Муаллифи Суруди миллии Покистон шефтаи назми тоҷикӣ — форсӣ буд

№ 20.04.2017

 20170410_110447Бо ташаббуси роҳбарияти факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 10 апрел «Ҳафтаи забони урду» оғоз ёфт. Дар доираи ин чорабинӣ китоби тозанашри олими урдушинос, номзади илмҳои филологӣ Ҳайдар Қурбонов зери унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ муаррифӣ шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро гуфт, ки Ҳофиз Ҷоландҳарӣ аз шоирони машҳури урдузабони асри ХХ ба шумор меравад. Ӯ бо каломи ноби худ ва хизмати шоистааш дар ҷодаи илм дар Покистон маълуму машҳур аст.

- Ман ба ҳама устодон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар омӯзиш ва рушди забону адабиёти урду саҳмгузор ҳастанд, изҳори сипос  мекунам, итминон дорам, ки таҳқиқ ва  нашри чунин асарҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону  Покистон мусоидат менамоянд, — афзуд  Тариқ Иқбол Сумро.

Тавре дар китоб омадааст, Ҳофиз Ҷоландҳарӣ мисли дигар  шоирони ҳамзамонаш ба суханварони маъруфи асрҳои пешини тоҷику форс пайравӣ кардааст. Ӯ муаллифи Суруди миллӣ («Қавмӣ тарона»)- и Покистон мебошад, ки дар он пурра  калимаву ибораҳои хоси форсӣ ва арабӣ истифода шудаанд:

 Пок сарзамин шод бод!

Кишвари ҳасин шод бод!

Ту нишони азми олишон,

Арзи Покистон,

Маркази яқин шод бод!

Ҳофиз Ҷоландҳарӣ соли 1958 ба Тоҷикистон омада, дар ҷашни 1100- солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат варзидааст. Шеърҳои бо забони тоҷикӣ — форсӣ навиштаи ӯ таҳти унвони «Тоҷикистон» ва «Рӯдакӣ» бо кӯшиши Сотим Улуғзода тавассути маҷаллаи «Шарқи Сурх» дастраси хонандаи тоҷик гардидаанд.

Ӯ дар ғазалсароӣ на танҳо анъанаҳои  назми урдузабонро идома дод, балки суннатҳои ғазалсароии тоҷикӣ — форсиро низ пайравӣ кардааст. Тавассути китоби мазкур метавон дар бораи чӣ гуна аз тамсил, ташбеҳ, киноя, тазод, талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ истифода  бурдани шоир маълумот гирифт.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»