Наврӯзӣ

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Эй диёри сабзу хуррам, ифтихорам  зинда бош!

Бо ту тавъам омада бахту барорам, зинда бош!

 Дар паи ободиат бинмудаам  азму талош,

Эй гулистони Ирам, доимбаҳорам, зинда бош!

 Фасли Наврӯз омаду олам гулистон мешавад,

Сар ба по гулпӯш гардӣ, гулъузорам, зинда бош!

 Қуллаҳо дастори суфу водиҳо гулдӯзипӯш,

Аз тамошо бишканам ҳар дам хуморам, зинда бош!

 Булбулон андар чаман сармаст гӯянд васфи ту,

Шоиронат ҳам саногӯ, эй диёрам, зинда бош!

 Ҳар куҷое тоҷике аст, шукри Меҳан мекунад,

Хонаи умеди миллат, эътиборам, зинда бош!

 Шукри ин дашту даманҳо, шукри ин боғу чаман,

Пар кашам мисли уқоб дар кӯҳсорам, зинда бош!

 Ҳар куҷое меравем, бошӣ ту моро пуштибон,

Бо ту бошад ҷумла олам дар канорам, зинда бош!

 Зиндагӣ дар доманат бошад  бароям дилписанд,

Хандаи мастона дорад гулнигорам, зинда бош!

 Мекунад шукрона Мирзо, аз  диёри хештан,

Тоҷикистон, модари ҷон, ифтихорам, зинда бош!

 *** 

Ҳон, ки баҳорон расид бар дари айвони ман,

Боз ба ҷӯш омада табъи ғазалхони ман.

 Боғу чаманро бубин, кӯҳу даманро бубин,

Таъна ба фирдавс зад, кишвари бӯстони ман.

 Нағмаи боди саҳар, хониши рӯд аз дигар,

Бурда аз он лаззате ҷони туву ҷони ман.

 Бӯйи диловези гул мерасад аз ҳар тараф,

Накҳати ӯ дода ҷон бар чаманистони  ман.

 Булбули шӯридасар, бинмуда азми сафар,

Ҷилвакунон зад қадам ҷониби бӯстони ман.

 Хониши кабки дарӣ, қаҳқаҳи хайли парӣ,

Ҳаст дар ин фасли сол доруву дармони ман.

 Дар лаби ҷӯи равон, хайли паризодагон.

Ишваву нозе кунад он маҳи  хубони ман.

 Ҳиммати деҳқони мо хоки сияҳ зар кунад,

Санг дигар лаъл шуд дар кафи деҳқони ман.

 Меҳани озоди мо  рӯй ба нашъунамост.

Шукри саодат кунад пири сухандони ман.

 

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»