Парчамро бояд муқаддас донем

№7 (4269) 19.01.2021

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ буда, дар замони Истиқлолияти давлатӣ қабул шудааст ва мамлакатро ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Он дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти милливу давлатӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба он бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад. Хусусан, дар дили насли наврас – созандагони фардои кишвар ҷой додани меҳру муҳаббат ба Парчам муҳим аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон аст, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида, ҳар сол он рӯз бо шукуҳу тантана таҷлил мегардад. Ливои давлатӣ ҳамчун рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю  сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

 Парчам ҳамчун рамзи давлату миллат аз давраҳои қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ  медод. Онро парчамбардорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони мағлубият ба ҳисоб мерафт.

Хуш аст, ки ҳоло барои насли ҷавони миллат Парчами давлатӣ мояи ифтихор буда, дар ҷашнҳо  онро болои сар мебардоранд, бо он ба майдонҳои сабқатҳои варзишӣ ворид мегарданд. Ифтихор бо Парчами давлатӣ бояд бештар бошад ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳама Ватанро самимона дӯст доранд ва Парчами давлату миллатро муқаддас шуморанд.

Зайнал Ҳокимова,

омӯзгори МТМУ №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе