мезебид ба Муқаддас, ба нозаш, ба хиромиданаш…

Дар оянда орзуи дар синамо нақш офаридан дошт.

Нозуктабъ буду ба нозукӣ дилбохта. Агар андаке фарбеҳӣ дар ҷисми худ эҳсос мекард, ҳамоно ба «рӯзагирӣ» мегузашт. Ва хеле аҷиб буд «рӯза»-и ӯ. Ду шабонарӯз чизе намехӯрд, ба ҷуз фаллаи шир гоҳи субҳона ва оби ҷӯшонидашуда се маҳал.

Муқаддас барои мухлисон, барои дӯстдорони оҳангу суруди ноб мезист. Кӯдаконро сахт дӯст медошт. Баробари онҳо шӯхию бозӣ мекард, ҳамеша ба кӯдакони ҳавлӣ аз шириниҳо туҳфа дошт. Баробари писарчааш Баҳодур медавиду меҷаҳид. Гоҳо ба часпу талошҳои кӯдаконааш эрод гирам, қоҳ-қоҳзанон механдид:

- Хубтараш, биё ту ҳам бо мо бозӣ кун.

- Кадом хусусиятҳои фарқкунандаи ӯро бозгӯ карда метавонед?

- Ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ. Одамият. Саховатмандӣ. Ростгӯӣ ва якқавлӣ. Дарёдилӣ. Тозакорӣ. Озодагӣ. Эҳтироми хосаи кӯдакон ва пирон. Айбу гунаҳ надидан. Қатъият. Хайрхоҳӣ. Сабру таҳаммул. Бериёӣ. Вафодорӣ. Баномусӣ. Меҳнатқаринӣ. Ошиқӣ.

- Оё рост аст, ки мегӯянд Муқаддас бонуи  мардсифат буд?

- Муқаддаси ҷисман латифу наҳиф барҳақ чанд сифат аз мардон ба орият гирифта буд. Мардона амал мекард. Ҷуръату сухани мардона дошт. Миёни душманони заифи худ мардона мезист. Мардона гузашт мекарду мебахшид. Пуштибони афтодагон буд. Мардона фош мегуфт. Мардона ишқ меварзид.

- Дар интихоби шеъру оҳанг бештар бо киҳо ҳамкории эҷодӣ дошт?

- Бештари оҳанги сурудҳояшро навосоз Юрий Лядов эҷод мекард, ки ӯ ҳам бармаҳал аз ҷаҳон рафт. Дилдодаи оҳангҳои халқӣ буд. Аксари оҳангсозони машҳури тоҷик барои ӯ сурудҳои хуб эҷод кардаанд. Ба чандин забон  ҷаззоб, равон ва фаҳмою шево месуруд.

- То ҷое аз мутолиаи китоби шумо бармеояд, на ҳамеша дар зиндагиаш барои Муқаддас имкон даст медод, ки ниятҳои неки худро дар ҷодаи санъат пурра амалӣ созад. Ва бештари ҳолат ҳасудхӯрону нотавононбинон пеши роҳаш садҳои сунъӣ эҷод мекарданд. Оё ин ҳама амалҳои ноҷавонмардона ӯро дилмонда намекарданд?

- Ҳаргиз дилмондагиву озурдагии худро зоҳир намекард. Сари баланд дошту ғурури ношикаста. Мудом посухи ҳақ, сазовор ва оқилона медод бадоҳатан. Ба қавле, ҳар нуқтаро бар ҷой мегузошт. Боандеша буд. Қудрати аз хокистар эҳё шудан ва оташро ба нармӣ фурӯ бурдан дошт.

Суҳбаторо А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»