Мо агар мактуб нанвиштем, айби мо макун…

№7 (3487) 16.01.2016

1 (2)Бо устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз аз соли 1989, ҳангоми кор дар рўзномаи навтаъсиси «Паёми Душанбе», шиносоӣ пайдо кардам ва бо ҳам дўсту бародар шуда, то охири ҳаёташ (23 майи соли 2009) аҳди бародарӣ доштем. Имсол аҳли илму адаб 80-солагии шоир Абдуллоҳ Қодирии Мумтозро  ҷашн мегиранд.

Шиносоии мо тавассути нависандаи шинохта, ҳаҷвнигор Имомиддин Раҳимӣ, ки он айём мудирии шуъбаи маънавиёти рўзномаи «Паёми Душанбе»-ро бар уҳда дошт, ба амал омад.

Аз мулоқоти аввалин пай бурдам, ки устод дили софи бекину ҳасад ва хеле со­да дорад. Ба тезӣунс гирифтем. Минбаъд, агар ба идораи рўзнома (қабати сеюми бинои имрўзаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе) медаромад, суҳбат аз боби шеъру суруду мусиқӣ гарм мешуд.

Абдуллоҳ Қодирӣ дар бораи бузургони миллат Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Раъно Ғолибова, Акашариф Ҷўраев, Тилло Пўлодӣ, Ҷамшед Шанбезода, Зафар Нозимов ва дигарон хотираҳои ҷолиб дошт, вале фурсате надошт, ки ҳамаи хотираҳояшро рўи коғаз орад.

Ҳамон рўзҳо аз муовини сармуҳаррири рўзномаи «Паёми Душанбе» Исмоил Ҳикматов ва мудири шуъбаи ҳамин рўзнома Имомиддин Раҳимӣ супориш гирифтам, ки бо шоири суруднавис ва ғазалсаро Абдуллоҳ Қодирӣ мусоҳибае анҷом диҳам. Ин пешниҳодро сармуҳаррири рўзнома  Додохон Эгамзода низ дастгирӣ намуд. чанде паси ин мусоҳиба таҳти унвони «Сияҳ пўшанд аҳли ишқ дар рўзе, ки ман мирам» дар рўзномаи «Паёми Душанбе» (15 ноябри соли 1990, №216) ба табъ расид. Устод худи ҳамон рўз ба идораи рўзнома омада, ба роҳбарият ва аҳли эҷоди он изҳори сипос намуд.

Ҳамин тавр, дўстиву бародарии мо оғоз ёфт. Ҳар омаданаш ба идораи рўзнома барои мо-ҷавонон шодию фараҳ мебахшид. Суҳбатҳои ширинаш ҳаловате дошт.

Баъди чопи мусоҳиба бо Абдуллоҳ Қодирӣ ба номи ман мактуби зиёд омад. Хонандагон мехостанд доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодии шоири маҳбубашон бештар донанд. Албатта, дар ин миён бо устод вохўриҳои зиёд доштам ва бештар суҳбатҳоро дар диктофон (он солҳо нав баромада буд) сабт карда будам. Ният доштам, ки як силсила мақолаҳо менависам.

Дар ин миён маро барои кор ба рўзномаи навтаъсиси «Садои мардум» даъват намуданд. Дар ҷойи кори нав нақшаҳо зиёдтар шуданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин бо устод мусоҳиб шуда, таҳти унвони «Аз он лабон бўса бидеҳ»… («Садои мардум», 17декабри соли 1992, №226 (476) маводе чоп кардам. Дар мақола сухан дар бораи суруди машҳураш – «Аз он лабон бўса бидеҳ» меравад. Ин айёме буд, ки дар кишварамон алангаи ҷанги шаҳрвандӣ баланд буд. Бо тақозои айём тайи се сол (1992-1994) хабарнигори махсуси «Садои мардум» дар ВМКБ будам.

Сипас, ба шаҳри Душанбе баргашта, фаъолиятамро дар рўзномаи «Садои мардум» давом додам. Дўсту бародари мо Абдуллоҳ Қодирӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба ҳолпурсии банда омад. Хеле хурсанд буд, ки боз ба дидори ҳамдигар расидем. Устод  узр пурсид, ки боре аз ҳоли мани гуреза пурсон  нашуд, зеро он солҳо алоқа дуруст кор намекард. Мактубҳо низ хеле дер ба унвони соҳибашон  мерасиданд.

Дар навбати худ эрод гирифтам, ки дар ин ду сол борҳо аз барномаҳои Радиои Тоҷикистон баромад намуда, аз хусуси дўстӣ, мақолаҳое, ки дар ин солҳо дар борааш чоп шудаанд, бахусус суруди машҳураш «Аз он лабон…» сухани зиёде гуфт. Аммо боре номи бандаро ба хотир наовард. Ҳол он ки барои ман шунидани ҳарфе аз дўстам хеле хуш буд. Устод тан доданд ва гуфтанд, ки ин камбудӣ ба зудӣ ислоҳ хоҳад шуд.

Рўзи дигар Абдуллоҳ Қодирӣ бо дастовез – шеъри нав — «Назри даргоҳи ту овардем байте шоҳвор» (Ба дўсти қаламкашам Тиллои Некқадам тақдим бод) ба идораи рўзнома омад ва шеърро дар ҳузури ҳамкоронам қироат намуд, ки чанд мисраи охираш ба зудӣ аз бар шуд:

… Назри даргоҳи ту овардем байте шоҳвор,

К-аҳли дил Мумтозвор андар ҷавобаш мулзам аст:

«Мо агар мактуб нанвиштем,  айби мо макун,

Дар миёни рози муштоқон, қалам номаҳрам аст».

Устод дастнависи шеърро ба ман дод. Таърихи эҷодаш 2 июли соли 1995 буд. Ин шеър аввал дар ҳафтаномаи «1001 сюрприз» (сармуҳаррираш Бахтиёр Улмасов) моҳи августи соли 1995 чоп шуд. Ин ҳафтанома он солҳо хонандаи зиёд дошт.

Баъди ду соли дигар, шеъри тақдимӣ дар ҳафтаномаи  «Адабиёт ва санъат» (10 январи соли 1997, №1-2 (900) чоп шуд. Он солҳо ин ҳафтаномаи бонуфуз аҳён — аҳён дар ҳаҷми ҳашт саҳифа ба дасти хонанда мерасид.

Соли 2000 дар нашриёти «Адиб» китоби нави Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз таҳти унвони «Сабзаи мижгон» аз чоп баромад. Устод ин шеъри тақдимиро ба китоб (саҳ.120) дохил кард. Азбаски китоби наваш тез ба савдо рафт, танҳо баъди се сол аз куҷое як нусха ёфта, бо соядаст ба ман тақдим намуд:

«Барои дўст ва бародари гиромиқадрам  Тиллои Некқадам:

Шеърам ба ту ёдгор додам,

Шояд накунӣ маро фаромўш.

Баъди он ки устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз куллиёти ашъорашро таҳти унвони «Лаҳни булбул» (Душанбе, «Кайҳон», соли 2008, 516 саҳ.) чоп кард,  ин шеърро дар саҳифаи 279-уми куллиёташ ҷо дод.

Бояд зикр намоям, ки ин аввалин шеъри тақдимӣ ба унвони ман буд. Аввалҳо ба ин аҳамият намедодам, вале бо гузашти солҳо қадру қимати шеъри мазкур боло рафт. Ман ифтихор дорам, ки устод Абдуллоҳ  Қодирии Мумтоз барин дўсту бародари қадрдоне доштаму ў чун хотира шеъре ба ман бахшидааст.

Тавре мегўянд, дасти устод сабук баромад. Минбаъд шоирони маъруф ва шинохта Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Басир Расо, Низом  Қосим,  Ҷумъа Қувват, Ато Мирхоҷаи Неру, Парда Ҳабиб, Исо Раҳим, Хайрандеш ва Давлати Султон дар зодрўзам шеърҳо бахшиданд ё дар китобҳои тақдимкардаашон бо байтҳои пурмаънӣ соядаст навиштанд. Ашъори тақдимӣ барои ман хеле азиз аст. Дар ин роҳ устоди арҷманд Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз гомҳои нахустин гузошта буд.

Инак, матни пурраи шеър:

Назри даргоҳи ту овардем байте шоҳвор

(Ба дўсти қаламкашам Тиллои Некқадам тақдим бод)

 Ҷилваи бахт аз зуҳури меҳри рўи ҳамдам аст,

В-арна дил оинадори нақдаи сад мотам аст.

Хонаи дил аз қудуми ёр равшан  кардаем,

З-он, ки меъроҷи адаб аз дўстии маҳкам аст.

Аз ҳарими ошёни дида пои худ макаш,

Бар сари мижгон-ш, ашкам рамзи оҳуи рам аст.

Маънии мубҳам куҷо ояд падид, эй некхў,

Уқдаи аҳду вафоеро, ки сахту мубрам аст?

Мешавад саркўби дард аз ғайрати аҷзои ғам,

Ҳар кӣ дур аст аз висоли ёру чашмаш пурнам аст.

Назри даргоҳи ту овардем байте шоҳвор,

К-аҳли дил Мумтозвор андар ҷавобаш мулзам аст:

«Мо агар мактуб нанвиштем, айби мо макун,

Дар миёни рози муштоқон қалам номаҳрам аст». (2 июли соли 1995, шаҳри Душанбе)

Як соли охири ҳаёташ  (2008) устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бемор буд, гоҳ дар Беморхонаи посёлкаи якуми советҳо, гоҳ дар хона ва чанд муддати дигар дар Беморхонаи ҳукуматӣ табобат мегирифт. Пеш аз соли нави 2009 ҳамроҳи журналист, подполковники милитсия Ҷалолиддин Садриддинов ба ҳолпурсияш, ба Беморхонаи ҳукуматӣ рафтем. Саломатияш хуб буд. Бемори ҳампаҳлуяшро ба мо шинос кард. Сокини ноҳияи Варзоб, мухлиси суруду таронаҳои Қодирӣ будааст …

Акаи Абдуллоҳ аз ман рафти чопи куллиёташро пурсид. Куллиёташ бо номи «Лаҳни булбул» дар нашриёти «Кайҳон» дар дасти чоп буд. Аз ин хусус бо номи «Танҳо як умед  ин чопи «Куллиёт»  буд», мақола навишта, дар «Садои мардум» 8 ноябри соли 2008  №124 (2355) чоп кардам. Мо низ ҳамроҳи сарвари нашриёт, рўзноманигор Мухтор Боқизода аз пайи он будем, ки то Соли нав китоби навро ба устод  тақдим кунем. Ҳамин тавр ҳам кардем. То Соли нави 2009 китоби «Лаҳни булбул» дар ҳаҷми 516 саҳифа чоп шуд. Устод Қодирӣ аз чопи китобаш хеле рўҳбаланд гардид ва ба зудӣ сиҳат шуду аз беморхона баромад. Баъди чанде китобашро бо каме ислоҳ ба идораи рўзномаи «Садои мардум» оварда гуфт:

- Дар ин китоб баъзе хатоиҳои грамматикӣ ва техникӣ роҳ ёфтаанд. Китобро гир, шояд дар нашрҳои минбаъда ислоҳ шаванд.

Алъон, куллиёти «Лаҳни булбул»-и Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бо ислоҳҳо дар дасти ман аст. Шояд рўзе нашриётҳои давлатии ҷумҳурӣ ба чопи куллиёти нисбатан мукаммали устод даст зананд, китоб бо ислоҳҳои муаллиф лозим мешавад. Бар замми ин, устод Қодирӣ дастнависҳои куллиёташро ҳам аз ҷузвдонам нагирифт.

- Бигзор дастнависҳоям  чун ёдгор дар дастат  монанд, зеро аз ту дилам пур аст. Ту дастнависҳоямро нағз ҳифз мекунӣ  ва оянда истифода хоҳӣ бурд.

Устод Абдуллоҳи Қодирии Мумтоз дар Рўзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 майи соли 2009 дар синни  73-солагӣ вафот кард.

Мехостам бо чанд мисраъ марсияи Ато Мирхоҷаи Неру ба андешаҳои нотамомам мўлнуқта гузорам:

Ман лек марсия натавонам гуфт

Дар марги шоире, к-ў намиранда-ст.

Зеро суруди ў ҳама чун рўҳаш

Бо мардумони ҳозиру оянда-ст.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»