Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфилҳои баъдидарсиро фаъол бояд кард

№43 (3680) 22.04.2017

Кисми зиёди аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиклолӣ татбики босамари сиёсати давлатии ҷавононро меҳвари фаъолият карор додааст.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017- ро «Соли ҷавонон» эълон намуда, гуфтанд:

«Ҳукумати Тоҷикистон ташаб­бусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму тахника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Заминаи илму дониш ва касбу ҳунар аз мактаб сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, дар таҳкими илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар накши маҳфилҳои баъдидарсӣ муҳим аст. Солҳои пеш дар мактабҳо маҳфилҳои ҷудогонаи химия, физика, радио, авиамоделчиён, табиатдӯстон, геологҳои ҷавон ва ғайра амал мекарданд. Мутаассифона, солҳои навадум аз сабаби набудани ҳавасмандӣ маҳфилҳои беруназдарсӣ аз фаъолият бозмонданд. Ҳоло дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо марказҳои эҷодии наврасону кӯдакон мавҷуданд, вале аз лиҳози иктисодӣ на ҳама кӯдакон аз деҳоти дурдаст ба маркази ноҳияҳо имкони рафтан доранд.

Хуб мешуд, ки ин гуна маҳфилҳо дар макотиб эҳё шаванд. Агар роҳбарони маҳфилҳо аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гарданд, наврасону ҷавонони зиёде ба ҷойи беҳудагардӣ ва соатҳо дар интернет — кафеҳо нишастан, дар онҳо ширкат варзида, касбу ҳунар меомӯзанд. Вакте кӯдак аз мактаб ба ҳунаре рағбат пайдо мекунад, айёми ҷавониашро беҳуда намегузаронад.

Ҷавонон бояд дар хотир ­дошта бошанд, ки танҳо бо илму дониш, ихтироот, забондонӣ, комёбиҳои варзишӣ метавонанд Тоҷикистони барои ҳар яки мо азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Тошхӯҷа Асирӣ беҳуда нафармудааст:

Чу омад асри нав кӯшиш намоед,

Мутобик бар ҳамин ҳиммат физоед.

Кушода чашми худ бар илми дунё,

Бинокории нав созед эҳё.

 Курбонгул КУРБОНОВА,

омӯзгори МТМУ №37,

ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе