Наорад нахли бад ҷуз бехи бад бор

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

Ба сифати як нафари мусалмон бароям хеле шигифтовар аст, ки  давоми чанд вақти охир дини ислом аз ҷониби як идда кӯрдилону нотавонбинон суиистифода гардида, дар ин замина ба манзалати мусалмонон дар арсаи олам латма ворид сохтаанд. Ин аст, ки эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба намояндагони ин дин рӯз то рӯз коста гардида, боиси ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардидани мусалмонон дар кишварҳои аврупоӣ  гардидааст. Ҳар нафари аз набзи ҷаҳон огоҳ ба хубӣ дарк карда метавонад, ки айни замон дини мубини ислом ҳамчун василаву сипар  ва намояндагони он ба сифати «бозича»-и дасти гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва давлатҳои абарқудрат мавриди истифодаанд.  Ба андешаи инҷониб, ин раванд барномаи қаблан тарҳрезишуда аст, ки аз ҷониби «дирижёр»-ҳои пасипардагӣ хеле моҳирона идора шуда истодааст. Марҳилаи аввали ин барнома ба макони ҷангу нифоқ ва куштору террор  табдил додани он кишварҳои мусалмоние, ки зиракии сиёсии мардумонаш дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад, маҳсуб ёфта, таҳиягарони ин тарҳ дар ин ҷода комёб шуданд.  Шоҳиди он ҳастем, ки  давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Барои мисол, нооромиҳои  давлати Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ливия, Миср, Яман, Сурия ва таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисли Давлати исломии Ироқу Шом   далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз дини мубини ислом мехостанд аҳдофи муғризонаи хешро амалӣ созанд. Хушбахтона, фаъолияти пурмаҳсули мақомоти марбута ва зиракии сиёсии аҳли ҷомеа садди роҳи ин аҳримансиратон гашта, кишварро аз нооромиву бесарусомонӣ эмин нигоҳ дошт. Ҳаводиси рӯзҳои  4 — 16 сентябри соли равон бори дигар собит намуд, ки:

Набошад морро бачча  ба ҷуз мор,

Наорад нахли бад ҷуз бехи бад бор.

Ин ҳодисаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дини ислом барои баъзе  гурӯҳҳо василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол боз инҷониб аз минбарҳои баландтарини олам оид ба хатари терроризм  бонги изтироб зада, ҷомеаи  ҷаҳониро ба муборизаи дастҷамъона алайҳи ин падидаи барои ҳамагон хатарзо даъват намуда истодааст. Амалҳои террористии шоми 13 ноябри соли равон дар шаҳри Париж рухдода, ки боиси марги нафарони зиёд шуд, бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори дурандеш ва ҳақиқатгӯй аст.

Дар радифи ин ҳодисаҳо ёдам омад, ки замони бо қарори Суди Олии ҷумҳурӣ қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ ва ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон шудани он баъзе ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки «зери навои нағора»-и кишварҳои аврупоӣ «мерақсанд», изҳори «нигаронӣ» намуда, ин омилро «маҳдуд намудани озодиҳои динии шаҳрвандон» арзёбӣ намуда буданд. Шояд  масъулини  чунин ташкилоту созмонҳо огоҳӣ надоранд ва ё медонанду донистан намехоҳанд,  ки мардуми тоҷик зарари чунин  «гандумнамоёни ҷавфурӯш» — ро ба равон, қалб,  кишвар, иқтисодиёт ва ғайра баръало эҳсос намудаву то кунун пайи табобати он ҷароҳатҳоанд.  Ин аст, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аз чунин нафарон ва гурӯҳҳо ҷонибдорӣ намекунанд ва намегузоранд, ки як идда номи исломи нобро доғдор созанд. Вокуниши  мардуми тоҷик  вобаста ба амалҳои нафарони фавқ дар доираи қонунгузорӣ сурат гирифта, мақомоти марбутаи кишвар низ тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ чораандешӣ намуданд. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Канада, ба оташ задани масҷидҳо шурӯъ намудаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар қиболи он «ба лаб муҳри хомӯшӣ задаанд». Дар  ин замина амали террористии мазкур  мавҷи ҳамоишҳои зидди мусалмононро дар кишварҳои Аврупо ба бор овардааст.  Муътақидам, ки агар  вазъият ба ин зайл идома ёбад, он гоҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои ҳар як мусалмон террористро мебинад. Дар навбати худ, чунин ҳолат замина фароҳам меорад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба мақсади хеш — вобаста ба куллан заифу паст  намудани таъсир, мавқеъ ва манзалати мусалмонон дар арсаи байналмилалӣ  расанд. Чунин ҳолат табъи дили манфиатбардорон буда, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ  минбаъд васеътар  истифода  хоҳад шуд.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида,   ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд, ки суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ заминаи асосии зиндагии орому осоишта аст ва дар ин ҷода сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон  омили муҳиму асосӣ мебошад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»