Мусобиқа завқи зебоипарастиро афзун намуд

№76 (3556) 14.06.2016

Дар ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ озмун идома дорад. Хабарнигори рӯзнома Диловари Мирзо бо муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, раиси комиссияи озмун Аброр Ғафуров мусоҳиб шуд.  Номбурда, минҷумла чунин гуфт:

- Мо дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, ободию бунёдкории шаҳру деҳаҳо саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле арзанда мебинем. Ӯ барои бунёди давлати дар ҳақиқат демократӣ,  ҳуқуқбунёду дунявӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинони мамлакат, бунёди шаҳрҳои зебо, эҳёи беҳтарин суннатҳои миллӣ  собитқадам аст ва мехоҳад, ки мардуми бонангу ори мамлакат дар ин ҷода фаъол бошанд.

Иқдоми навбатии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон далели дурустии андешаҳои болост. Ҳар як сокини кишвар бояд 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирад.  Аз қадимулайём мардуми тоҷик анъана доштанд, ки дар арафаи ид кӯчаву гулгашт, ҳавливу хонаҳоро таъмиру тармим менамуданд. Ба шаҳру деҳ намуди идона медоданд.  Пешвои миллат ба сокинони ҷумҳурӣ ёдрас кард, ки суннати муътабари ниёгони хешро фаромӯш накунанд ва бо тамоми ҳастӣ пайи ободии хонаву маҳалла, деҳаву шаҳрак ва шаҳрҳои хеш ҷаҳду талош намоянд.

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод ҳама иқдоми созандаву умедбахши Пешвои миллатро ҳамеша ҷонибдор буданду ҳастанд. Биноан, ташаббуси навбатиро бо хурсандӣ истиқбол намуда, имрӯзҳо баҳри  иштироки фаъолона дар озмун кӯшиш доранд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати баргузории озмуни мутазаккира аз 17 марти соли равон таҳти №92 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст. Мутобиқи банди дуюми қарор, дар ҳайати 15 нафар комиссия таъсис ёфта, аъзои он вазифадоранд, ки рафти озмунро одилона ҳакамӣ намоянд.

Дар даври аввали озмун 43 деҳа, 253 маҳалла ва зиёда аз 100 хонаву оила ширкат варзиданд. Деҳаҳои Ширинчашма  (Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма»),  Тоҷикобод (Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Лаби Об»), Навобод (Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев), Мазори Поён (Ҷамоати деҳоти «Лангари Шоҳ»), панҷ маҳалла ва нуҳ оила ғолиби даври аввал шуданд.

Кӯшиш дорем, ки даври дуюми озмунро низ бомуваффақият ҷамъбаст намуда, барои ғолибон шароит фароҳам орем, то ин ки дар даври ҷумҳуриявӣ  ширкат варзанд.