Ҳикмати зиндагӣ

Муҳаббат

№24 (4607) 13.02.2023

1Марди миёнасоле дар ошёнаи якуми бинои истиқоматиаш устохона дошт. Шуғли ӯ дуредгарӣ буд. Дар сохтани дару тирезаҳо устои моҳир ба ҳисоб мерафт. Аммо, ҳамин ки дару тирезаҳои пластикӣ пайдо шуданду ҳама ба онҳо рӯ оварданд, бозори усто нисбатан хунук шуд. Корҳояш дигар мисли пештара набуд. Ба замми ин, акнун бачаҳояш низ калонак шуда, мактабрав буданд. Чун сарфу хароҷоташ афзудан гирифт, маҷбур шуд коргареро, ки ҳамчун ёвар ба кор гирифта буд, ҷавоб диҳад.

 Ҳамин тавр, ӯ аз пештара барвақттар ба кор меомад ва ба ҷои ёвар низ кор мекард, то масрафи бачаҳояшро бароварда тавонад.

Рӯзе машғули кор буд, ки нохост барқ хомӯш шуд. Ҳарчанд хеле интизор нишаст, қувваи барқ фаъол нашуд. Ба бадии кор тирезаҳоеро, ки супориш гирифта буд, бояд то шаб тамом карда, ба соҳибаш месупурд. Бекор нишастанро хуш на­дошт. Бинобар ин, рандаро равған молида, пасон аррамайдаҳоро рӯфт. Баъд ба хонааш баромадан хост, то каме осояд. Дар он ҳангом чашмаш ба дастаки электрикӣ афтод, ки хомӯш карда шудааст. Аниқтараш онро касе ба тарафи поён тоб дода, барқро хомӯш карда буд. Вақте ки дастак­ро боло бардошт, устохона равшан шуд.

Намедонист, ки ин корро кӣ анҷом додааст. Ӯ душмандор набуд, ки қатъ шудани барқро кори дасти душманон гӯяд.

Каме баъд хост, то ба кораш идома диҳад, барқ боз қатъ шуд. Лекин ин дафъа «гунаҳкор»-ро дид. Писараш оҳиставу бесадо аз зинапояҳо фаромада, нав дастаки электрикии барқро поён карда буд, ки дар рӯ ба рӯяш падар пайдо шуд.

Чунин рафтори писараки даҳсоларо усто амали нобахшиданӣ медонист. Охир, як рӯзи кориаш бо нағмаи ӯ барбод рафт. Боз як маротиба не, ду дафъа он «амали нозеб»-ро такрор кард. Барои ҳамин падар аз мӯи писараш дошта, ӯро сахт зад, то ки минбаъд рафтори ношоиста накунаду инсони зараррасону хатокор ба камол нарасад. Сипас, ба оби чашми писараш аҳамият надода, ба хонааш рафт ва дилашро ба ҳамсараш холӣ кард.

- Бояд зуд фаҳмем, ки ин бача дар мактаб бо киҳо шинухез мекунад, дӯстонаш киҳоянд? Вагарна ба ин рафтор ба сарамон дарди зиёд меорад, — гуфт ӯ ба модари писараш.

Баъди каме фикр кардан ба ёдаш рӯзномаи писараш расид, ки корҳои ҳаррӯзаашро ёддошт мекард. «Шояд дар он доир ба дӯстони мактабиаш маълумоте дарҷ карда бошад» – аз дил гузаронд падар.

Ҳарчанд ҳамсараш розӣ набуд, лек усто рӯзномаи писарро ба хондан шурӯъ кард.

Писарак дар саҳифаи аз ҳама охир навишта буд: «Имшаб хоби бад дидам… Ҳангоми дар устохонааш кор кардан падарамро барқ зад. Худоё, ту падарҷонамро нигаҳ дор!.. Ман барои ӯ ҳар коре, ки аз дастам биёяд, иҷро мекунам!».

Тарҷумаи Маҳмудҷон УСМОНОВ,

«Садои мардум»