Муаррифии китобҳои пурарзиш

№46 (3526) 07.04.2016

Якуми апрели соли ҷорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон китобҳои «Пешво-ифтихори миллат» ва «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» муаррифӣ гардид. Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон Ато Мирхоҷа гуфт, ки китоби «Пешво-ифтихори миллат» дар бораи шахсият ва корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аввалин китоб набуда, аз ин пеш низ оид ба фаъолияти пурмаҳсули Роҳбари давлат китобҳои зиёд нашр шудааст. Мураттиби  китоб шоир Ҳабиб Сулаймонӣ, муҳаррир Садриддин Ҳасанзода буда, зери назари Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нашр шудааст. Зимни муаррифии китоби мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, нависандагони халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ва Абдулҳамид Самад, академик Кароматулло Олимов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Суруш ва дигарон оид ба нақши Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун бунёдгузори давлати миллӣ суханронӣ намуданд.

Китоби «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ»-ро мураттиби он Шариф Комилзода муаррифӣ кард.

 Ш. Атобуллоев, «Садои мардум»