Нури Роғун нури ҳаққу сояаш

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

                          (Манзумаи Роғун)

28149429843_34eea90fe1_o

Рашиди  ҚОДИРИЁН

 

Офтоби дигаре Роғун шавад,

Тоҷикистон ормонгулгун шавад.

Рӯшанӣ андар Ватан афзун шавад,

Торикӣ аз хоки мо берун шавад.

Нури раҳмонӣ ба дилҳо ҷо шавад,

Номи тоҷик то фалак боло шавад.

Рӯшноӣ барҳаво як манзаре,

Оли Раҳмонро кушода сад даре.

Аз дари нуре дарояд ин пагоҳ,

Дастаи нуре биёрад баҳри мо.

Чун кушода шуд дари нуру зиё,

Хонаи ҳамсоя ҳам ёбад сафо.

Дардҳои мо зи он ёбад шифо,

Дур гардад аз паси нураш бало.

Тоҷикистон бад аз ин равшан шавад,

Сангзораш равзаву гулшан шавад.

Мерасад он рӯз, он рӯз саид,

Достони нур бинвисад Рашид.

Қиссаи Сомониён аз бар кунад,

Қиссаи Раҳмониёнро сар кунад.

Аз талоши Оли Раҳмон дафтаре

Қиссаҳо созад, барад то минбаре.

Нури  Роғун, нури ҷон аст, эй ҷавон,

Нури ҷони тоҷикон аст, эй ҷавон.

Нур ояд, соя гардад дар гурез,

Дарду ғам аз сина хезад тез-тез.

Он кунад Роғун ба мулки мову ман,

Ҳамчунон борон ба саҳрову чаман.

НОБ-и Роғун мешавад моро маҳак,

Мефизояд як чароғе дар фалак.

Гарчӣ гаппу гапчаҳо кам нест кам,

Шаҳ, ки бо мо ҳаст, моро нест ғам.

Нури ақли Шаҳ, ки моро раҳбар аст,

Кори моро эътиборе дигар аст.

Бохабар ориф зи дунё шуд агар,

Хуфтаро кай бошад аз олам хабар.

Хуфтаро бедор гӯяд аз ҷигар,

Хе,1 ватандорӣ дигар гашту дигар.

Дар дили ҳар хуфта Шоҳи дилписанд,

Мекунад тӯфони бедорӣ баланд.

То ки гунги безабон гӯё шавад,

То ки чашме во шавад, бино шавад.

То ки гӯши пунбадоре во шавад,

То ки бадхоҳи Ватан расво шавад.

Баччаи нодони мо доно шавад,

Зиндагии мардумон зебо шавад.

Шоҳ халқашро ҳимоят мекунад,

Сӯи Роғунаш ҳидоят мекунад.

Ёр бо мо, шоҳ бо мо, халқ ҳам,

Салладору ҷандапӯши далқ ҳам.

Як шавад чарминаву пашминапӯш,

Ҳарфи неки раҳбари худ карда гӯш.

Фикри неки тоҷикӣ хубӣ шавад,

Фикри бадхоҳон лагадкӯбӣ шавад.

Зеҳни тоҷикии мо ёбад камол,

Ҳар зиёну ваҳм меёбад завол.

Чун ба ҳам ояд сафову нури фар,

Соя хезад аз бари кӯҳу камар.

Дар замин баргу гияҳ чун лаълу дур (р),

Мешавад афзун чу аз таъсири нур.

Ин гиёҳи нур дар тан ҷон  шавад,

Нури ақлу дидаву имон шавад.

Дода неру бар вуҷуди одамон,

Пок созад яксара қалбу равон.

Мешавад ӯ берун аз ҷигар,

Он чӣ аз хоки сияҳ ояд бадар.

Қуввати андеша гардад сар ба сар,

Фикру андеша бизояд ҳарфи тар.

Хуфтаву бемор ҳушёре шавад,

Баҳри миллат аз пайи коре шавад.

Подшаҳро дасти пурсозаш бубин,

Рав ба Роғун ҳусни оғозаш бубин.

Ҳусни гуфтораш бубин вақти ҷадал,

Неку зеботар шавад ҳусни амал.

Об ин сармоя баҳри тоҷикон,

Дид ин сармояро шоҳи замон.

Шаҳ, ки кори хубу воло мекунад,

Обро дар хидмати мо мекунад.

Амри «кофу нун» ба ҷо меоварад,

Рӯшанӣ аз обу хокаш офарад.

НОБ-и Роғун арсаи мардон шавад,

Он маҳак бар аҳду бар паймон шавад.

Мо ба хуршеди Худо якҷо шавем,

Офтобӣ гашта нурполо шавем.

Файзи нур ар хони худро афканад,

Ҷаҳли нодониву ғафлат пай канад.

Ҷахлу ғафлат мешавад хоку туроб,

Боз боло меравад кори савоб.

Роҳати тоҷик афзун мешавад,

Нотавонбин гунгу дилхун мешавад.

Тоҷик орад сад муамморо ҷавоб,

Кай фиребад баъд аз ин ӯро сароб.

Войи мағрурони ғофил, вой-вой,

Ҷоҳили аъмо шавад бедасту пой.

Ин ҳама аз раҳмати Ҳақ ворасад,

Ки ба дасти сояаш бар мо расад.

Сояи Ҳақ – подшоҳи мамлакат,

Бандагонаш сокинони мамлакат.

Ҳадяи Ҳақ ҳам ба дасти сояаш,

Мерасад бар халқ бо сармояаш.

НОБ-и Роғун «Кулли шайъин»-ро сабаб,

Халқ месозад ба сад суру тараб.

Ин ҳама инъому ҷуди Зулҷалол,

Мерасад бар Тоҷикистон бемалол.

Мерасад нураш ба ҳар як ҷисму ҷон,

Бар вуҷуди сад замину осмон.

Бар набототу ҷамодоту вуҳуш,

Бар сару бар тан, ба чашму қалбу гӯш.

Неъмати Ҳақ мерасад бар тоҷикон,

Қуввати Ҳақ барфизояд ҷисму ҷон.

НОБ — и Роғун мешавад бар ин сабаб,

Сояи Ҳақ подшоҳи хушталаб.

Ҳақ, ки моро нури хушойин диҳад,

Нури Ҳақ сад неъмати ботин диҳад.

Неъмати ботин ҳамон илм аст, дон,

Ақлу завқу ҳилму нури ҷовидон.

Чун ба пӯсту хун дарояд нури Ҳақ,

Завқу виҷдонро физояд нури Ҳақ.

Тоҷикистон равзаи ризвон шавад,

Он чӣ тоҷикон бихоҳад, он шавад.

Субҳу шоми мулки мо беғам шавад,

Номи ғам дар ин макон барҳам шавад.

Ёбад аз ин санъати ёбандагӣ

Давлати Эмомалӣ пояндагӣ.

Сояи Ҳақ чун саодат офарад,

Ҳақ чу хуршедаш ба ӯ рӯ оварад.

Шоҳ  хуршеди саодат мешавад,

Мулк даргоҳи ибодат мешавад.

Бар ҳама доди Худованди Карим,

Ҳам Худованди Кариму ҳам Раҳим.

Эй бародар, НОБ-и Роғун дон сабаб,

Сояи Ҳақ дар бари ӯ рӯзу шаб.

Ин сабаб бо дасти поки Шоҳи мо

Мешавад дар Тоҷикистон ҷо ба ҷо.

Сояи Ҳақ — асли худ — халқи кӯҳан,

Ёфт андар марзу буми хештан.

Асли худ дарёфт тоҷик дар Ватан,

Шуд ақиқе санг гӯйӣ дар Яман.

Санг дар кӯҳи Бадахшон лаъл гашт,

Бахт шуд дар тахти тоҷикон нишаст.

Тоҷик ин ҷо мисли Фарҳоде шавад,

Тоҷикистон ҷойи ободе шавад.

НОБ – и Роғун манбаи нуру сафо,

Дур созад аз сари мо сад бало.

Нур, эй ҷон, файзи раббонӣ бувад,

Ҳокими файз ақли раҳмонӣ бувад.

Файзро, ки Ҳақ таоруфаш кунад,

Ақли раҳмонӣ тасарруфаш кунад.

НОБ – и Роғунаш кунад, созаш кунад,

Дар ба рӯйи тоҷикон бозаш кунад.

Пуштибони мост Ҳақ бо сояш,

Ҳам кушода баҳри мо сармояш.

Эй бародар, дасту дилро пок дор,

Сӯйи Роғун шав,бидеҳ танро ба кор.

Шоҳро дар олами сурат мабин,

Гавҳар аст ӯ дар самову дар замин.

Файзи анфоси шарифи ӯ бидон,

Шуд мадоре дар низоми ин ҷаҳон.

Шоҳи некӯкору Шоҳи боадаб,

Назми рӯзу рӯзгоронро сабаб.

Рушди мулки мо шуда аз кори ӯ,

Ин далели фитрати бедори ӯ.

Шоҳро дар маъниву ботин бубин,

Як ҳақиқат дар ҷаҳон аст, инчунин

Дар ҳама давранд раҳмонфитратон,

Олами ҳақро салотин дар ҷаҳон.

К-инчунинҳо дон ба иқдоми вафо,

Аз макони нур орандӣ сафо.

Баркананд аз чашму дасту пойҳо,

Ҳамчу носеҳе ҳазорон хорҳо.

Ҳуҷҷати ин гуфтаҳои бовузӯъ,

Шоҳи мову Роғуну анвори ӯ,

Сояи Ҳақ дар замин Эмомалӣ,

Як худодод аст, як марди валӣ.

Сояи Ҳақ дар замин пайдо шавад,

Сояҳои дигаре расво шавад.

Аз фару иқболи юмни подшо

Мешавад аҳли ҷафо аҳли сафо.

Нурборон мешавад арзу само,

Дар замини тоҷикон резад сахо.

Шаҳ раҳонад ноумеду хастаро,

Ҳар дили бечораву бишкастаро.

Ҳар куҷо нокомиле ҳам бемалол,

Аз камоли файзи ӯ ёбад камол.

НОБ-и Роғун нури ишқу зиндагӣ,

Сад ҷаҳон пайғом аз тобандагӣ.

Нури он гар дар Ватан торе танад,

Ғам агар оҳан биомад бишканад.

Бишкуфад садҳо дарахти шодияш,

Гулшани шодӣ бигардад водияш.

Қад-қади сим нур ояд бошитоб,

Ҷӯи шодӣ лаб ба лаб дар печутоб.

Шоҳи мову нури Роғун неъмат аст,

Шукри неъматҳо намудан иззат аст.

Шукри неъмат маърифатнокӣ бувад,

Ҳам тавозӯъ сӯйи он покӣ бувад.

Ҳифзи неъмат бас зарур асту зарур,

Қатра ғун шуд мешавад анбор пур.

Мо қабул ин неъмати Ҳақро кунем,

Қадри  неъматҳои Ҳақ пайдо кунем.

Шукри неъмат, — гуфт  Ҳақ, — ояд ба ҷо,

Боз афзунтар диҳам ман бар шумо.

Толиби Ҳақро ҳақиқат медиҳад,

Соликонро аз тариқат медиҳад.

Сояи Ҳақ дар замин — Эмомалӣ,

Ҳам худодод аст, ёрон, ҳам валӣ.

Нури Роғун аз Ҳақ асту сояаш,

Мерасад бар тоҷикон сармояаш.

Нур орад Сояи Ҳақ бар замин,

Зулму бедодӣ бихезад мутмайин.

Фақру нодорӣ диҳад ҷо бар ғано,

Нур гардад марги дарди ғамфазо.

Ранҷу заҳматро барорад аз Ватан,

Меҳрубонӣ гул кунад мисли чаман.

Чархи Роғун чархаи нур офарад,

Ханда бар лаб шодиву сур оварад.

Сояи Ҳақ дар замин — Эмомалӣ,

Нури Роғунро биорад дар ҷалӣ.

Халқ дар зоҳир ба дунё бингарад,

Шоҳи мо бар ботини он бингарад.

Вақти хобу ғафлати аҳли ҷинон,

Толиби Ҳақ нур меорад равон.

Аз шуои нур ҷин ҳайрон шавад,

Чунки айшу нӯши он вайрон шавад.

Ҳамчунон, ки тирагиро офтоб,

Маҳв созад, сар занад бепечутоб.

Толиби Ҳақ – Сояи Ҳақ шоҳи мо,

Мекунад равшан ба нураш роҳи мо.

Нури Роғун нури ӯ бошад яқин,

Ин ду нур аз Ҳақ биояд бар замин.

Фазли ӯву нури ӯ моро амин,

Худ биёбад қурби раб-ул-оламин.

Нури Раҳмон, нури Роғун, нури Ҳақ,

Як шавад дунё шавад масрури Ҳақ.

Чун қабули Ҳақ шавад нурофарин,

Шоҳи мо бошад зи мақбулон яқин.

Тахти ӯ тахти садоқат мешавад,

Мулки мо муки саодат мешавад.

Ҳар кӣ некӯкору тақводор гашт,

Аз ҷамоли Ёр бахӯрдор гашт.

Ҳар кӣ имон раҳнамояш мерасад,

Ӯ ба дидори Худояш мерасад.

Тухми имон чист? Мегӯянд амал,

Шоҳи моро сад нишон аст аз ҷадал.

Дар асоси сад далеле баъд аз ин,

Шоҳи мо бошад зи мақбулон яқин.

Дар тамошои Худояш ин ҳабиб,

Дур аз ранҷу ҷафову аз табиб.

Хуфтае гӯяд чаро бенур мо?

Аз чӣ монда з-ин саодат дур мо?

Даррасид аз Ҳазрати Ҳақ ин хитоб,

Бар ҳасадхорони шоҳаншаҳ ҷавоб:

«Ки шумо парвардагони нафси хом»,

Гаштаед бар нафсҳои худ ғулом.

Шоҳ пайваста ба фикри халқи худ,

Об резида шумо бар ҳалқи худ.

Баҳри халқ ӯ нуркобу нурёб,

Эй шумо ғарқида дар дунёи хоб.

Ҳар чӣ месозад агар он ёри мо,

Ибтидои ӯ бувад номи Худо.

Ранҷҳое ӯ кашид аз баҳри нур,

То биёбад ҷони халқонаш ҳузур.

Роҳати ҷон бар шумо доду вале,

Аз таҳи дил нур ҷуст Эмомалӣ,

З- ин ҷиҳат ин дам ба фазли Ҳақ расид,

Шарбати ранҷаш зи фазли Ҳақ чашид.

Ин ҳақиқат дид дар хобаш Рашид,

Табъи волояш ба тасвираш кашид.

Каъбаро ворид шудан бодаш ҳалол,

Шоҳи моро шуд муяссар бемалол.

Нури Ҳақ тобид Шоҳро дар вуҷуд,

Нури Ҳақро бар вуҷуди Шаҳ дуруд.

Нури Роғун, нури Ҳақ дорад ҷалӣ.

Дар ҷаноби Ҳазрати Эмомалӣ,

Нуровар аз муҳибони Ҳақ аст,

Аз қабулону қарибони Ҳақ аст.

Кор кард ӯ бо ҳидоятҳои Ҳақ,

Ӯст манзури иноятҳои Ҳақ.

Хилъати ӯ аз вафову аз зиё,

Ӯ шино созад дар ин баҳи сафо,

Тахти ӯву давлаташ бошад бапо,

Ҷовидонӣ номи ӯ ёбад бақо.

З-ин сабаб мо халқи Шоҳу бо вайем,

Дар ватансозӣ ба ӯ мо ҳамрайем.

Эй ватандору ватансози Ватан,

Ҳамдилу ҳамҷону ҳамрози Ватан.

Хезу бо мо НОБ-и Роғунро бисоз ,

То шавад кӯтоҳ ин роҳи дароз.

Бо далерони Ватан  ҳамроз шав,

Аз дилу аз ҷон ту Роғунсоз шав.

Саҳми худ бигзор дар ин сохтмон,

Саҳмия гиру ба фарзандон бимон.

Фикри Роғун дур ту аз сар макун.

Хоҳ бошӣ дар Ватан хоҳе бурун.

Фикри Роғунро макун дур аз сарат,

Дар раҳу дар хонаву дар дафтарат.

Эй бародар,ҳеҷ медонӣ ба мо,

Нури Роғун ҳаст лозим чун ҳаво.

Ҳар чӣ дар дунё, ки соҳибҷон шавад,

Лаҳзае монд аз ҳаво беҷон шавад.

Нури Роғун гар ҳаво бошад ҳаво,

Қадри ин неъмат зарур аст баҳри мо.

Нури Роғун чун ҳаво пурлаззат аст,

Аз Худованди Карим як неъмат аст.

Ҳар кӣ ин лаззат бидонад, оқил аст,

Ҳар кӣ ин неъмат надонад, ҷоҳил аст.

Шукр бар ин лаззати нуру ҳаво,

Ҷони мо аз ҳастии он дар сафо.

Шоҳи мо ин маъниро идрок кард,

Ибтидо Роғун ба қалби пок кард.

Дар вуҷудаш нури Раҳмон омада,

Ҳиммату эҳсон ба ҷавлон омада .

Дар Ватан дидӣ ба чашми ифтихор

Обро чун неъмати Парвардигор.

Шукри ин неъмат ба ҷо овард зуд,

Аз сафо лабрез гашт ӯро вуҷуд.

Баъди шукри об дар он нур дид,

Аз пайи он ганҷу лаълу дур(р) дид.

Аз сафову нур тобон қалби Шоҳ

Сӯйи Роғунаш Худо бикшод роҳ.

Он чӣ ҷустӣ, Шаҳ ба ақлаш ёфтӣ,

Бояд акнун рӯ ба сӯяш тофтӣ.

Он чӣ ҷустӣ, Шаҳ ба умқаш даррасид,

Вақт шуд, бояд ба қадри он расид.

Вақт аз зар қимат асту неъмат аст,

Қадри ин неъмат бидон, ки фурсат аст.

З- ин сабаб ҳаргиз набояд дер кард,

Дар раҳи некӣ чаро таъхир кард?

Неъмати амну сиҳат чун вофӣ аст,

Офият таъмин ба қадри кофӣ аст.

Инчунинҳо фаҳм карду пеш рафт,

Шаҳ ба Роғунаш ба фикри хеш рафт.

Нури Роғун нури Ҳаққу сояаш,

Инак акнун Шаҳ кунад якҷояаш.

Нури Ҳақ тобид Шаҳро дар вуҷуд,

Нури Ҳақро бар вуҷуди Шаҳ дуруд.

Медиҳад аз нури хуршеди Худо,

Сояи Ҳақ дастаи нуре ба мо.

Домани ин Соя маҳкам гир, пас,

Мерасӣ бар мақсади худ бо ҳавас.

Аз пайи ин Соя ояд офтоб,

Аз пайи ин Соя рав нуре биёб.

Эй бародар, тоҷикӣ бообу тоб,

Баҳри барпо кардани Роғун шитоб.

Рав ба ин раҳ аз пайи нуру сафо.

Бар саодат мебарад ин раҳ туро.

Тоату тақво нишони покӣ аст.

Ганҷ гирди хоксору хокӣ аст.

Хезу бар Роғун бирав баҳри Ватан,

Ганҷу нур афзун биёбӣ, ҷони ман.

З-оби Вахши нилии пур аз ҷило

Ҳар яке ёбед сад хумми сафо.

Вахш бошад пурдурахшу нурзо,

Кард ато ӯро Худо аз баҳри мо.

Сояи Ҳақ — марди Ҳақ ҳамройи мо,

Банди Роғун шав, бишав ҳампои мо.

Ҳамрайи Хуршед бошад Шоҳи мо,

Мекунад равшан ба нураш роҳи мо.

Гармии Хуршеду ҷазбаш дигар аст,

Шоҳи моро  азму ҷазмаш дигар аст.

Худгудозӣ мекунад аз баҳри халқ,

Сарфарозӣ мекунад аз баҳри халқ.

Роғуни мо олами дигар кунад,

Пурзару пурнуру пурахтар кунад.

Фаҳми тезаш сӯйи Роғун раҳ кушод.

Халқи тоҷикро расонад бар мурод.

Фазли Шоҳаншаҳ, инак, раҳбар шавад,

 Ин дарахти нур боровар шавад.

Аспи ҳиммат фатҳ созад марраро,

Нурборонаш кунад ин дарраро.

Бад биолояд агар ин хокро,

Нур бигдозад хасу хошокро.

Сояи Ҳақ — Шоҳи мо марди ҷасур,

Мебарад ин Соя моро сӯйи нур.

Худ, ки дарё буд, ба дарё рӯ  намуд,

Нури ақлаш нури Вахшашро фузуд.

Фаҳми дарёии ӯ фаҳм овард.

Бар ҳасадхорони мо ваҳм овард.

Кори некон чун ба некон суннат аст.

Дон, ки беиллат ҳамеша қимат аст.

Ҳам дар ин раҳ сад-дусад борикӣ аст,

Ин ҳама бори гарон бори кӣ аст?

Ин ҳама бар дӯши марди Пешво,

Ҷон ба каф гирад бисозад пеш во.

Кори Ҳақ бар зидди ҳар торикӣ аст,

Пеши Ҳақ фаррох сад борикӣ аст.

Дасту доманро бизан бар, эй падар,

Деҳ дуо аз баҳри Роғун бар писар,

Боумед ин банда бошад нек дон,

Ноумед иблис, рав Қуръон бихон.

Ҳар кӣ аз тадбири Шаҳ огаҳ бувад,

Рӯ ба Роғун бар саодат раҳ бувад.

Бар саодатҳои дунёи калон,

Аз саодатҳои мулки тоҷикон.

В-ин саодат фардро комил кунад,

Хомиву паркандагӣ ботил кунад.

Мешавад солеҳ зи файзаш ҷузъи мавҷ,

Кулли мардумҳои дунё фавҷ-фавҷ.

Бар ҳама созандагони қасри нур,

Мерасад подоши некӣ лаълу дур(р).

Бар ҳама созандагонаш тан ба тан.

Бар Ҳама бунёдкорони Ватан.

Оламе аҷру савобаш мерасад,

Аз ҳама бешаш ба Шоҳаш мерасад.

Боумед ин банда бошад нек дон,

Ноумед иблис, Қуръон боз хон.

Ҳар кӣ битвонам бигӯяд, дон кунад,

Ҳар чизе хоҳад ба як дам он кунад.

Мо ҳам инсону ба ҳам паймон кунем,

Метавонем ин кунему он кунем.

НОБ-и Роғун кӯҳи Роғунро кунем,

Боғу гулшан кӯҳу ҳомунро кунем.

Баъди ин осон шавад ҳар кори мо,

Пас зи Даштиҷум шавд гуфтори мо.

Зӯр гардад давлати пойдори мо,

НОБ-и Даштиҷум  ҷиҳоди кори мо.

Роҳи мардони Худо ҳақ асту рост,

Кори давлатдорҳошон ҳам ба пост.

Илми Шаҳ бар НОБ-и Роғун чира шуд,

Қалбу чашми нотавонбин тира шуд.

Илми Шаҳ бар НОБ-и  Роғун мерасад,

Бар ҳазорон хона мамнун мерасад.

Қалби соҳибхона равшан мекунад,

Фикри ӯро ҳамчу гулшан мекунад.

Фикри воло ваҳдату пайвастагист,

Халқи сарҷамъ аз балоҳо  растагист.

Нури поку нури зоту нури хок

Зулмату торикиро созад ҳалок .

Нури Роғун нури ғолиб мешавад,

Ғолибонро ҳар кӣ толиб мешавад.

Нури Ҳаққу нури ғолибро Худо

Бар сари тоҷик фишонад аз ҳаво.

Ҳар кӣ ҳамраҳ нест дар Роғун ба мо,

Аз нисори нур мемонад ҷудо.

Марди Роғунсоз меёбад сафо,

Нотавонбин дар сияҳсели ҷафо.

Кори мо кори ҳалолу пурсавоб,

Тозагӣ дар олам аз об асту об.

Аз ҳалолӣ мард меёбад камол,

Аз ҳаромӣ мулк меёбад завол.

Аз замини худ ба дасти худ агар

Хок гирӣ, лаълу дурр ояд ба дар.

Вахшро нурест дар қалбу бадан,

Ҳамчунон, ки нест дар дури  Адан.

Ҳар чиро, ки ту зи хоку оби худ

Нек дарёбӣ, бигирӣ тезу зуд.

Дасти худ аз баҳри чӣ созӣ дароз,

Сӯи мулки аҷнабии пурароз.

Пораи нонат ба заҳмат мехӯрӣ,

Дар ду олам лаззат аз он мебарӣ.

Нур дар ҷисму равони одамон.

Аз ҳалолиҳо ҳамегардад аён.

Нур зояд луқмаи кори ҳалол,

Нурофар аҳ намеёбад завол.

Ҳар кӣ гирад роҳи неку роҳи рост,

Ҳам Худо бо ӯву ҳам халқи Худост.

Ҳар кӣ ӯро дасту қалби пок ҳаст,

Дон, кӣ дар хидмат басе чолок ҳаст.

Шоҳи мо, к- ӯ аз миёни мардум аст,

Қути ӯ чун дигарон аз гандум аст.

Луқмаи ӯ луқмаи деҳқонӣ аст,

Подшоҳиш қисмати пешонӣ аст.

Тоҷикистонро ҳамингун сарвар сат,

Илми олиаш ба тоҷик раҳбар аст.

Ӯ, ки Роғунсоз шуд мо аз паяш,

Як бувад ӯро суханҳову раяш.

Нури Роғун — нури Ҳақ дорад ҷалӣ,

Дар ҷаноби ҳазрати Эмомалӣ.

Ҳар ҳасадхоре  варо сӯзад ҳасад,

Бар сафои НОБ-и мо кай ворасад.

Дон, ки охир мешавад зеру забар,

Маҳв гардад аз сафи аҳли башар.

Мавлавӣ он тоҷики донои дин,

Гуфт баҳри як ҳасадбозе чунин:

«Ҳар касе к-ӯ аз ҳасад бинӣ кунад,

Хешро бегушӯ бебинӣ кунад».

Хе, сухан кӯтаҳ бисозу соз гир,

Раҳ ба сӯйи Вахшу Роғун боз гир.

Пеш рав бар кори Ҳақ бо Сояаш,

Дарбиёбӣ ганҷи нуру мояаш,

Бо Шаҳи нурофари худ рав ба пеш,

Гирду ҷамъ овар ҳама ганҷи пареш.

Нурҳоро ҷамъ кун, ганҷур соз,

Тоҷиконро дар ҷаҳон машҳур соз.

Мо ҳама мардони меҳнатзодаем,

Бар дифои марзу бум омадаем.

Тоҷику ӯзбек, русу малдаван,

Украину армании ин Ватан.

Немису қирғиз, қазоқу гурҷӣ  ҳам,

Туркман бо озарӣ якҷо ба ҳам.

Мо, ки халқи Тоҷикистон ин ҳама

Зери як парчам бикарда замзама.

Халқи мо пайванди халқи олам аст,

Дар ғаму шодии дунё ҳамдам аст.

Давлати мо давлати нурофар аст,

Илму фарҳангаш ҷаҳонро афсар аст.

Бар тамаддун, бар ҷаҳон Фирдавсӣ дод,

Орифе чун Мавлавии Балхӣ дод.

Рӯдакӣ як шоири оламшумул

Тибби Сино дар ҳама олам қабул.

Ҳофизу Хайёму Берунӣ нигар,

Бӯҳанифа як ҳуқуқдони башар.

Халқи мо илми ҷаҳон таҳким кард,

Сад ҳазорон инчунин тақдим кард.

Ҳамчу як масъул, як садри  валӣ,

Сарвари мо муҳтарам Эмомалӣ.

Ин ҳазоронро чу насли Ориён,

Қадрдонӣ кард бар самти ҷаҳон.

Кард иҷро пеши онҳо қарзи худ,

Мустаҳабу воҷиботу фарзи худ.

Насли имрӯзинаро к-ӯ сарвар аст,

Пояи амну суботи кишвар аст.

Ӯ кафили рушди таърихии мост,

Ҳам ризои миллӣ аз илмаш бапост.

Давлатеро кард барпо баҳри мо,

Давлати ӯ бар мароми халқи мо.

Насли ҳозир – мо, ки узви давлатем,

Сулҳпарвар  мардуми боҳимматем.

Пеши мо ҳам ҳаст иҷро қарзи Шоҳ.

Мустаҳабу воҷиботу фарзи Шоҳ,

Боз хоҳад Шоҳи одил баъд аз ин,

Як чӣ монад бар ҳама насли пасин.

Дар шумори ваҳдати инсоният,

Меҳрубонӣ, дӯстдорӣ, офият.

Давлате маҳкам бимонад дар субот,

Пеш бошад дар ҳисоби иқтисод.

Давлати поянда бар ояндагон,

Азми он дорад бимонад баъд аз он.

Давлати боиҷтимову босубот,

То дар ин давлат шавад ширин ҳаёт.

То дар ин давлат ҳама шодикунон

Зиндагӣ созанд алайҳи нокасон.

Шоҳи моро дон, ки ин бошад ҳадаф:

Баҳри халқаш як ҳаёти бошараф.

З-ин сабаб аз баҳри насли баъди мо.

НОБ-и Роғунро бисозад раҳнамо.

Пеши халқу он ҳама ояндагон,

Шоҳи оқил Шоҳи мулки тоҷикон.

Фарзу қарзи худ ба ҷо меоварад,

Шаҳри нуре баҳри мо меофарад.

Пеши се наслаш ба иҷро қарзи Шоҳ,

Мустаҳабу воҷиботу фарзи Шоҳ.

Мешавад Роғун ба по дар мулки мо,

Нури он орад сафо дар мулки мо.

Оли Раҳмон поймарди Ориё,

Ҷовидон ёбад бақо дар мулки мо.

Ҳимматаш «бар пеш!» мегӯяд ба мо,

Мо намегардем аз ин раҳ аҳ қафо.

Мо намегардем аз ин раҳ аҳ қафо,

Хе, ба Роғун рав, паноҳат бар Худо!