Ҳикмати зиндагӣ

Оби наҷот

№24 (4607) 13.02.2023

3Фасли тобистони хушке ҳукм меронд. Дар чанд соли охир яке аз гармтарин рӯзҳоро аз сар мегузаронидем. Маҳсулот дар киштзорҳо хушкида, говҳо аз шир монда буданд. Не оби каналу ҷӯйборҳо ҷорӣ буду не аз чашмаҳо оби хунук меомад. Бисёре аз хоҷагиҳо дар гирду атроф муфлис шуданд. Ману шавҳарам бо заҳмати фаровон барои об додани киштзорамон кӯшиш мекардем. Пур кардани об аз чашмаи муштараки деҳаамон ва расондани он то ба киштзор осон набуд, вале мо ҳатто ба ин ҳам розӣ будем. Аммо ҳиссаи обе, ки ба мо мерасид, он қадар кам буд, ки киштзорамон хушк мешуд. Агар борон наборад, ҳама чизамонро аз даст медодем.

Яке аз он рӯзҳо шоҳиди муъҷизае шудам, ки қисмат кардани онро эҳсоси бузург медонам. Дар ошхона барои шавҳарам ва бародаронаш хӯроки нисфирӯзӣ омода мекардам, ки дидам писари шашсолаам Билли ба сӯи ҷангали воқеъ дар онсӯтари хонаамон равон аст. Чун ҳарвақта бепарвоёна ва паридаву ҷаҳида, ки хоси кӯдакон аст, роҳ намерафт. Ман танҳо пушташро медидам. Ӯ тавре рафтор мекард, ки мегуфтӣ дар пайи иҷрои кори ҷиддиест. Ҳини роҳ рафтан чунон ба назар мерасид, ки барои анҷоми он кор ҳама чизи аз дасташмеомадаро мекунад. Чанд дақиқа пас аз нопадид шуданаш дар байни дарахтон дав-давон ба самти хона баргашт. Ман ба кори ошпазӣ баргаштам. Аз як тараф фикр мекардам, ки писарам ҳар коре дошта бошад, ба анҷом расонидааст.

Лек як-ду дақиқа баъд ӯро боз дар ҳамон ғояти эҳтиёткорӣ ва ҷиддият дидам, ки ба сӯи ҷангал мерафт. Ин рафту баргашт, яъне бодиққат ба сӯи дарахтзор рафтан ва давида ба ҷониби хона баргаштани писарам бештар аз як соат идома кард. Кунҷковиам боло гирифту ноаён аз хона баромада ӯро назора кардам. Кӯшиш кардам, ки маро набинад. Азбаски фикр мекардам кори муҳиме мекунад, ба ӯ халал расониданам дуруст набуд.

Писарам дар кафи дастонаш об гирифта, ба сӯи ҷангал мерафт. Сахт эҳтиёт мекард, то ки об аз кафаш нарезад. Кафи дастони кӯчакаш базӯр ду-се қошуқ об мебурд. Вақте ки ӯ ба тарафи ҷангал равон буд, оҳиста наздиктар рафтам. Шохаҳои дарахтон ва хори буттаҳо рӯю баданашро мехарошиданд, вале ӯ аҳамият намедод. Тавре рафтор мекард, ки кори муҳимтаре дорад. Вақте ки хостам ӯро аз наздиктар бубинам, ба ҳайратовартарин манзараи ҳаётам рӯ ба рӯ гаштам.

Якчанд гавазни калон назди писарам ба замин нишаста буданд. Билли рост ба тарафи онҳо равон шуд. Барои ӯро аз он ҷо дур кардан қариб буд фарёд бизанам. Як гавазни калонҷусса бо шохҳои бузург ба таври хатарноке наз­дик истода буд. Аммо гавазн ӯро озор надод, ҳатто вақте ки Билли ба замин хам шуд, гавазн ҳаракат накард.

Баъд дидам, ки бачаи навзоди гавазн рӯи замин дароз кашидааст. Маълум, ки оби бисёре аз даст дода, нороҳат шудааст ва аз шиддати гармӣ бетоб гаштааст. Он гавазнбача бо талоши зиёд сарашро бардошт ва оби дасти писарамро нӯшид.

Об ки тамом шуд, писарам ҷаҳида аз ҷой хест ва дав-давон ба сӯи хона рафт. Ман пушти дарахте пинҳон шудам ва баъд то ба хона аз паяш рафтам. Дар пушти хонаи мо ҷумаки об ҳаст, вале истифодааш намебарем, зеро аз он об намеояд. Писарам ба назди он рафта, дастакашро то ба охир тоб дод. Аз он қат­ра-қатра об чакид. Дасташро зери он қатраҳо дошт, то ки об ҷамъ шавад. Дидам, ки нури сӯзони офтоб ба пушташ асар мекунад.

Ӯ як ҳафта пеш барои бозӣ карданаш бо шланги об ҷазо гирифта, дар бораи исроф накардани об лексияи тундеро ҳам шунида буд. Гумон мекунам, аз ҳамин сабаб барои ҳалли масъала ба назди ман наомад.

Тақрибан бист дақиқа вақт лозим шуд, то ки он чакраҳо дар кафаш ҷамъ шаванд. Акнун аз ҷой бархоста, ба тарафи ҷангал равон шуданӣ буд, ки дар рӯ ба рӯяш маро дид. Дар чашмони кӯчакаш донаҳои ашк ҳалқа зада, гуфт: «Исроф намекунам!».

Вақте ки боз ба ҷангал мерафт, ман низ ҳамроҳаш будам. Ин дафъа Билли дар дасташ як кружкаи хурди обгирӣ дошт. Иҷозат додам, ки онро ба бачаи гавазн дароз кунад. Худам канортар истодам, охир ин кори вай буд, бояд дахл накунам.

Ман дар даромадгоҳи ҷангал чӣ гуна кор кардани як дили зеборо барои наҷоти ҷоне тамошо кардам. Ашк аз чашмонам ҷорӣ шуда, ба замин мерехт. Ногаҳон қатраҳои дигаре аз пасашон омад, омаданашон сахттар шуд, бештар шуд. Ин қатраҳо аз ман не, аз чеҳраи осмон мерехтанд. Гӯё аз чашми осмон ашки раҳму шафқат меборид.

Он рӯз писараки хурдсоле бо шафқаташ ҷонеро наҷот дод. Раҳмати аз осмон борида истода бошад, ҳам киштзори моро, ҳам киштзорҳои дигаронро ва ҳам садҳо ҷонеро, ки дар ҷангал зиндагӣ доштанд, наҷот бахшид.

Тарҷумаи Маҳмудҷон УСМОНОВ,

«Садои мардум»