Чанде пеш дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи навбатии байналмилалии китоб баргузор гардида буд ва дар он аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ меҳмонони зиёд ҳузур доштанд. Баъд аз ширкат ва бозгашт ба ватанашон ду нафар иштирокчии ин намоишгоҳ аз Ҷумҳурии Молдова — Сергей Марар ва Сергей Эрлих таассуроти хешро таври хеле ҷолиб дар саҳифаҳои Интернет баён кардаанд. Мақолаи онҳо зери унвони «На фундаменте КИТОБ. Взгляд на молдавские холмы с таджикских гор. (Китоб (таджикский, фарси) – книга) ба табъ расидааст. Мақоларо таври мухтасар пешкаши хонандаи арҷманд мегардонем.
Барои он ки кишвари худро хубтар донӣ, онро бо дигар кишвар муқоиса намо. Чунин имконият ба мо тавассути даъвати эҳтиромонаи ташкилкунандагони Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе даст дод. Соли сеюм аст, ки ин чорабинӣ баргузор мешавад ва як маротибаи дигар ҳам ба яке аз муаллифони ин навишта имкон фароҳам омада буд, ки ба шаҳри зебои Душанбе рафта, дар он ширкат кунад. Ин дафъа мушоҳида кардем, ки шукуҳи ин намоишгоҳ боз ҳам баландар шудааст. Соли гузашта он дар саҳни на чандон калони бинои собиқи Китобхонаи миллӣ баргузор шуда буд, ин дафъа бошад, дар бинои бошукӯҳи 24 -ошёнадори «Душанбе-плаза». Теъдоди китобҳо низ ин дафъа ду маротиба зиёд буд. Дар ду ошёнаи барҳавою зебои бинои мазкур маҳсулоти чопии 60 нашриёти Тоҷикистон ва 20 нашриёти 14 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, ноширон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова Афғонистон, Эрон, Покистон Хитой, Туркия, Амрико ва ғайра ба Душанбе омада буданд. Таваҷҷуҳи зиёди китобдӯстони тоҷик ва меҳмонони онҳо аз дигар кишварҳо, аз ҷумла намояндагии СММ аз комёбии ин чорабинии фарҳангӣ дарак медиҳад.
Мо самимона ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва менеҷери намоишгоҳ, шоир Наҷмиддин Зайниддинов, сарвари нашриёти давлатии «Адабиёти бачаҳо» ва ҳамкорони вай, директори Хонаи китоб (Палатаи китобҳо), нависанда Сироҷиддин Икромӣ барои даъвати эшон ва барои ба мо имконият додан, ки ба маркази Осиё биёем ва бо фарҳанги қадимаю бойи мардуми тоҷик ва шукуфойии имрӯзи Тоҷикистон шинос шавем, самимона изҳори миннатдорӣ баён мекунем. Пазиройии самимӣ ва меҳмоннавозии онҳо моро тасхир кард.
Барои муқоиса кардани ин ду кишвар, онро аз рӯйи нуктае метавон анҷом дод, ки ба ҳам наздиканд. Агар аз рӯйи ҳисоби Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ бигирем, дар бойтарин давлати дунё-Люксембург он 107476 долларро ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда дар Молдова -2038 доллар (дар ҷойи 122) ва Тоҷикистон -872 (дар ҷойи 146). Чунин ҳолат ба он сабаб мешавад, ки одамон барои ба даст овардани маблағ ва ҷойи кор ба мардикорӣ мераванд. Илова бар ин, солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ва Молдова ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Ин кишварҳо бо давлатҳои бузурге ҳамсарҳаданд, ки барояшон хешони наздиканд – Тоҷикистон бо Эрон, Молдова бо Руминия. Тавре мебинем, миёни тоҷикону молдованҳо умумиятҳо зиёданд. Танҳо фарқият дар муносибати давлатҳоямон ба фарҳанг мебошад.
Дар намоишгоҳи Душанбе, ки 31 август баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дар рӯзҳои баргузории он дар маркази пойтахт-шаҳри Душанбе маркази бузурги савдои китобро ифтитоҳ кард. Дар Молдова бошад, мағозаҳои китоби аз даврони шӯравӣ меросмонда дар ҳоли табоҳанд, дар бораи бунёди китобхонаҳои нав бошад, касе парво надорад. Ва ё бигирем қасри муҳташами китоб — Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт. Он дорои якчанд толорҳои барҳавои хониш ва маҷлисгоҳ, бо компютерҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад, ки таври ройгон метавонӣ ба шабакаи Интернет пайваст шавӣ. Дар ин махзани бузурги фарҳангӣ боз як чиз моро хеле мутаассир кард. Вақте мо аз милисаи назди даристода пурсидем, ки «Чӣ тавр ба китобхона ворид шавем?» вай роҳбалади мо гашта, моро бошавқ бо тамоми шуъбаҳо шинос кард. Мо ба фаҳмишу дониш ва маърифати ин милитсионери оддӣ қоил шудем. Аммо дар бораи махзани асосии китоби Молдова чунин гуфта наметавонем.
Дар Тоҷикистон ҳар сол, асосан бо маблағи давлат, беш аз 1000 китоб нашр мешавад, ки қариб ҳамаи онҳо ба забони давлатианд. Ҳар сол 80-90 адад асарҳои классикони форсу тоҷик ва адибони имрӯза аз ҳисоби фонди Президенти Тоҷикистон ба табъ мерасад. Барои таври ройгон пуррагардонии хазинаи китобхонаҳои мамлакат бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маъракаи «Корвони китоб» ташкил карда мешавад. Дар Молдова ин кор вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон тахминан 500 рӯзномаю маҷалла нашр мешавад, чопи нашрияҳо дар шаҳру ноҳияҳо идома доранд, ки аксари онҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд. Дар мо бошад, ба ҷуз «Мониторул офичиал» дигар ягон нашрияро ҳукумати Молдова маблағгузорӣ намекунад.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон Энсиклопедияи тиббӣ (дар шаш ҷилд), ду ҷилди Энсиклопедияи бисёрҷилдаи миллӣ аз чоп баромадааст, Энсиклопедияи бачагона ба нашр омода шудааст. Аз мо напурсед, ки тарҳи энсиклопедияи Молдова дар кадом ҳолат қарор дорад?
Дар шаҳри Душанбе ба наздикӣ Осорхонаи зебои миллӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки экспонатҳои ҷолиби он оид ба таърих, фарҳанг, табиату боигариҳои Тоҷикистон дар чор ошёна ҷойгир мебошад. Илова бар ин, дар Тоҷикистон Осорхонаи таърихӣ низ мавҷуд аст. Осорхонаи таърихии Молдова бошад, экспонатҳои хеле ночиз дорад.
Дар шаҳри Душанбе театри бузурге бунёд меёбад. Ин дар ҳолест, ки дар Кишинёв ҳеҷ не, ки азнавсозии театри на чандон калони хоксорона анҷом ёбад. Мо рӯзҳои дар Тоҷикистон будан шоҳиди ифтитоҳи фаввораи зебо дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будем, ки дар он низ Президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Ҳаракатҳои оби ин фаввора бо ҳамоҳангии мусиқӣ ҷараён мегирад. Аммо Театри операи Молдова дер боз рӯйи таъмирро надидааст.
Таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди синамои тоҷик, сирк варзиш низ назаррас аст. Барои муқоиса як мисол: Майдони марказии варзишии Кишинёвро, ки коммунист Брежнев сохта буд, коммунист Воронин ба хок яксон карда, дар ҷойи он аҷаб не барои мардуми камбизоат Маркази савдо бунёд намоянд. Вай ҳамчунин кӯли «Комсомол»-ро ҳам барҳам дод. Раҳмат ба раиси нави шаҳр, ки қисман Боғи истироҳатиро таъмир ва барқарор намуд. Дар Душанбе бошад, Боғи фароғатии ба номи Рӯдакӣ хеле зебою дилкаш азнавсозӣ шудааст. Бахусус, шабона он манзараи ҷолиб дорад.
Дар Молдова аксар қасрҳо ва хонаҳои маданияти дар замони шӯравӣ бунёдёфта вайрону валангор гаштанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои фарҳангӣ таъмиру таҷдид ва аз нав бунёд мешаванд.
Тоҷикон мардуми бунёдкору созанда ва фарҳангианд. Онҳо ба фарҳангу дини дигар халқҳо низ эҳтиром мегузоранд. Ҳар кадоми онҳо классикони хешро мешиносанд ва аз онҳо фахр мекунанд, шеърҳои онҳоро аз ёд медонанд. Мо ҳамроҳи нависанда Сироҷиддин Икромӣ дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон таҷрибаи кӯтоҳеро анҷом додем. Аз нахустин нафаре, ки мехост аз наздамон гузарад, хоҳиш намудем, ки бароямон шеър ё ғазале қироат кунад. Вай табассум карда, бо камоли майл чанд рубоиёти Хаёмро бароямон қироат кард. Ва ё вақте ки дар дохили тайёра духтараки мавзунқомати тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ сухан мегуфт, мо гумон кардем, ки вай шеър мехонад. Аммо маълум шуд, ки моро таъкид месозад, ки «Ҳангоми парвоз тасмаҳоятонро бандед».
Тоҷикон ба фарҳанг, китоб шеъру шоирӣ чунон дилбастагии хоса доранд, ки хиёбони марказии Душанберо на ба номи ягон шоҳ ва ё сарлашкар, балки ба номи шоири номии миллат, Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мондаанд.
Таҷрибаи тоҷикон дар боби эҳтиром ба китоб лоиқи омӯзиш ва дастгирист. Ба мардуми меҳрубони тоҷик сарбаландӣ ва комёбӣ таманно дорем.
Таҳияи К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»