Наврӯз омад

№36 (4776) 20.03.2024

Бар кишвари мо иди дилафрӯз омад.

Пайғоми наву навиди ғамсӯз омад.

Пӯшида ба тан пираҳани гулдӯзӣ,

Бо ҳамҳамаю дамдама Наврӯз омад.

***

Сад кабки дарӣ масту ғазалхон омад.

Ҳам раҳмати Ҳақ ба исми борон омад.

Бархезу биё, ки вақти гулгардонист,

Шукрона, арӯси сол шодон омад.

***

Наврӯзи Ватан аз дили қомус омад,

Аз пушти самак садои Ковус омад:

Ёрону бародарон бандед камар,

Соли наву соли ишқу номус омад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»