Модарҷон, бисёр мехоҳам, ки чун солҳои қабл ба аёдатат шитобам, бароят беҳтарин либос, лазизтарин ғизо, хонданитарин китобро ҳадя барам. Дарро ба рӯям кушоию табассум дар лабонат шукуфад. Аз рухсораи пурожангат бибӯсам, сарамро ба шонаат гузорам, накҳати биҳиштиат ба машомам расад ва лаҳзае аз ташвиши рӯзгор биосоям, аммо…
Дасти андеша маро ба дунёи рангини кӯдакӣ мебарад. Аз ту тоқати лаҳзае ҷудоӣ надоштам. Ҳар куҷо мерафтӣ, аз доманат сахт медоштам. Ба додани ҷон розӣ будаму ба раҳо кардани доманат не. Ба назарам менамуд, ки агар доманатро лаҳзае раҳо бикунам, меравию дигар намебинамат. Ин бим маро ҳамеша дунболагир буд.
Ҳоло эҳсос мекунам, ки бароям чизе намерасад, комил нестам, нимаам ва чун барои ёфтан тафаккур мениҳам, дармеёбам, ки он ҳузури ӯро надорам, фариштаи биҳиштиам…
Бори гарони тарбияи шаш фарзанд бар дӯшат бор шуд. Номеҳрубонии тақдир вуҷудатро сӯхт, чун мӯйи оташдида дар худ печидӣ, обуадо гаштӣ, вале дар ҳузури мо — фарзандонат инро вонамуд накардӣ, худро бардаму тавонманд нишон додӣ. Он ҳолро имтиҳони зиндагӣ донистӣ ва гуфтӣ, ки сари зиндаро дар гӯр монда нашавад, ба хотири фарзандон зиндагӣ бояд кард. Моро бо меҳр парвардӣ, ба зиндагӣ дилгарм кардӣ.
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Кӯлоб дарс мегуфтӣ. Ба пешаат дилбастагӣ доштӣ ва чиҳил сол саргарми тарбияи шогирдон будӣ. Агарчи пас аз итмоми дарсҳо медидамат, аммо ин барои сер шудани ман аз дидори муборакат камӣ мекард, наметавонистам, ки то анҷоми дарсҳо домани сабр гирам, мехостам боз бинамат. Баъд аз дарс ба хона меомадаму баъд аз тановули ғизо ва анҷом додани корҳои хона боз рӯ меовардам ба мактаб, то дар канорат бошам, модари ба ҷон баробарам.
Хӯрондану пӯшондани шаш кӯдак бароят саҳлу осон набуд, аммо ҳеҷ гоҳ лаб ба шиква накушодӣ, ҳама дарду ғам, мушкили зиндагиро таҳаммул мекардӣ. Ба хотири мо дар ду баст дарс мегуфтӣ, баъди аз мактаб омадан корҳои хонаро анҷом медодӣ.
Шабҳо моро мехобондию сари дастгоҳи дарздӯзӣ менишастӣ, пироҳани чакан, тоқию шероз медӯхтӣ ва аз ҳамсоязан хоҳиш мекардӣ, ки онҳоро дар бозор фурӯшад, то маблағ ба даст ояду боиси рафъи камбуди рӯзгорамон гардад. Хулоса, моро бо нӯги қаламу сӯзан калон кардӣ…
Акнун дарк кардам, ки замони даргириҳои дохилӣ, замоне ки дар нуқтаҳои ноороми кишвар, шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва Душанбе дар вазифаи муфаттиши мақомоти милитсия, ки ҳатто бархе аз мардон ҷуръати бар дӯш гирифтани бори ин масъулиятро надоштанд, кор карданам, чӣ андоза ғаму ғусса хӯрдию чӣ рӯзгори пурташвишеро паси сар кардӣ.
Зарурат пеш омаду ба шаҳри Москва сафар намудам, то рисолаи номзадиро ҳимоя намоям. Дарди фироқи ту, дурии духтари якдонаам бароям таҳаммулнопазир буд. Бо даст додани фурсат занг мезадам. Бо шунидани садоям гиря гулӯгират мекард. Агарчи душвор буд, аммо саъй мекардам, овозам олуда ба оҳанги гиря нашавад, ки аламатро даҳчанд месозад, вале баъд аз суҳбат талх мегиристам.
Модарҷон, қувваи ҳофизаат қавӣ буд, шеъру мақол, панду ҳикмат зиёд медонистӣ. Суҳбатат низ ширадору пандомӯз ва пур аз маънӣ буд. Рубоиву дубайтиҳоро, ки дарду аламатро бозгӯй мекарданд, замзама менамудию ашк мерехтӣ. Ростӣ, намехостам, ки он абётро бихонию оби дида бирезӣ, аммо дарк мекардам, ягона василаест, ки андак ҳам бошад, аламатро тоза мекунаду заррае таскинат мебахшад:
Эй очаи ҷон, лаб-лаби дарё равӣ — чӣ,
Монандаки моҳи нав пайдо шавӣ — чӣ.
Монандаки моҳи нав бубинам рута,
Шамолои Балҷувон биёрад бута.
Алҳол ташнаи шунидани сурудҳое ҳастам, ки ба модар бахшида шудаанд. Мешунаваму аз дарди фироқат зор-зор мегирям. Духтарам бо дидани ҳол маҳзун мегардад, дилбардориям мекунад. Чунон ки ту, озори маро таҳаммул карда наметавонистӣ, ман ҳам бо набераат ҳамин гуна рафтор дорам. Сурудҳои дар васфи модар сароидаро мешунаваму модарномаҳоро мехонаму алам тоза мекунам.
Ба ёдам мерасад, ки ҳар саҳар ба кор рафтанӣ мешудам, дар даҳлези хона косаи шир, ширбиринҷ ва ё гардсӯз дар даст интизорам меистодӣ, намехостӣ, ки гурусна ба кор равам. Дуоят муҷиби сафову равшании рӯзу рӯзгорам ва барору нусрати корам буд. Дар давоми рӯз ёд мекардаму мехостам садои ширинатро шунавам, занг мезадаму ҳолатро пурсон мешудам. Ҳамеша ду посух мешунидам: «каломуллоҳ мехонам, духтари ҷон» ва ё «дар берун атола, дангича ё ош мепазам, ки ба мардум садақа кунам». Хайрхоҳу дасткушоду савобҷӯ будӣ. Хислатҳои ҳамидаат буд, ки хешу табору ҳамсояҳо ва онҳое, ки ба хона омадурафт доштанд, эҳтиром мекарданд, дӯстат медоштанд ва гирифтани дуоятро ҳатмӣ медонистанд.
Модарҷон, панду насиҳатат меъёри зиндагиам гаштааст: қаноатро пеша кардаам, аз тинҷиву оромию сулҳу суботи кишвар шукргузорам, ба Роҳбари давлат содиқам, мушкили ҳар корафтодаро мушкили худ медонам, агар ниёзашро бароварда натавонам, дилбардорияш мекунам ва иззату икромашро ба ҷо меорам.
Модарҷон, забонам намегардад, ки бигӯям наздик ба шаш моҳ аст бо мо нестӣ. Ҳанӯз ҳастанд касоне, ки ба суроғат меоянд. Дар посухи саволи «ин ҷо кампири батақвову саховатпешае мезист, ки нону атола, дангичаву ош мепухту ба хурду калон тақсим мекард, куҷо бошад?» ҳарфи гуфтан надорам, чашмони пур аз ашкам ҷавоб аст ба онҳо. Баробари ман ашк мерезанд, афсӯс мехӯранду сархаму маҳзун пас мегарданд. Бе ту худро миёни замину осмон тани танҳо мебинам. Ба қавли устод Лоиқ:
Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам…
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори милитсия